Мақомоти Иёлоти Муттаҳида ишфои асноди зиёди сирриро маҳкум карданд ва гуфтанд, ки ин кор ҷони нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва шарикони онҳоро ба хатар мегузорад.
Далели ҷинояти ҷангӣ
Асноди мазкур, шоми ҷумъа 22 октябр дар торнамои Вики Ликс нашр шуд, агарчӣ онҳоро пешакӣ дар ихтиёри чанде аз расонаҳои хабарӣ қарор додаанд. Дар он аснод тасвир мешавад, ки чӣ гуна нерӯҳои ироқӣ зиндониёнро азобу шиканҷа мекарданд, вале низомиёни Амрико бо вуҷуди огаҳӣ, он амалкардҳо нодида мегирифтанд.
Дар бастаи асноди маҳрамона, қазияҳои таҷовуз ба номус ва қатл ва аз ҷумла як сабти видеоии қатли зиндоние аз тарафи сарбозони ироқӣ сабт шудааст. Ҷулиан Ассанж, муассиси торнамои Вики Ликс гуфт, ин асноди маҳрамона, ки муноқишаҳо аз соли 2004 то соли 2010-ро фаро мегирад, нишондиҳандаи далелҳои ҷиноятҳои ҷангӣ дар Ироқ аст. Зимни нишасти хабарие дар шаҳри Ландан, Ҷулиан Ассанж рӯзи шанбе гуфт, ҳадафи нашри асноди маҳрамона, намоиш додани ҳақиқати ҷанг дар Ироқ аст.
Ӯ афзуд: “ Дар он аснод, марги 109 ҳазор нафар сабт шудааст ва аз ҷумла дар он эълом кардаанд, ки 66 ҳазор нафарашон афроди ғайринизомианд. Мо ҳамроҳ бо созмоне, ки марги ироқиёнро сабт мекунад, дарёфтем, ки марги 15 ҳазор ғайринизомӣ, ки дар низоъҳои Ироқ кушта шудаанд, дар ҳеҷ куҷо ва ҳеҷ гоҳ сабт нашудааст.”
Мақомоти амрикоӣ гузоришҳоро маҳкум карданд
Мақомоти амрикоӣ билофосила нашри асноди сиррии ҷанги Ироқро маҳкум карданд. Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида гуфт, ин гузоришҳо дар сатҳи маҳал, ҳеҷ чизи ҳайратангезе надоштаанд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, нашри асноди маҳрамона ҷони нерӯҳои амрикоӣ ва 300 ҳамкории ироқии онҳоро, ки исмашон низ ошкор шудааст, ба хатар меандозад:
“Мо бояд ифшои ҳаргуна иттилоъоти маҳрамона аз тарафи афрод ва ё созмонҳоро ба таври возеҳ маҳкум кунем. Ин кор ҷони сарбозони амрикову ҳампаймонҳои онҳо ва ғайринизомиёнро ба хатар мегузорад.“
Аммо ин ҳушдор ба Ҷулиан Ассанж муассиси Вики Ликс таъсире накардааст. Ӯ дар нишасти хабарӣ гуфт, умедвор аст, нашри аснод, “ба ҳадди зиёд таъсири сиёсӣ” хоҳад гузошт:
“Мо ба манобеъи худ, ки баъзан, бо риски фавқуллодае барои мо санадҳоро мегиранд, ваъда додаем, ки кори онҳоро қадр мекунем, ки таъсири ҳадди аксари сиёсӣ ҳосил шавад. Агарчӣ ҳоло ман мутмаин нестам, ки мо онро таъсирро ҳосил кардаем, аммо ба ин чиз бисёр наздик шудаем."
Баҳсҳо дар мавриди ҷанги Ироқ дар ҷомеаи Амрикоро, ҳоло баҳсҳо дар мавриди ҷанги Афғонистон фӯру нишондааст, аммо бо нашри асноди маҳрамона, бешак гуфтӯгуҳо доир ба табъизҳо дар ҷанги Ироқ боло хоҳад гирифт. Ҷулиан Ассанж мегӯяд, ин санадҳо барои баррасии даҳҳо парвандаи қатлҳои ғайриқонунӣ кофист.
Дар вокуниш ба нашри асноди маҳрамонаи ҷанги Ироқ, созмони Авфи Байналмилал гуфт, мақомоти Амрико шояд бо таҳвили боздоштшудагон ба дасти нерӯҳои ироқӣ, ки бадрафториҳои зиёд шинохта шудаанд, қонунҳои байналмилалиро поймол кардаанд.