Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи порлумонии Қирғизистон баргузор шуд


Мақомоти интихоботии Қирғизистон мегӯяд, 43 дарсади интихобкунандагон дар раъйдиҳии рӯзи 10-уми октябр ширкат карданд. Ин интихобот қарор аст, низоми идории ин кишварро ба фарқ аз низомҳои президентии Осиёи Миёна, ба низоми порлумонӣ табдил диҳад.

Роза Отунбоева гуфт, ин интихобот роҳ ба сӯи бунёди низоми парлумонист, ки эҳтимоли тамаркузи ҳукумат дар дасти як нафар ва ё як кланро аз байн хоҳад бурд. Ба гуфтаи ӯ, мардуми Қирғизистон шоҳиди пайомадҳои нохуши низоми президентист ва дигар чунин сохтори ҳукуматро намехоҳад.



Ширкати фаъоли раъйдиҳандагон

Зимни боздид аз чанд ҳавзаи интихоботии шаҳри Бишкек маълум шуд, ки сокинони он ба натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ бетафовут нестанд. Аксарияти ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ки тарафдори барқарории субот дар кишварашон ҳастанд. Ба ақидаи онҳо, натиҷаҳои мусбати интихоботи 10 октябр пеш аз ҳама барои ҳукумати Роза Отунбоева ва демократия роҳи васеъ хоҳад кушод.

Гуфта мешавад, ки дар бархе аз ҳавзаҳои инихоботӣ ба далели ширкати зиёди раъйдиҳандагон қуттиҳои баргапартоӣ пур шудааст. Ҳайати комиссияҳои ин ҳавзаҳо маҷбур шудаанд, ки баргаҳои ба қутиҳо андохтаро то вақти шумори он ба қуттиҳои дигар холӣ кунанд ва қуттиҳои шаффофро дубора дар ихтиёри овоздиҳандагон бигзоранд.

Қонуншиканиҳои ҷузъӣ

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар ҳавзаҳои раъйдиҳии манотиқи ин кишвар ягон қонуншиканиҳои ҷиддиро мушоҳида накардаанд ва фақат соати 8-и субҳ боз нашудани чанд ҳавзаи интихоботӣ боиси нигаронии онҳо шудааст.

Валихон Қайсаров, собиқ номзад ба мақоми президентии Қазоқистон ва яке аз нозирони байналмилалӣ, мегӯяд, баъди мушоҳидаи раванди овоздиҳӣ итминон ҳосил кард, ки қирғизҳо дар таъсиси ҳукумати худ соҳибихтиёр ҳастанд. Ба гуфтаи Валихон Қайсаров ҳукумати муваққат ва президент Роза Отунбоева дар фикри он нестанд, ки ба раванди интихоботи имрӯза ягон таъсир расонанд.

Дар баъзе ҳавзаҳои интихоботӣ вуқӯи баъзе қонуншиканиҳои хурду реза сурат гирифтаанд, вале гуфта мешавад, ки ин қонуншиканиҳо ба натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ ягон таъсири манфӣ нахоҳад гузошт.

Аммо эътилофи «Барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ», мақараш дар Бишкек мегӯяд, тибқи мушоҳидаи нозирони он 99 дарсади ҳавзаҳои раъйдиҳӣ дар вақти муайяншуда дарҳои худро ба раъйдиҳандагон боз намуданд.

Интихоботи сарнавиштсоз


29 ҳизби сиёсӣ барои 120 курсии парлумони Қирғизистон вориди сабқат шудаанд ва ҳукумати ояндаи ин кишварро ҳизби пирӯз ё эътилофи аксарият ташкил хоҳад дод. Қирғизистон нахустин кишвари дорои низоми парлумонӣ на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар паҳнои собиқ Шӯравӣ хоҳад буд. Аз ин рӯ таҳлилгарон ин интихоботро барои тамоми минтақа муҳим унвон мекунанд.

Мақомоти Бишкек қаблан эълом карданд, ки барои баргузории интихоботи шаффоф ва озоди парлумонӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Раванди интихобот аз сӯи 850 нозир аз даҳҳо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ назорат мешавад.

Имтиҳони сангин

Аз нигоҳи коршиносон, раъйдиҳии рӯзи 10 октябр охирин имтиҳони ҷиддӣ барои ҳукумати раисиҷумҳур Роза Отунбоева хоҳад шуд, ки баъд аз ҳаводиси хунини баҳори соли равон ва аз мақом барканор шудани раисиҷумҳури пешин Қурмонбек Боқиев сари қудрат омад.

Ваколатҳои ин парлумон баъд аз ҳамапурсии моҳи июн ва аз низоми президентӣ ба низоми парлумонӣ гузаштани кишвар густариш ёфтааст.

Роза Отунбоева, раисиҷумҳури Қирғизистон, рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон дар Бишкек гуфт, ки “бо вуҷуди овозаҳо ва шакку шубҳаҳо интихобот баргузор хоҳад шуд. Мо ба ин маърака муддати тулонӣ омодагӣ гирифтем ва кори зиёдеро анҷом додем, Барои раъйдиҳӣ ҳама чиз омода аст ва мо омодаем, ки бо ҳама гуна мушкилот руёрӯӣ кунем.”

Қанот Савдобоев, раиси САҲА, интихоботи парлумонии Қирғизистонро калиде ба ояндаи ин кишвар хонд
«Калиде ба оянда»


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтааст, интихоботи порлумонии Қирғизистон рӯзи якшанбе калиде ба ояндаи ин кишвар хоҳад шуд.

Раиси ин созмон, вазири умури хориҷии Қазоқистон, Қанот Савдобоев гуфт, "интихобот барои ояндаи ин кишвар сарнавиштсоз хоҳад буд ва барои ғолибонаш вазифаҳои сангине дар пеш хоҳад дошт." Вай аз сарони Қирғизистон даъват кард, раъйдиҳии демократиеро тазмин кунанд, ки баёнгари иродаи мардуми ин кишвар бошад.

Хатари низоъҳои қавмӣ

Дар ҳамин ҳол хатари дубора сар задани хушунату низоъ дар Қирғизистон боқӣ мемонад. Ин ҳафта издиҳоми мардуми бахашмомада ба дафтари ҳизби миллатгарои “Ота-Юрт” дар Бишкек ҳамла карда ҳама варақаҳои таблиғотии ин ҳизбро ба коми оташ андохт.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, чанд ҳизбе, ки дар барканории Боқиев аз мақом саҳм доштанд, яъне ҳизби “Ота-Макон”-и раиси пешини парлумон Омурбек Текебоев ва ҳизби сотсиал-демократи сарвазири собиқ Алмосбек Отамбоев шонсҳои бештари пирӯзӣ дар интихоботи парлумониро доранд.

Аммо коршиносон мегӯянд, низоъи қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон ва тафриқа миёни манотиқи шимол ва ҷануби ин кишвар интихоботро пешгӯинашаванда сохтааст.

Номзади тоҷикон

Равшанбек Собиров, раиси созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ аз ҳизби «Ата Мекен» сабти ном шудааст. Вай дар феҳраст дар ҷои ҳаждаҳум қарор дорад.

Қодиршои Мурувват, ноиби раиси созмони тоҷикони Қирғизистон, ба радиои Озодӣ гуфт, тайи бист соли ахир тоҷиктаборони кишвараш дар парлумон ягон вакил надоштанд то аз манфиатҳои онҳо ҳимоят кунад.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар сурати баранда гаштани ҳизби «Ата Мекен» ва ба даст овардани ҷойҳои бештар, Равшанбек Собиров яке аз курсиҳои парлумони кишварашро ишғол хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG