Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул барои роҳи оҳан ба Тоҷикистон сармоя меҷӯяд


Абдулқуддус Ҳомидӣ, вазири фавоиди оммаи Афғонистон
Абдулқуддус Ҳомидӣ, вазири фавоиди оммаи Афғонистон

Абдулқуддус Ҳомидӣ, вазири фавоиди оммаи Афғонистон, мегӯяд, мутолеоти муқаддамотии хатти роҳи оҳан аз Ҳирот то сарҳади Тоҷикистон анҷом шудааст ва Афғонистон ҳоло дар талоши пайдо кардани сармоя барои сохтмони ин роҳи стратегист.

Ин роҳи оҳан Тоҷикистонро бо Эрон пайваст хоҳад кард.

Вазири фавоиди оммаи Афғонистон пас аз дидору гуфтугӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ дод. Дар ин мулоқот сохтмони роҳи оҳани Эрон-Тоҷикистон-Чин аз тариқи Афғонистон ва Қирғизистон матраҳ буд.

Абдулқуддус Ҳомидӣ пас аз дидору гуфтугӯ бо раисиҷумҳур дар ҷамъи хабарнигорон дар робита ба масоили баҳсшуда гуфт: «Бар сари масоили минтақавӣ , аз ҷумла сохтмони зербиноҳо, ки ҳадафи аслии сафари ман ба Тоҷикистон буд, сӯҳбат доштем. Бархе аз ин мавзӯъҳо дар мулоқоти панҷҷонибаи вузарои роҳу таробарии панҷ кишвари минтақа низ матраҳ аст.»

Абдулқуддус Ҳомидӣ дар посух ба суоли радиои Озодӣ, ки дар нишасти панҷгона мавзӯи сохтмони хатти оҳани Эрону Чин матраҳ аст гуфт, ин тарҳи роҳи оҳан, ки аз Кошғари Чин шурӯъ шуда, аз тариқи Қирғизистон ва хоки Тоҷикистон ба Афғонистон мепайвандад, дар ин мулоқот матраҳ аст.

Вай афзуд: «Ин тарҳи хуб аст ва мо аз он пуштибонӣ мекунем, ин тарҳро қувват мебахшем то иҷро шавад, ки ба нафъи мо ва тамоми кишварҳои минтақа аст».

Ҳамоиши вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа

Имрӯз дар Душанбе нишасти дурӯзаи вазирони роҳ ва таробарии Эрон, Чин, Қирғизистон, Афғонистон ва Тоҷикистон шурӯъ ба кор кард. Ҳадаф аз мулоқоти 5-ҷонибаи вузарои роҳу таробарии 5 кишвари минтақа, тавсеаи иртибототи ҷодаӣ ва роҳи оҳан миёни ин панҷ кишвар аст.

Дар бораи сохтмони ин роҳи оҳан, ки на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои 5 кишвари минтақа муҳим аст, Тоҷикистон ва Эрон дар тобистони соли ҷорӣ созиш карда буданд. Эрон барои омада сохтани тарҳи фаннӣ ва иқтисодии сохтмони ин роҳ, як миллион доллар ихтисос дода буд. Ҳамчунин мавзӯи сармоягузории сохтмони ин роҳи оҳан дар ҷараёни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон дар гуфтугӯҳои вай бо руасои ҷумҳури Эрон ва Афғонистон баррасӣ шуда буд.

Ба гуфтаи таҳлилгарони маркази мутолеоти стратегии дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин роҳ метавонад Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кунад ва дар транзити колоҳо Тоҷикистонро аз монеаэҷодкуниҳои Узбакистон дар роҳи оҳан бениёз кунад.

Гузашта аз ин, ин роҳи оҳан дар таъмини амният дар Афғонистон, интиқоли колоҳои зарурӣ ба ин кишвар ва тавсеаи иқтисоду тиҷорати Афғонистон ба кишварҳои минтақа кӯмак хоҳад кард.

Роҳи оҳан, ки шаҳри Ҳироти Афғонистонро ба шаҳри Кошғари Чин мепайвандад, 1 ҳазору 972 километр тӯл дорад ва он шаҳри Ҳиротро, ки як маркази воқеии тиҷорати Афғонистон ба ҳисоб меояд , ба қаламрави Эрон муттасил мекунад.

Қисмати дигари ин роҳ, ки Тоҷикистонро ба Қирғизистон мепайвандад, 296 километр тӯл дорад, ки дар ниҳоят Қирғизистонро низ ба Эрону Тоҷикистон мепайвандад.

Ҳазина ва мушкили иҷрои тарҳҳо

Мутахассисон то ба ҳол ҳазинаҳои сохтмони роҳи оҳани Эрон-Тоҷикистон-Чин аз тариқи Афғонистон ва Қирғизистонро дақиқ ҳисоб накардаанд. Вале тахмин мезананд, ки ҳазинаҳои сохтмони ин роҳи оҳан аз миллиард доллар убур мекунад.

Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди таҳлилгарон, Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистон кишварҳои аз лиҳози молӣ ва тавони фаннӣ заифанд. Вале Чину Эрон дар иҷрои ин барнома аз имконоти бештар бархӯрдоранд.

Бино ба эътиқоди бархе аз таҳлилгарон, ки дар мулоқотҳои панҷгона дар Душанбешаҳр ширкат доранд, имкон дорад то 75 дарсади ҳазинаҳои иҷрои ин тарҳи роҳи оҳанро, ки Эрону Чинро аз тариқи Афғонистон,Тоҷикистон ва Қирғизистон муттасил мекунад, давлати Чин бар дӯш бигирад.

Аз сӯи дигар ба эътиқоди бархи дигари таҳлилгарон , ба хотири аҳамияти ин роҳи оҳан дар истиқрори суботу иҷрои барномаҳои иқтисодӣ дар Афғонистон, имкон дорад созмонҳои сармоягузории байналмилали ва ё давлати Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар эҳдоси ин хатти роҳи оҳан саҳм бигиранд.
XS
SM
MD
LG