Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба идомаи шаҳраксозиҳои Исроил


Сарони кишварҳои ҷаҳон аз саркашии Исроил ҷиҳати тамдиди мораторияи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар каламрави ишғолии Фаластин изҳори таассуф карданд. Ин вокунишҳо дар пайи аз сар гирифтани бунёди манзилҳо дар каронаи бохтарии рӯди Урдун баъд аз даҳ моҳи танаффус садо додаанд.

Моратория бунёди шаҳракҳо нимашаби дирӯз ба поён расид.

Шаҳраксозӣ ҷараёни сулҳро халалдор менамояд

Сарони кишварҳои Аврупо аз тасмими Исроил изҳорӣ нигаронӣ карда ҳушдор доданд, ки имкон дорад он ба гуфтушунидҳои сулҳи Ховари Миёна, ки дар авалҳои моҳи ҷорӣ баъд аз таннаффуси 20 моҳа аз сар гирифта шуда буд, халал ворид намояд.

Никола Саркозӣ, раиси ҷумхури Фаронса, ки дирӯз сарвари Фаластинро ба хузур пазируфт, дар ин бора гуфт:

“Табиист мо мутаассифем, ки даъватҳои якдилонаи мо барои тамдиди мораторияи бунёди шаҳракҳо аз ҷониби Исроил пазируфта нашуд. Ман хеле афсурдаам”.

Саркозӣ афзуд, ки барои тазмини идомаи гуфтушунидҳо, таваққуфи бунёди манзилҳо бояд тамдид мешуд.

Бан Ки Мун, дабири кулли СММ бо изҳори нигаронӣ иқдоми Исроилро таҳрикдиҳанда унвон кард.

Аҳмад Довудоғлу, вазири корҳои хориҷаи Туркия гуфт, ин амали Исроил баёнгари хостори сулҳ будани Исроил нест.

Амрико аз "хештардорӣ"-и ҳукумати Маҳмуд Аббос ситоиш намуд

Ин дар ҳолест, ки Филип Кроулй, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико аз “хештандорӣ”-и ҳукумати Маҳмуд Аббос ситоиш намуд.

“Мо аз ҳарду ҷониб даъват намудем, ки аз ин ба баьд гомҳои бунёдкорона бардоранд ва намоиши худдорӣ дар ин замон боиси қадрдонӣ аст.”

Маҳмуд Аббос, ки бо як сафари расмӣ дар Порис ба сар мебарад, эълом намуд ки танҳо баъд аз машварат бо музокиракунандагони фаластинӣ дар Ромаллоҳ рӯзи 29-уми сентябр ва Анҷумани кишварҳои арабӣ дар Қоҳира дар таърихи 4-уми октябр дар бораи имкони идомаи музокироти сулҳ тасмим хоҳад гирифт.

“Мо фикр мекунем, ки ниятҳои хубе ва рағбат ба сулҳ вуҷуд доранд. Мо фикр мекунем, ки ҳама сулҳро мехоҳанд ва гумон дорем, ки ҳама барои истиқрори сулҳ талош мекунанд. Аммо дар ҳоле, ки имкониятҳо мавчуданд, монеъаҳо ҳам ба амал меоянд, ки бар асари онхо ин ё он бахш халалдор мешавад. Вале мо қатъан сарсупурдаи идомаи ин равандем, зеро дар сиёсати Амрико тағйиротро мушоҳида мекунем.”

Баъд аз ишғоли каронаи рӯди Урдун ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ аз ҷониби Исроил дар соли 1967, дар беш аз 100 шаҳрак такрибан ним миллион яҳудӣ зиндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG