Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Кумитаи амният дар вилояти Суғд


Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд зимни баёнияе аз омили ҳамлаи рӯзи панҷуми сентябр ба раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи дар Хуҷанд ном бурда, масъулияти ин ҳамлаи интиҳориро бар дӯши Ҳаракати исломии Узбакистон гузоштааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар як номаи электронӣ дар Интернет масъулияти ҳамларо як гурӯҳи то ҳол номаълуми «Ҷамоати Ансоруллоҳ» бар дӯши худ гирифта буд.

Аммо бархе аз мақомот аз даст доштани сокини ноҳияи Исфара дар пайи ниқоргирӣ барои марги фарзандаш дар боздоштгоҳи шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд суҳбат мекарданд.

Ҳамчунин, вазорати дохилаи Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали баъди таркиш фарзияе пешниҳод карда буд, нахустин таркиши худкушӣ дар Тоҷикистон кори дасти нафароне мебошад, ки дар куштори Ҳомидҷон Каримов – раиси бозори шаҳри Исфара даст доранд.

Вале биноба маълумоти баёнияи раёсати мазкур, субҳи рӯзи 3 -юми сентябр Акмал Каримов, зодаи шаҳри Истаравшан ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд бо автомобили ГАЗ – 2104, ки маводи тарканда дошт, ба саҳни бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона дар шаҳри Хуҷанд ворид гашта, худро метарконад.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар ин амали террористӣ бо вай бародараш – Фирдавс Каримов ва «дигар ҳаммаслаконаш аз Ҳаракати исломии Узбакистон» ҳамдастӣ доштанд.

Дар бораи шахсияти ҳамлавари интиҳорӣ омадааст, ки Акмал Каримов ҳамроҳи баробари дигараш – Илёс дар соли 2009 баъд аз ба гарав гирифтани писари яке аз соҳибкорони Хуҷанд, соҳиби тарабхонаи «Дӯстӣ - Амирхон» ба хотири рӯёнидани маблағи калон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иттиҳоми одамрабоӣ таҳти пайгард қарор доштанд.

Раёсати кумитаи амнияти Суғд мегӯяд, онҳо ба давлати Афғонистон фирор карда, то ин муддат дар урдугоҳҳои террористӣ таълим мегирифтанд.

Вале дар баёнияи мазкур аз боздоштшудагон ба хотири пинҳон доштани сирри тафтишотӣ ном бурда нашудааст.

Аммо ба гуфтаи бархе аз мақомот, яке аз боздоштшудаҳо Фирдавс Каримов, бародари ҳамлавари интиҳорӣ мебошад, ки телевизиони давлатии Тоҷикистон ахиран боздошт ва суханронии ӯро ба намоиш гузошта буд.

Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, додситонии вилоятӣ нисбат ба дастгиршудагон мутобиқи банди 179 – «терроризм» ва банди 104 – «одамкушӣ» - и Асноди ҷиноӣ парванда боз кардааст ва тафтишоти онро мақомоти амниятӣ пеш мебарад.
XS
SM
MD
LG