Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи худравҳои сохти Шӯравӣ


Намоишгоҳи кӯчаки мошинҳои қадимии навъи «Победа», «Зим», «Волга», Москвич», «ГАЗ-21» ва «ГАЗ-69», ки дар солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва нимаҳои асри ХХ дар Шӯравии собиқ истеҳсол шудаанд, таваҷҷӯҳи бисёре аз сокинони маҳаллиро дар Қӯрғонтепаву Сарбанд ба худ кашидааст.

Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон», дар фурӯшгоҳи бузурги сабукравҳои мудерни худ, дар канори шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Сарбанд, ин мошинҳои қадимиро ба маъраз гузошта, мехоҳад дар ояндаи наздик намоишгоҳи ретро-мошинҳоро созмон диҳад.

Алоқамандӣ ба худравҳои сохти шӯравӣ

Абдулло Кароматов, яке аз масъулони автосалони мазкур, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аслан дар ин ҷо сабукравҳои мудерни хориҷӣ, назири «Лексус», «Хамер» ва «Тойота» ба фурӯш гузошта шуда, ҳадаф аз ба намоиш гузоштани мошинҳои қадимии Шӯравӣ, танҳо ҷалби харидорон будааст.

Ҷаноби Кароматов афзуд, аксари харидорон бештар алоқамандии худро ба мошинҳои ба истилоҳ, антиквар, нишон медодаанд:

«Ин мошинҳо ба фурӯш гузошта нашудаанд. Фақат барои коллексия гирифтаем, барои ҷалб кардани харидорон ба автосалонамон. Ин ҷо чанд мошини қадимӣ, мисли «ГАЗ-21», баъди он «Волга» истеҳсол шудааст, баъд аз он «Зим», баъд «ГАЗ-69», пасон «Победа» ва «Москвич», ки ҳоло мо дар ихтиёр дорем. Воқеан, бисёре аз харидорон бо дидани ҳамин мошинҳо, вориди фурӯшгоҳи мо мешаванд. Аз ҳамин ҳисоб тиҷоратамон ҳам хубтар шудааст. Одамоне ҳастанд, ки мегӯянд, ҳар маблағи хостаамонро медиҳанд, то ин мошинҳоро барояшон фурӯшем, аммо мо ҳоло мақсади фурӯхтан надорем…»

Ҳоло бисёре аз харидорон хостори ба даст овардани ҳамин мошинҳои қадимӣ шудаанд. Сабукравҳои аз 50 то 70-солаи сохти шӯравӣ феълан натанҳо таваҷҷуҳи афроди солманд, балки ҷавононро ҳам ба худ кашида ва ҳоло ин навъи мошинҳо мӯд шудаанд.

Абдуазим Камолови 28-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, аз масъулони автосалон хостааст, ки мошини тамғаи «Зим»-ро, ки дар гузашта гӯё махсус барои ҳокими Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин сохта шудааст, ба маблағи 15 ҳазор доллар ба ӯ бифурӯшанд, аммо ҷавоби рад шунидааст. Вай мегӯяд, нодиру камёфт будани ин мошин, онро ба хариданаш моил кардааст:

«Барои он, ки ин мошинҳо кӯҳнаву камчинанд ва баъди чанд сол умуман ёфтанаш номумкин мешавад. Дигар ин навъи мошинҳо истеҳсол намешаванд. Барои ҳамин одамон бисёр шавқманданд, ки онро харидорӣ кунанд. Ҳоло мӯд шудааст бо ҳамин хел мошинҳои нодиру қадимӣ гаштан. Агар бо ин мошин дар хиёбонҳо сайр кунед, ҳама тамошо мекунанд, агар ҷое таваққуф кунед, гирди мошинатон ҷамъ меоянд, бисёр ҷолиб аст…»

Абдулазим, ки ба қавли худаш, мошиншинос аст, мегӯяд, феълан ҳамин гуна ретро-мошинҳои Шӯравӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ қимати бисёр гарон дошта, бо гузашти солҳо арзиши он меафзояд.

Мошинҳои сохти Шӯравӣ пурқувваттаранд

Муҳаммадӣ Ёқубов, сокини маҳаллӣ, мегӯяд, вай низ мошинҳои сохти замони шӯравиро меписандад. Баъд аз он, ки вай натавонистааст, мошини тамғаи «ГАЗ-21»-ро аз фурӯшгоҳи Амонулло Ҳукуматулло харидорӣ кунад, бар ивази 800 доллари амрикоӣ мошини тамғаи «Газ-24»-ро харидааст:

«Ба фикри ман, ҳамин мошинҳои Шӯравӣ назар ба мошинҳои ҳозираи хориҷӣ, ки камқуватанд, беҳтару бақувваттаранд. Зеботар ҳам ҳастанд. Ҳоло ҷавонон ҳам шавқманд шудаанд ба чунин мошинҳо, медонанд, ки падарону бобоҳояшон бо он мегаштаанд. Ман худам ҳам бисёр ҳавас дорам ба ҳамин мошинҳои советӣ, аз як ҳамсояаамон, ки «ГАЗ-21» дошт, мехостам мошинашро харам, аммо саривақт пул наёфтам, онро бар ивази 2 ҳазор доллари амрикӣ фурӯхт. Баъд ҳамин мошини қариб 30-солаи «ГАЗ-24»-ро харидам…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки мошинҳои нисбатан навтари Шӯравӣ, назири «Москвич»-у «Жигули» ҳоло дар бозор арзиши поинтар аз 1000-1500 доллари амрикоӣ доранд.

Субҳоналӣ, сокини дигари Қӯрғонтеппа, мегӯяд, дар ин роҳҳои харобу валангори маҳаллӣ, танҳо бо мошинҳои қадимии Шӯравӣ, ки қавию сангин ҳастанд, мешавад ҳаракат кард:

«Мошинҳои кӯҳна ҳамааш бақувваттаранд, ҳаминҳо бори ин роҳро бардошта метавонанд. Бо ин мошинҳои нав дар роҳҳои хароб гардӣ, бояд ҳар ҳафта ягон ҷояшро таъмир кунӣ. Мошинҳои хориҷӣ нозуканд, зуд вайрон мешаванд. Аммо мошинҳои советӣ барои ҳамин роҳҳои ҳозираи мо бисёр мувофиқанд. Ман ҳам, ҳар боре ҳамин мошинҳои қадимиро дар филмҳои советӣ, дар телевизион, дар ҳамин автосалони Амонулло мебинам, дилам гум мезанад…»

Ҷаноби Азимов афзуд, бо тамошои сабукравҳои қадимӣ, носталжӣ ё хумори айёми бачагиаш меояд ва ӯ низ омода аст, мошини феълии тамғаи «Опел»-ашро ба мошини «Победа»-и 64-сола, ки дар автосалони ҷаноби Ҳукуматулло ба тамошо гузошта шудааст, иваз кунад.

Музейи мошинҳои қадимӣ ташкил мешавад

Ва аммо он гуна, ки масъулони автосалони Амонулло Ҳукуматулло мегӯянд, тасмим гирифта шудааст, ки бо харидории теъдоде дигар аз намудҳои қадимии нақлиёти Шӯравӣ аз аҳолӣ ва пас аз таъмиру азнавсозӣ, дубора онҳоро тариқи баргузории музояда ба фурӯш гузоранд.

Абдулло Кароматов, масъули фурӯшгоҳи мазкур, мегӯяд: « Худо хоҳад мо шумораи мошинҳоямонро бисёр карданием. Ҳоло 3-4 пешниҳоди дигар дорем аз мардум, ки омадаанд, то мо мошинҳояшонро харидорӣ кунем. Онҳоро навсозиву таъмири куллӣ карда, дар оянда ауксион карда, нарх мемонем ва ба фурӯш мегузорем. Раисамон Амонулло Ҳукумов ният доранд, ки дар оянда шояд музей ё намоишгоҳи ҳамин гуна мошинҳои қадимиро ҳам ташкил кунанд».

Ба гуфтаи ҷаноби Кароматов, ҷамъоварии мошинҳои қадимии Шӯравӣ машғулияти дӯстдоштаи Амонулло Ҳукуматулло буда, ҳоло 6 сабукрави стили «ретро» дар ихтиёраш будааст.
XS
SM
MD
LG