Мардум мегӯянд, «номи одам нисфи тақдиру сарнашвишти ӯст». Падар бо умед ба ӯ Ҷамшед ном гузошт, ки мисли шоҳ Ҷамшеди таърихӣ тануманду паҳлавон, сарвару саркарда бошад. Вале ном натавонист сарнавишти қаҳрамони матлаби моро дигар кунад.
Ҷамшед ҳануз дар айёми наврасӣ дар пайи бемории зуком маюб шуда ва бе кумаки пайвандон наметавонад аз бистар баланд шавад. Беморӣ агарчӣ умрбод Ҷамшедро рӯйи бистар афканд, вале иродаву ишқ ва бовариро аз ӯ гирифта натавонист. Ӯ менависад:
Тандурустӣ чи наку неъмати даргоҳи Худост,
Қиматаш дон ту,ки ин кони гуҳар нопайдост.
Аз Худованд,ки мо бандаи ӯем ҳама,
Ҷуз таманнои сиҳатмандӣ,дигар ҷумла хатост
Шеър – ягона муниси Ҷамшед
Шабҳои бехобӣ дарди каломи мавзун ва дамидани субҳ - инҳоянд шоҳидони ҳолу аҳволи Ҷамшед. Ягона мунису ҳамрози Ҷашед хома асту шеър, коғази сафед аст, ки поку покиза зери хомаи ӯ уфтодаву аҳсангӯён ба истеъдоди баланди вай аз зери хома берун меояд.
Шеъри Ҷамшед суфтаву равон ва шевову дилрас аст. Ӯ соли 2006 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудаву шаш китоби шеър таълиф намудаву чоп кардааст. Ба тозагӣ китоби нави худро бо номи зебои «Ҷоми хушгувор» ба дасти ҳаводорони каломаш супурд.
Эй дил, эй дил, караму дод муборак бошад,
Хуни гарму сари озод муборак бошад.
Бе ҳаросе сухани ҳақ ба забон меорӣ,
қалам аз навдаи шамшод муборак бошад.
Бо назари камамам мабин, гарчӣ заифу хастаам,
Пардаи осмон дарад ин дили паршикастаам,
Баҳри нишоти зандагӣ ман ба ҷасорату хамуш,
Қолаби тан шикаставу з-олами дида растаам.
Дар меҳмонии Ҷамшед
Чизе, ки ҳангоми дар меҳмонии ӯ будан сахт мутаасирам карду оби дидаамро равон кард, ҳамон буд, ки вақте Ҷамшед мехост китобашро гирифтаву ба ман диҳад, дастони дармандаш мадор накарданд ва китоб уфтод. Чи таззоде, бори маъние ки Ҷамшед дар китоби худ ҷой додааст, дасту бозуи ҷамшедӣ лозим буд, ки онро бардорад, вале сад афсус, ки чунин нест.
Ҷамшед низ зодаи обу хоки диёри шоирхези водии Зарафшон аст, яъне ҳамдиёри ғазалсароёни шуҳратёр Туғралу Лоиқ аст ва онҳое, ки бо шеъри Ҷамшед ошноӣ доранд, дар ғазалсароӣ ва сабки тозаву андешаи солим ӯро дар радифи Ҳилоливу Туғралу Лоиқ мегузоранд. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки Ҷамшед ҳамагӣ 30 сол умр дорад ва дар тӯли ин фурсати кам 6 китоби шеър ба табъ расонидааст, ки инҳоянд: «Ҷоми ашки Ҷамшед» «Ҷоми суҳан», «Сузу соз», Аҳмадзоҳирнома» «Деваштич» «Нишоти ғам ва «Ҷоми хушгувор».