Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нӯҳ духтари ноболиғ- нӯҳ сарнавишти дардолуд


"Чароғи Ҳидоят» - Маркази вижаи таълимӣ дар Тоҷикистон, 9 тан аз духтарони хушунатдидаи тоҷикро таҳти ҳимояти худ қарор додааст. Ин нахустин марказест, ки як соли пеш бо ҳадафи ба ҳаёти солим баргардонидани духтарони мавриди зӯроварии ҷинсӣ қарор гирифта, таъсис ёфт .

Ин марказ бо пуштибонии барномаи Бунёди занони Созмони Милали Муттаҳид ва Маркази дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакони Бритониё таъсис ёфта ва сармоягузорӣ мешавад.

"Чароғи ҳидоят" ҳидоят мекунад

Мо борҳо хоҳиши мулоқот бо духтаронро матраҳ карда будем, аммо ба хотири ошкор накардани асрори зиндагии ин духтарон ва коҳиш надодани эътимоди онҳо ба марказ масъулин ба мо иҷозаи вохӯрӣ бо онҳоро намедоданд. Ахиран имконият даст дод, то бо номгӯзории шартӣ бо ҳаёти дардолуд ва қиссаҳое ғамангези ин духтарон, ки аксарият 15 -16 сол доранд, ошно шавем, ва бубинем бо омадан ба марказ ҳаёти онҳо ва андешаҳояшон ба зиндагӣ то куҷо тағир кардааст?

Шамсияи 15 сола, аз мусоҳибони нахустини мо дар маркази «Чароғи Ҳидоят» буд. Ин ҷо ҳама ӯро чун як духтари зебову доно мешиносанд. Ӯ ба мутолиаи китобу нашрияҳо хеле шавқ доштааст. Аз ҳама таҳаввулоти кишвар огоҳ аст ва ба маркази «Чароғи Ҳидоят» ҳам баъд аз дарёфти рақами боварии он аз ҳафтаномае, муроҷиат кардааст. Албатта баъд аз як ҳодисае, ки ин духтари ноболиғро водор кард, тарки модар ва хонаводаи худ кунад. Ӯ як ноҳияи дурдасти кишвар танҳо роҳи Душанберо пеш гирад.

«Падар надорам. Модарам бо як марди дигар муносибат дошт. Мо ҳам бо бародарам ӯро дарк мекардем ва ба зиндагиаш дахолат намекардем. Аммо он мард беақлӣ кард ва мехост, ки маро таҷовуз кунад. Аммо дар ин байн модарам ба ӯ бовар кард на ба ман. Муносибатамон сард шуд, маро аслан намефаҳмид ва ман маҷбур шудам аз хона бароям, ба ин ҷо оям. »

Шамсия мегӯяд, ин ҳодиса барояш як зарбаи сахте буд. Дилаш аз ҳаёт ва ҳамчунин аз модар, ягона нафари наздикаш дар зиндагӣ сард шуд. Таҳсилро тарк кард ва ҳамеша аз одамон дурӣ меҷуст.

«Баъди ин ҳодиса дилам аз ҳама монд, андешаҳоям ба зиндагӣ тағир кард. Ҳолатҳое буд, ки вақте бо ман гап мезаданд ман аслан намефаҳмидам, ки чӣ мегӯянд, тамоми фикру хаёлам ба дигар масъала банд буд. Наметавонистам бо дугонаҳоям бихандам, ба мактаб равам. Аз ҳама ҷудо шудам. Ва ба ин ҷо омадам. Ҳоло ба оҳистагӣ вазъам беҳтар мешавад, ба ман имкон доданд дар яке аз мактабҳои шаҳр таҳсиламро идома диҳам. Дигар намехоҳам ба хона баргардам. Баъди марказ агар бибиам қабул кунанд ба назди онҳо меравам.»

Ҳоло Шамсия дар Маркази «Чароғи Ҳидоят» зистан ва ба оянда хушбин буданро меомӯзад. Ӯ мехоҳад ҳуқуқшинос шавад ва аз ҳуқуқи занону духтарон ҳимоя кунад.

Сарнавишти талхи духтарони ноболиғ

Дар ин марказ ҳоло мисли Шабнам 8 духтари ноболиғ бо 8 сарнавишти дардолуду талхе ба сар мебаранд. Дар чашмони аксари ин духтарон ғаму андӯҳе ниҳон аст ва баробари баёни саргузашти худ гиря гулӯгирашон мешавад. Ясмина ҳам қариб ҳамсинни Шамсия аст, аммо дар зиндагӣ ӯ бештар шикаст хӯрдааст. Баъд аз фавти модар холаи нашъаманд манзили зисти онҳоро мефурӯшад ва 2 духтари яке 9 ва дигари 14 соларо аз хона берун мекунад. Ясмина то омадан ба марказ яке аз наврасони оворагард буд. Хоҳарашро гум кардааст ва аз зиндагии хиёбониаш чунин ёдрас мешавад.

«Шабу рӯзро дар берун мегузарондем. Махсусан соати як ва дуи шаб хеле хатарнок буд, бисёр метарсидам. Дар кӯчаҳо бештар нашъаманду мастҳо мегаштанд ва ман кӯшиш мекардам аз чашми онҳо худро дур гирам, пинҳон мешудам дар ҳар ҷо. Бо хоҳарам талбандагӣ мекардем. Бештар дар зимистон азият кашидем. Ҳаво сард ва аз одамон либоси гарм металбидем, бисёр азоб кашидам, як шаб, соли гузашта яъне дар 13 солагӣ як гурӯҳ, ки аз 6 нафар иборат буд, иҷборан маро таҷовуз карданд. Хоҳарам ҳоло намедонам дар куҷо аст, вале асабҳояш хароб аст. Ӯро як нашъаманд бо корд дасту рӯяшро буридааст. Ӯ носу сигор мекашид ва ақлашро низ бохтааст»

Аксари ин духтарон аз оилаҳои носолим, ва хонаводаҳои модарони танҳову камбизоатанд, ки дар натиҷаи бетаваҷҷуҳии волидон дар зиндагӣ роҳгум задаву бархе ба доми миёнаравҳо ва баъдан ба кӯчаи танфурӯшӣ мераванд, мегӯянд масъулини марказии таълимии «Чароғи Ҳидоят».

Лоиҳаи вижа дар навъи худ

Ин аввалин лоиҳаест, ки бевосита бо духтарони аз 10 то 18 - солаи дар оила ва ҷомеа мавриди зӯроварии ҷинсӣ ва ҷисмонӣ қарор гирифтаву қурбони қочоқчиён шудаанд, кор мебарад.

Вижагии лоиҳаи мазкур дар он аст, ки духтарони хиёбонӣ ва бе ҷои зист, тайи 6 моҳ дар ин марказ нигоҳубин мешаванд. Сайлӣ Қосимова, раҳбари маркази таълимии «Чароғи Ҳидоят» мегӯяд, аксари ин духтарон, ки мавриди зӯроварии ҷинсӣ ва хушунату қочоқ қарор гирифтаанд, ноболиғанд ва хату савод надоранд. Аз ин рӯ, як ҳадафи аслии лоиҳа, таълим ва ба мактаб баргардонидани онҳо будааст. Ин гурӯҳи духтарон дар маркази мазкур бо машваратҳои ройгони тиббиву ҳуқуқӣ, таълим ва табобату барқарорсозии равонӣ таъмин мешаванд. Сайли Қосимова меафзояд:

«Аксари ин духтарҳо аз ноҳяҳои дурдастанд. Мо онҳоро ба мактабҳо гузоштем барои давом додани таҳсил. Ҳамчунин дар худи марказ ба онҳо фанҳои забонӣ русӣ, англисӣ, компютер, этика ва эстетика ва ҳамчунин касбҳои мухталиф омӯзонида мешавад. Мақсади аслии мо таълим ва ба оилаҳои худ баргардонидани ин духтарон аст.»

Баъд аз 6 моҳи таълиму табобат ҳам на ҳама духтарон мехоҳанд ба хонаводаҳои худ баргарданд ва ё бархе аз оилаҳо ҳам, ба ин далел, ки гӯё дар маҳалли худ бе обру мешаванд омода нестанд, ки духтарони худро қабул кунанд, бинобар ин ба гуфтаи Сайлӣ Қосимова, раҳбари маркази «Чароғи Ҳидоят», онҳо ҳамчунин як муддат, то дарёфти ҷои кор ба духтарон, барои зиндагӣ дар манзили иҷора кӯмак мекунад.

Раҳгумзадагонро ислоҳ бояд кард на тард

Ситора духтари ноболиғи дигар, ки дар пайи як табъизи ҷинсӣ волидон аз ӯ рӯ гардондаанд, 6 моҳ аст дар ин марказ ба сар мебарад ва ба наздикӣ бояд марказро тарк кунад, аммо мегӯяд ба ҳеҷ қиммате намехоҳад ба назди модараш баргардад. Зеро мегӯяд, ӯ дигар дар хонавода нафари бегона аст. Танҳо орзӯи ин мусоҳиби мо, ки дар зиндагӣ хеле бармаҳал танҳо мондаву мушкилоти зиёдеро паси сар кардааст ин соҳибмаълумот шудан ва бо меҳнати ҳалоли худ нон ба даст овардан аст.

«Азобе ки мо кашидем, Худо ба душмани кас нишон надиҳад. Хайр ҳозир ман ҳама мушкилотро пушти сар кардам. Ҳозир фақат дар фикри ояндаам, дар фикри хондан ва омӯхтан ҳастам. Ҳоло бисёр корҳо аз ҷумла пухту пазро аз худ кардам. Мехоҳам хонам, кор кунам,ва кори ҳалол кунам ва фардо агар лозим шавад ба волидонам ҳам кӯмак намоям»

Ситора ҳам аз ноҳияи дурдасте ба шаҳр омада як муддат зиндагии хиёбонӣ дошт. Ӯ мегӯяд, волидон набояд барои як иштибоҳ фарзандони худро аз зиндагиашон хат зананд, балки онҳоро бояд дарк кунанд, қабул намоянд ва барои ислоҳашон талош кунанд

Воқеан таҳсил ва бозгашт ба зиндагии хуби маъмулӣ орзӯи аксари духтарони хушунатдидаву табъиз шудаи маркази «Чароғи ҳидоят” аст.

Аксари онҳо, ки дар зиндагӣ азияти зиёд дида, аз синни худ хеле бузург ба чашм мерасанд мегӯянд, намехоҳанд дигар зиндагии қаблии худро пеши назар оранд, онҳо ба ояндаи худ хушбинанд ва сарнавиштеро мисли сарнавишти худ ба касе орзӯ намекунанд.
XS
SM
MD
LG