Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаҳвораи худкор


Мо кайҳо ба тавъам будани се мафҳум - гаҳвора, модар ва алла одат кардаем. Ва шояд дар зеҳни касе ҳам фикри он, ки рӯзе гаҳвора бидуни такон додани модар ва ё нафари дигаре биҷунбаду ва бар замми ин алла низ бихонад, намеомад.

Бо назардошти он, ки солҳои ахир аксари ҷавонзанон гаҳвораи суннатиро бо баҳонаи камфурсатӣ бо кат-арғунчак иваз кардаанд, Хосиддин Ҳақёров, донишҷӯи бахши сеюми Донишгоҳи технологии кишвар гаҳвораи гӯёи худкорро ихтироъ кардааст. Бо истифода аз ин гаҳвора, дигар модарон метавон роҳат бошанд ва кори худро сари вақт анҷом бидиҳанд.

"Гаҳвораи худкор"-и Хосиддин

Гаҳвораи худкор бо ду усул: автоматӣ ва дастӣ идора карда мешавад. Дар сурати интихоби усули автоматӣ, баробари баланд шудани садои кӯдак гаҳвора ба ҷунбидан оғоз мекунад ва бо гузашти 30 сония садои алла низ баланд мешавад. Хосиддин мегӯяд, чун бархе кӯдакон аз рӯи одат танҳо бо садои модари худ мехобанд, дастгоҳи МП3-и насбшуда имкон медиҳад, модарон дар алоҳидагӣ садои худро сабт кунанд.



Ба гуфтаи Хосиддин, ихтирои ҳамин гуна гаҳвора бештар ба заноне метавонад кӯмак кунад, ки дар манотиқи дурдаст ба сар мебаранду серкоранд. Зеро усули дастӣ имкон медиҳад, ки ҳатто аз масофаи 100 метр модарон тариқи истифодаи пулт такон додани гаҳвораро идора бикунанд. Ҳамазамон ба таъкиди Хосиддин, истифодаи ин гаҳвора барои кӯдакон безарар буда, дар сурате, ки агар кӯдак талош кунад дастони худро аз банди гаҳвора раҳо кунад, садои махсусе баланд мешавад.

Хосиддини ин гаҳвораро дар тӯли чанд моҳ ихтироъ кардаву бо кӯмаки раёсати донишгоҳашон бар ивази 3 ҳазор сомонӣ сохтааст. Ва ҳоло талош талош дорад аз мақомоти дахлдор барои истифодаи ин гаҳвора муҷаввиз бигард. Ӯ хеле мехоҳад маблағгузоронеро пайдо кунад, ки ин ихтирои вайро дастгирӣ намоянд ва барои ба роҳ мондани истеҳсоли он дар Тоҷикистон кӯмак намоянд.

Исфандиёр низ навоварие дорад

Зимнан дар баробари Хосиддин, Исфандиёр Раҳматов низ, ки дар ҳамин донишгоҳ таҳсил мекунаду дастгоҳи ба таври автоматӣ идора кардани ашёҳои барқиро фикр кардааст интизор дорад, ки ихтирооти вай таваҷҷӯҳи соҳибкорон ва ташкилоти мухталифро ҷалб хоҳад кард. Исфандиёр мегӯяд, бо роҳи васл кардани ҳама гуна ашёҳои мухталифи барқӣ шурӯъ аз чойники барқиву асбобҳои гармидиҳӣ ва ҳатто тафдон ба компютер, дар вақти дилхоҳ бо як ангушт задан оҳоро метавон рӯшану хомӯш кард.

Исфандиёр гуфт, истифода аз дастгоҳи вай ҳам сарфаи вақт аст ва ҳам аз сар задани сӯхтор эмин медорад. Ба гуфтаи вай, ин дастгоҳи ӯро метавонанд дар корхонаҳои бузург низ истифода баранд.

Ин мусоҳибони мо мегӯянд, аксаран барои дар амал кор бурдани ихтирооти худ, онҳо моҳҳои зиёдеро дар ҷустӯҷӯи қисмҳои зарурӣ мегузаронанд ва бештар бо сармояи худ онҳоро месозанд. Ва бархе аз чунин лоиҳаҳо аз сӯи донишгоҳ бо як миқдор маблағ қадр карда мешавад.

Истеъдодҳоро дастгирӣ мебояд

Онҳо мегӯянд, дар миёни ҳамсолонашон нафарони зиёде ҳастанд, ки дастгоҳҳои мухталиф ва ихтирооти камназир ва гоҳҳо беназирро низ кашф мекунанд, ки бо ба роҳ мондани истеҳсолоти онҳо дар кишвар метавонист ҳам ба манфиати ҷомеаву иқтисодиёт бошад ва ҳам барои ҳавасмандии ихтироъкорони ҷавон кӯмак намояд. Зеро аксари онҳо мехоҳанд маҳз бо корхонаву ширкатҳои дохилӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дошта бошанд.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон барои ҷалби таваҷӯҳи ҷавонон ба корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ ва ихтироъкорӣ шурӯъ аз соли гузашта аз сӯи бунёди тавсеаи «Пажуҳишгоҳи авросиёӣ»-и Русия ва вазорати моарифи Тоҷикистон стипендияи байнулмилалии ба номи «Менделеев» таъсис ёфт, танҳо даҳ донишҷӯи беҳтарини тоҷик имкон доранд, моҳе 50 долларӣ кӯмакпулӣ дарёфт кунанд.

Аммо Исфандиёр ва Хосиддин мегӯянд, ҷавонони зиёде, ки имрӯз идея ва кашфиёти мухталиф доранд, онҳоро пешниҳод ва амалӣ намекунанд, зеро аз камтаваҷӯҳии ниҳодҳо ва масъулон дилсард шудаанд. Аз ҷумла худи онҳо низ дар сурати наёфтани дастгирӣ шояд аз дигар лоиҳаҳое, ки дар зеҳн доранд, даст кашанд.
XS
SM
MD
LG