Аммо ба қавли ӯ, бо кушодани гӯрҳои бидуни ҷасад онҳо ба хулосае расидаанд, ки инҳо гӯрҳои поси хотири онҳоеанд, ки дар роҳи ҳифзи сарзамин шаҳид шудаанд.
Қабрҳо барои муҳофизони ватан?
Ҷаноби Хоҷаев мегӯяд, пас аз ҷустуҷӯи зиёди сарчашмаҳои таърихӣ бар он мӯътақид шуданд, ки дар қасри шоҳони Ҳулбук ба поси хотири шаҳидони муборизи роҳи ҳифзи сарзамин чунин қабрҳо гузошта мешудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин амалро шоҳони Ҳулбук ба хотири рӯҳбаландии ҳарбиён анҷом медодаанд.
"Эҳтимол шумораи чунин гӯрҳо зиёд бошад, вале мо танҳо дар дохили бинои қаср 5 тои онро дарёфт кардем. Аз рӯи тахминҳои бостоншиносӣ ин гӯрҳо, ки бо хишти пухта бунёд ёфтаанд, ба асрҳо 8-9-и мелодӣ таалуқ доранд",-изҳор дошт Хоҷаев.
Ҷаноби Хоҷаев мӯътақид аст, ки маҳз бо роҳҳои гуногун рӯҳбаландии сарбозон буд, ки шоҳони Ҳулбук дар муқобили муқтадиртарин душман истодагарӣ менамуданд.
Ёдгориҳои Ҳулбук
Ҳулбук маркази махмурии давлати Ҳайтолиён буд, ки аз Бадахшони Афғонистон то Тирмизи Узбакистони имрӯз масоҳат дошт. Қасри шоҳони Ҳулбук бар асари ҳамлаи аҷнабиён дар садаи 11-и мелодӣ пурра хароб карда мешавад.
Дар харобаҳои ин қаср аз солҳои 30-уми асри гузашта ҷустҷӯҳои бостоншиносӣ сурат гирифтааст. Даҳҳо номгӯи нодиртарин ёдгориҳои ин қаср замони шӯравӣ ба осорхонаи Санкт-Петербурги Русия интиқол шуда, то ҳанӯз аз он ҷо бозпас гардонида нашудаанд. Ҳарчанд, масъулон хостори баргардонии онҳо шуда буданд.
Аксҳо аз рӯзгори қасри Шоҳони Ҳулбукро дар нигористон бубинед.