Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро аз суғурта парҳез дорем?


Ахиран вазири тандурустии Тоҷикистон хабар додааст, ки роҳандозии Қонун «Дар бораи бимаи (суғуртаи) тиббӣ» то соли 2014 ба таъхир гузошта хоҳад шуд. Қарор буд сар аз оғози соли нави 2011 ин қонун мавриди амал қарор бигирад, аммо вазири тандурустӣ гуфтааст, иллати таъхир он аст, ки Тоҷикистон барои иҷрои ин қонун шароити молӣ надорад ва имкон низ фароҳам нашудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ҳудуди 6 дарсади пардохтҳои иҷтимоии мардуми коргар ба вазорати тандурустӣ ирсол шавад ва аз ин пардохтҳо шаҳрвандон суғуртаи тиббии хуро ба даст биёранд.

Аммо дар ҳоле, ки чунин як қонун дар Тоҷикистон амал намекунад, мардуми кишвар маъмулан барои ташхису табобат сармояҳои «дандоншикан»-ро аз ҷайби худ харҷ мекунанд ва дар бисёр маврид афроди камбизоат бо иллати надоштани ин сармоя дар рӯ ба рӯи маризиҳои мухталиф таслим мешаванд.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон 15 ширкати мухталифи суғуртавӣ фаъол аст ва омода ҳастанд, ки мардумро ихтиёран суғуртаи тиббӣ кунанд, вале теъдоди муштариёни ин ширкатҳо ба шуморанд. Ҷомеъашиносон як иллати аслии адами сохтори бимасозӣ дар Тоҷикистон эътимод ба бозпас гирифтани сармояи суғурташуда дар ҳолати зарурӣ медонанд.

Маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» дар ин шумора иллатҳои чунин беэътимодии мардум ба суғурта ва дар маҷмӯъ фарҳанги огаҳии мардум аз суғуртаро пайгирӣ кардааст:

XS
SM
MD
LG