Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суду зиёни гардиши асъори хориҷӣ


Дар шаҳрҳои калони Тоҷикистон муомилот асосан бо пули сомонӣ сурат мегирад, аммо дар бозору фурӯшгоҳҳои манотиқи дур аз марказ рубли русӣ ва гоҳе доллар ва суми узбакӣ ҳам озодона истифода мешавад.


Қонунҳои Тоҷикистон истифодаи асъори хориҷиро манъ мекунад ва барои корбурди ғайриқонунии асъори ғайр ҷарима пешбинӣ шудааст. Аммо ниҳодҳои масъул имкони назорати иҷрои онро дар ҳама гӯшаву канори кишвар надоранд.

Нуфузи рубл ва доллар дар Суғд

Ноҳияи Ашти шимоли Тоҷикистон яке аз чунин минтақаҳоест, ки ба назар мерасад аз қаламрави нуфузи "сомонӣ" дар канор мондааст ва сокинонаш баробари сомонӣ бо рубли русиву гоҳе доллар тиҷорат мекунанд.

Назирҷон, як сокини ин маҳал мегӯяд, бахши зиёди сокинони минтақа бештар пули русӣ доранд ва барояшон муомила бо он осонтар аст. Вай афзуд: «Ин ҷо бисёриҳо аз мардикории Русия пул меёбанд. Барои ҳама беҳтар, ки ҳамон рублро иваз накарда, кор фармудан гиранд. Ҳама гумон мекунанд, ки қурби доллар ё рубл назар ба сомонӣ собиттар аст ва назар ба сомонӣ баланд мераваду паст не.»

Худи Назирҷон ҳам баъди кори чандмоҳа ба тозагӣ аз Русия баргаштааст ва муомила бо рубли русӣ назар ба сомонӣ барояш сабуктар аст.

Монанд ба ноҳияи Ашт, дар бисёр минтақаҳои атрофи Суғд низ рубли русӣ ҳамчун пули "худӣ" қабул шудааст. Дар маркази вилоят низ тоҷирон доллари амрикоӣ ва рубли русиро бе мамониат қабул мекунанд.

Зарари асъори хориҷӣ

Бар пояи иттилоъи расмӣ, ҳудуди 350 ҳазор сокини Суғд ҳамасола барои мардикориву тиҷорат ба Русия мераванд ва маблағи рӯзгорро аз ҳамин роҳ ба даст меоранд.

Абдувоҳид Рауфов – муовини намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд мегӯяд, бонкҳову буҷаи кишвар аз гардиши бебаркаши ғайриқонунии асъори хориҷӣ зарар мебинанд. Вай афзуд: «Дар Тоҷикистон танҳо ба гардиши пули миллии сомонӣ иҷозат аст. Аммо дар баъзе ҳолатҳо ба ташкилотҳои ҷудогона иҷозаи махсуси Бонки миллӣ барои муомилот бо пули дигар дода мешавад. Мо аз он ки сокинон дар маҳалҳои дурдаст ва наздимарзӣ рубли русӣ ва сӯми узбакиро истифода мекунанд, огоҳем ва барои ислоҳи вазъи кӯшиш карда истодаем. Бубинед, сол то сол муомилоти ғайриқонунии пулӣ бо асъори хориҷӣ кам шуда истодааст.»

Абдувоҳид Рауфов афзуд, азбаски мардум пулҳои хориҷӣ, амсоли доллару рублро хориҷ аз бонкҳо дар сандуқу кисаву курпаву болишти худ нигаҳ медоранд ва бо онҳо байни ҳам харидуфурӯш мекунанд, ҳаҷми зарари воқеии гардиши арзҳои хориҷӣ ба буҷаи Тоҷикистонро баршумурдан як кори тақрибан номумкин аст. Қисме аз пулҳои русӣ то даридаву пора шудан даст ба даст мегардад, баъд бонки Тоҷикистонро надида, боз ба Русия бармегардад.

Рақибони сомонӣ

Аммо Аюб Эгамов - коршиноси масъалаҳои иқтисодӣ дар Хуҷанд мегӯяд, зарари аз ҳама асосии гардиши пулҳои ғайр дар бозори дохилӣ таъсири манфии он ба қурби пули сомонист. Вай афзуд:

«Аз ин сокинон фоида мебинанд, ки бо пули дилхоҳ муомила осонтар аст. Онҳо барои иваз ба саррофиҳо маблағи дарсадӣ ҳам пардохт намекунанд. Аммо ба қурби пули миллии сомонӣ таъсири манфӣ мерасад. Чунки пули дигар ҳам баробари он гардиш хӯрад ва бо пули миллӣ рақобат кунад, қурби сомонӣ хоҳ – нохоҳ поин меравад. Бояд давлат ба ин раҳ надиҳад. Дар кишварҳои дигар, масалан, Русия ҳатто байъати савдоро бо арзи хориҷӣ кардан мумкин нест.»

Аммо намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, асъори хориҷие, ки дар вилоят дар канори сомонӣ ғайриқонунӣ гардиш мехӯрад, ба он ҳад зиёд нест, ки ба қурби пули милли сомонӣ таъсири чашмрасе расонида тавонад.

Пулҳои тақаллубӣ


Дар баробари ин, ба гуфтаи коршинос – Аюб Эгамов, сокинон аз “бозиҳои тақаллубӣ”–и сомонӣ дар нуқтаҳои арзии кишвар дар баробари рубл ва доллар низ бим доранд. Барои ҳамин онҳо дар ҳифзи пасандозҳои нақдашон доллар ва рублро бар сомонӣ баргузидаанд. Набудани нуқтаҳои саррофӣ дар маҳалҳо низ бозори тиҷорат бо пулҳои ғайрро гарм кардааст.

Мусоҳиби аввалам, Назирҷон - сокини ноҳияи Ашт мегӯяд, дар ҷамоатҳои ин маҳал, ки аз 10 то 30 ҳазор аҳолӣ дорад, танҳо як нуқтаи ивази асъор дар як ҷамоат фаъолият мекунад. Он ҳам танҳо рӯзона кушода аст, сокинон ҳангоми зарурат наметавонанд таъҷилан рубл ё доллари худро ба сомонӣ иваз кунанд.

Аммо Абдувоҳид Рауфов – муовини раҳбари намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд мегӯяд: «Мо барои пешгирӣ аз гардиши пулҳои ғайр дар ҳама ҷойҳои кушоди савдо ва фурӯшгоҳҳои наздимарзӣ нуқтаҳои ивази асъор боз карда истодаем. Ҳам саррофиҳои шахсӣ, ҳам бонкӣ. Ҳар кас ки бо пули ғайр савдо мекунад, ҷарима мебандем.»

Аммо аксар коршиносони соҳаи иқтисод мегӯянд, то замоне ки ҳукумат аз гардиши ғайриқонуии арзҳои хориҷӣ дар муомилоти рузмарраи мардум ҷилавгирӣ накунад ва дар муқобили сомонӣ молҳои тавлиди худӣ низ ба бозори дохилӣ дохил нагардад, гумон аст, ки арзи миллӣ битавонад ҷойгоҳи худро дар кишвар мустаҳкам намояд.
XS
SM
MD
LG