Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли тағйирот дар сиёсати хориҷии Амрико


Пирӯзии чашмгири Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико дар интихоботи миёндавраии парлумонии соли 2010, ба эҳтимоли қавӣ, рӯи сиёсати хориҷии ин кишвар таъсири амиқ хоҳад гузошт.

Дар миёни дигаргуниҳои эҳтимолӣ коршиносон ба мавқеъи шадидтари Амрико дар қиболи Эрон, равобити печида бо Русия ва эҳтимоли манъи хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ишора мекунанд.

Пирӯзии ҷунбиши "Маҳфили чой"

Бо ин ҳол, дигаргуниҳои тааҷҷубоваре барои шарикону рақибони Амрико дар пеш аст. Далели ин зуҳури ҷунбиши муҳофизакори мардумӣ бо номи "Tea Party" ё ба истилоҳ "Маҳфили чой" аст, ки раъйдиҳандагони он назорати ҷумҳурихоҳонро бар палатаи поёнии палумони Амрико таъмин карданд. Ин гурӯҳ дар маҷмӯъ бар пояи мухолифаташ бо барномаҳои миллии президент Обама бунёд ёфтааст, барномаҳое ҳамчун ислоҳоти соҳаи беҳдошт ва барномаҳои ташвиқи иқтисод. Аммо мавқеъи ҷунбиш бар сари бахши умдаи масоили сиёсати хориҷӣ торик боқӣ мондааст.

Кристофер Прейбл, шореҳи маҷаллаи "National view", назарҳои ғолибро ин гуна хулоса кард: "Бахши умдаи занон ва мардҳои ҷунбиши "Маҳфили чой" асосан дар мавзӯъҳои мушаххасу рӯшан назари муштарак доранд, мисли боло будани молиёт ва бузург будани ҳукумат. Аммо онҳо дар сиёсати хориҷӣ мавқеъи муштарак надоранд. Аз сӯи дигар, ҳатто баъди интихоботе бо чунин пирӯзӣ хатти маши асосии Амрико дигар намешавад. Қонуни асосии Амрико дар муайян кардани сиёсати хориҷӣ ба раисиҷумҳур салоҳиятҳои густарда додааст ва Ҳизби демократи Обама, Сенат ё палатаи болоиро таҳти назорат дорад, ки дар пазируфтан ва ё рад кардани ибтикорҳои раисиҷумҳур нақши калидӣ дорад. Аз сӯе ҳам, таҳти назорати Ҷумҳурихоҳон гузаштани палатаи поёнии парлумон ба онҳо имкон медиҳад, ки мухолифати худро дар баробари сиёсатҳои Кохи сафед ба намоиш гузоранд."

Муҳимтар аз ҳама, пирӯзӣ дар интихобот ба ҳизби Ҷумҳурихоҳ имкон хоҳад дод, ки тамоми кумитаҳои муҳими Конгрессро раҳбарӣ кунад. Раҳбарони нави ин кумитаҳо, бидуни истисно, муҳофизакороне хоҳанд буд, ки дар дар сиёсати хориҷӣ таҷрибаи бой ва тулонӣ доранд.

Мавқеи шадидтар дар қиболи Эрон

Эллиот Абрамс, дипломати собиқи Амрико, ки ҳоло дар пажуҳишгоҳи "Шӯрои равобити байналмилалӣ"-и Вашингтон кор мекунад, мегӯяд, рӯи кор омадани раҳбарҳо аз ҷумлаи ҷумҳурихоҳон, ба эҳтимоли қавӣ, мавқеъи Амрикоро дар баробари барномаҳои ҳаставии Эрон шадидтар хоҳад кард.

"Ба назари ман, шумо ба зудӣ аз ҷумҳурихоҳон талаби даст кашидан аз созишҳоеро хоҳед шунид, ки ба Эрон имкон медиҳад ғанисозии уранро идома диҳад. Дар ин замина мавқеъи қавитаре гирифта хоҳад шуд, ки бояд ғанисозии уранро ба сифр баробар кунад. Ба назари ман, ҷумҳурихоҳон аз фаъолиятҳои маъмурият дар робита ба таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Эрон қотеъона пуштибонӣ хоҳанд кард".

Баҳси созишномаи ҳастаӣ бо Русия

Ба назари коршиносон, пирӯзии ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихобот ҳамчунин ба равобити Вашингтон бо Русия таъсир хоҳад гузошт. Қурбонии аввалин дар ин самт, созишномаи коҳиши силоҳи ҳаставӣ хоҳад буд, ки бояд кулоҳакҳои ҳаставиро ба андозаи чашмгир кам кунад. Ин қарордод моҳи апрел аз тарафи Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ва Дмитрий Медведев, президенти Русия, ба имзо расида буд.

Ин санад акнун бояд дар Сенати Амрико баррасӣ ва тасвиб шавад. Аммо Фиона Ҳилл аз пажуҳишгоҳи Брукингси Вашингтон мегӯяд, ки дар муҳити феълии сиёсӣ, натоиҷи интихобот ҷумҳурихоҳонро ба ҷилавгирӣ аз тасвиби ин санад дар Сенат ташвиқ мекунад. Танҳо барои гирифтани "хол" ва ё "очко" дар муқобили президент Обама, ки равобити хуб бо Русияро яке аз чаҳор пешрафтҳои сиёсати хориҷии худ медонад:

"Ба назар мерасад, ки маъмурият воқеъан ин хоҳишмандиро дорад, аммо ҷумҳурихоҳон дастовардҳои Обамаро дар ҳама соҳаҳо дидан намехоҳанд. Ин як сиёсати хашин аст, мисли спорт. Шеваҳои муборизаи сиёсӣ дигар вуҷуд надорад, ҳатто дар масоиле, ки Амрико ба онҳо манфиатдор аст."

Ихтилофи назарҳо бар сари Афғонистон

Шореҳ Алмерт Ҳант дар мақолае дар "Интернейшнл Ҳералд Трибун" навиштааст, ки чеҳраҳои барҷаста ва таҷрибадори ҳизби Ҷумҳурихох, дар сиёсати хориҷӣ, мисли Ричард Лугар аз Аёлати Индиана ё Мейн Олимпиа Сноув метавонанд таҳти фишори ҷиноҳи рости ҳизби худ қарор бигиранд ва ҳусни нияти худро дар баробари принсипҳои муҳофизакорӣ собит кунанд.

Баъзе ҷумҳурихоҳони суннатӣ, мисли номзади номуваффақ дар интихоботи гузашта сенатор Ҷон Маккейн барномаи президент Обама дар мавриди хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон дар соли ояндаро интиқод кардаанд ва ба назар мерасад, ки раҳбарони ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар парлумони нав ҳамин хатти ҳуҷум ба Обамаро идома хоҳанд дод.

Депутати тозаинтихоб аз Аёлати Кентукӣ Ренд Паул қабл аз интихобот дар як сӯҳбати матбуотӣ ба талошҳои Обама дар мавриди тақвияти ҳукумати Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон шубҳа кард. Ӯ гуфт, "нафароне оқил ҳастанд, муҳофизакор, мисли ман, ки итминон дорад муҳофизат вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати федеролӣ аст. Аммо ман итминон надорам, ки шумо битавонед аз Афғонистон миллат бисозед, зеро онҳо ҳеҷ гоҳ якпорча набуданд."

Бо ин ҳол, маълум нест, ки бархурди ҷумҳурихоҳон ба муаммои Афғонистон чигуна хоҳад буд. Тахмин зада мешавад, ки гурӯҳе аз онҳо ба принсипҳои нео-консерватизми давраи президени собиқ Ҷорҷ Буш такя мекунад. Бахши дигар ҷанг дар Афғонистон ва Ироқро ҳамчун барномаҳои серхарҷи ҳукумат баррасӣ хоҳанд кард, ки дар худи Амрико маъруфият надоранд.

Бар пояи ин банду баст, баъзе таҳлилгарон имкони ба ҳам омадани гурӯҳе аз ҷумҳурихоҳон бо ҷиноҳи чапи ҳизби Демократро пешгӯи мекунанд, ки ба густариши ҳуҷумҳои ҳадафгиронаи Амрико фаротар аз Афғонистон мухолифат доранд.
XS
SM
MD
LG