Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, буҷаи соли оянда назар ба буҷаи имсол тақрибан 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ зиёд аст ва тақрибан 50 дарсади хароҷоти буҷа ба арсаҳои иҷтимоӣ рабт дорад.
Муаллифони тарҳи буҷаи давлатӣ барои соли оянда мизони таваррум ва ё беқурбшавии сомонӣ - арзи миллии Тоҷикистон дар соли ояндаро 9 дарсад пешбинӣ кардаанд. Мутобиқи ин санад, маҷмўи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2011 дар ҳаҷми 30,2 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ ба андозаи 6,5%, дараҷаи таваррум - 9% ва индекси дефлятор - 12% пешбинӣ шудааст.
“Буҷаи иҷтимоӣ”
Аммо масъулони вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, буҷаи соли оянда дар муқоиса ба соли ҷорӣ ва ҳамин тавр чанд соли ахир тафовути чандоне надорад. Ба гуфтаи Аламхон Наимӣ, муовини сардори раёсати буҷаи Вазорати молия, таваҷҷӯҳи асосӣ боз ҳам ба бахши иҷтимоӣ-иқтисодӣ дода шудааст:
«Буҷаи соли оянда ҳарактери иҷтимоӣ дорад ва ҳаҷми маблағҳо барои соҳаҳои иҷтимоӣ 4,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад ва нисбат ба соли ҷорӣ 947 миллион сомонӣ аст, ё беш аз 30 дарсад афзоиш ёфтааст. Ин тамомии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро дар бар мегирад. Таваҷҷӯҳ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз паёми раисиҷумҳур дар бораи афзалият додан ба соҳаҳои иҷтимоӣ аст ва ҳар сол беш аз 50 дарсад ва ё тақрибан ҳамин миқдор аз хароҷоти буҷаи кишвар ба соҳаи иҷтимоӣ равона карда мешавад. Мардумӣ карда гӯем, дастгирии табақаи камбизоати аҳолӣ ё ниёзманди аҳолии Тоҷикистон ҳамеша дар мадди назари давлат қарор дорад».
Давлати Тоҷикистон дар чанд соли ахир дар пайи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва иқтисодӣ маблағҳои бештареро ба соҳаҳои иҷтимоӣ тахсис дод ва мақомот низ бештар аз ин санад ба унвони буҷаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ном мебаранд ва талош мешавад, то аз ин тариқ вазъи табақаи камбизоати аҳолӣ ва ниёзманд беҳбуд ёбад.
Аммо таҳлилҳо нишон медиҳад, ки соҳаҳои иҷтимоиёти кишвар, назири маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ба ҷуз бунёду сохтмон ва тармими шуморе аз мактабҳо ва марказҳои беҳдоштӣ ва дар бештари маворид бо сармояи хориҷӣ, ин бахш рушди чандоне надорад ва мардумро низ хадамоти ин арса қонеъ намесозад.
Аламхон Наимӣ, муовини сардори раёсати буҷаи вазорати молия, дар ин робита мегӯяд, «албатта ҳар сол кӯшиш мешавад то ниёзи соҳаҳои иҷтимоӣ бароварда шавад, аммо бо вуҷуди афзоиши маблағҳо ҳанӯз барои ба ин ҳадаф расидан вақт аст. Сабабҳои он зиёд аст ва яке аз сабабҳои асосӣ зиёд шудани шумораи бекорон дар кишвар мебошад. Афзудани шумораи аҳолӣ низ аз дигар сабабҳои ин амр маҳсуб меёбад».
Аммо Давлати Усмон, иқтисоддони тоҷик бар ин бовар аст, ки бо вуҷуди он, ки маблағҳои зиёде аз буҷа барои соҳаҳои иҷтимоиёт ҷудо карда мешавад, аммо афзоиши сатҳи таваррум ё беқурбшавии пули сомонӣ намегузорад то ин арса рушд ёбад:
«Системаи маориф, тандурустӣ ва ҳатто ҳифзи иҷтимоӣ хадамоте доранд ва ҳамаи таҷҳизот ва мавод, назири мошин, воситаи таълимӣ ё масолеҳи сохтмонӣ барои мактабу беморхонаҳо ва ҳатто маоши кормандони ин соҳа аз сабаби он, ки нархҳо боло меравад, яъне беқурбшавии пул афзоиш меёбад, 30 дарсад афзоиш ёфтани маблағҳо барои соҳаи иҷтимоӣ таъсире ба рушди ин арса намерасонад».
Мизони воқеии таваррум
Ба таъкиди ҷаноби Усмон мизони воқеии таваррум ё беқурбшавии пули миллӣ дар Тоҷикистон 12 то 20 дарсадро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки дар лоиҳаи соли 2011 сатҳи таваррум 9 дарсад пешбинӣ шудааст.
Дар ҳар сурат бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки бо вуҷуди афзоиши ёфтани маблағҳои буҷа барои соҳаҳои иҷтимоӣ давлат дар асл таваҷҷӯҳи асосиро ба иҷрои тарҳҳои муҳими иқтисодӣ нигаронидааст, то тавонад аз роҳи амалӣ кардани ин лоиҳаҳо дар оянда сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардуми кишварро тавсеа бахшад.
Сафари Абдуаҳад, коршиноси тоҷик, мегӯяд, «дуруст аст, ки ҳар сол маблағҳо ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш меёбад ва ин ҷои баҳс нест. Аммо бо ин ҳам ин маблағҳо кифоят намекунад. Давлат дар канори таваҷҷӯҳ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, талош мекунад иншоотҳои муҳим, назири нерӯгоҳҳо, роҳҳо ва дигар тарҳҳои стратегӣ мавриди иҷро қарор бигиранд. Дар сурати роҳандозии ин иншоотҳо вазъи ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоии кишвар ва мардум беҳтар хоҳад шуд».
Фасод – садде дар роҳи рушд
Аз сӯи дигар бархе аз соҳибназарон густариши фасод дар соҳаҳои иҷтимоӣ, назири маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро монеи рушд ва тавсеаи қобили мулоҳизаи ин арсаҳо медонанд. Зеро гузоришҳои расмӣ ҳокист, ки мавориди ба сирқат бурда шудани маболиғи буҷа дар соҳаҳои мухталиф, аз он ҷумла дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ низ ба мушоҳида расидааст.
Маҳз парлумони Тоҷикистон охири соли гузашта дар як ҷаласа масъалаи ғайриқонунӣ масраф шудани маблағҳои зиёди буҷаи ин кишвар дар 9 моҳи ҳамон солро ба баррасӣ кашид ва бино ба гузориши масъулони кумитаи буҷаи порлумон, наздик ба 60 миллион сомонӣ маблағи буҷа дар ин муддат ғайриқонунӣ масраф шудааст.
Аммо дар ҳоле, ки соҳаи маориф бар асоси маблағҳои буҷа фаъолият мекунад, ахиран эълом шуд, ки мактабҳои ин кишвар то соли 2017 ба низоми нави таҳсил, он ҳам таҳсили 12 сола мегузарад ва дар он сурат шумори хонандагон ба беш аз 2 миллион хоҳад расид. Мақомоти давлат низ мегӯянд, ниёз ба таъсиси зиёда аз 12 ҳазор синфхонаи нав пеш хоҳад омад.
Дар ин сурат ҳатман кумаки мардум, яъне падару модарони хонандагон ва соҳибкорон барои бароварда кардани мушкилоти соҳа як амри зарурӣ хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки ба таври ғайрирасмӣ ҳам бошад, ҳоло дар мактабҳо аз хонандагон барои ҳаққи таҳсил, китобу ашёи мактабӣ ва таъмиру дигар хадамот пул ситонида мешавад. Ба истилоҳи дигар, мавориди ришва дар соҳаи иҷтимоӣ низ густариши чашмгире пайдо карда ва ин вазъ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низ ба мушоҳида мерасад.
Кор ба ҷое расидааст, ки ҳатто гурӯҳе аз нафақагирон дар Тоҷикистон, ки дар мамӯъ беш аз 500 ҳазор нафар ва аксари онҳо ҳуқуқи ночизе мегиранд, наметавонанд нафақаи моҳонаи худро сари вақт бигиранд.
Тибқи гузоришҳои расмӣ, мизони қарздорӣ аз маоши нафақагирон ба миллионҳо сомонӣ мераасад ва танҳо дар ҷануби Тоҷикистон ин рақам дар соли ҷорӣ беш аз 1,5 миллион долларро ташкил додааст.
Муаллифони тарҳи буҷаи давлатӣ барои соли оянда мизони таваррум ва ё беқурбшавии сомонӣ - арзи миллии Тоҷикистон дар соли ояндаро 9 дарсад пешбинӣ кардаанд. Мутобиқи ин санад, маҷмўи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2011 дар ҳаҷми 30,2 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ ба андозаи 6,5%, дараҷаи таваррум - 9% ва индекси дефлятор - 12% пешбинӣ шудааст.
“Буҷаи иҷтимоӣ”
Аммо масъулони вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, буҷаи соли оянда дар муқоиса ба соли ҷорӣ ва ҳамин тавр чанд соли ахир тафовути чандоне надорад. Ба гуфтаи Аламхон Наимӣ, муовини сардори раёсати буҷаи Вазорати молия, таваҷҷӯҳи асосӣ боз ҳам ба бахши иҷтимоӣ-иқтисодӣ дода шудааст:
«Буҷаи соли оянда ҳарактери иҷтимоӣ дорад ва ҳаҷми маблағҳо барои соҳаҳои иҷтимоӣ 4,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад ва нисбат ба соли ҷорӣ 947 миллион сомонӣ аст, ё беш аз 30 дарсад афзоиш ёфтааст. Ин тамомии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро дар бар мегирад. Таваҷҷӯҳ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз паёми раисиҷумҳур дар бораи афзалият додан ба соҳаҳои иҷтимоӣ аст ва ҳар сол беш аз 50 дарсад ва ё тақрибан ҳамин миқдор аз хароҷоти буҷаи кишвар ба соҳаи иҷтимоӣ равона карда мешавад. Мардумӣ карда гӯем, дастгирии табақаи камбизоати аҳолӣ ё ниёзманди аҳолии Тоҷикистон ҳамеша дар мадди назари давлат қарор дорад».
Давлати Тоҷикистон дар чанд соли ахир дар пайи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва иқтисодӣ маблағҳои бештареро ба соҳаҳои иҷтимоӣ тахсис дод ва мақомот низ бештар аз ин санад ба унвони буҷаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ном мебаранд ва талош мешавад, то аз ин тариқ вазъи табақаи камбизоати аҳолӣ ва ниёзманд беҳбуд ёбад.
Давлат Усмон,иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, мизони воқеии таваррум дар кишвар ба маротиб болотар аз омори расмист
Номуассирии хароҷоти буҷаАммо таҳлилҳо нишон медиҳад, ки соҳаҳои иҷтимоиёти кишвар, назири маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ба ҷуз бунёду сохтмон ва тармими шуморе аз мактабҳо ва марказҳои беҳдоштӣ ва дар бештари маворид бо сармояи хориҷӣ, ин бахш рушди чандоне надорад ва мардумро низ хадамоти ин арса қонеъ намесозад.