Дар робита ба ин мавзӯъ радиои Озодӣ бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, як сӯҳбати вижа анҷом дод.
Озодӣ: -Тасмими Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои худдорӣ кардан аз шомилшавӣ ба эътилофи нирӯҳои демократии ҷумҳурӣ, ки бо ташаббуси Раҳматилло Зоиров сурат гирифтааст, дар чист?
Муҳиддин Кабирӣ: -Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Воқеъан мо аз тарафи кумитаи тадорукоти Этилофи нерӯҳои демократии Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаҳои кумитаи мазкур давъатнома гирифтем. Ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ тасмим гирифт ки ҳизб дар Анҷумани таъсисии эътилоф ба ҳайси нозир иштирок кунад. Мо ҳоло аз шомил шудан ба ҳамагуна эътилоф, бахусус эътилофҳое, ки дар ташкили он ҲНИТ ширкат надошт, худдорӣ менамоем. Ташкил намудан ё ворид шудан ба як эътилоф кори хеле ҷиддист. Оне, ки як қисми муассисон алакай аз ширкати минбаъда дар кори эътилоф даст кашиданд, маънои онро дорад, ки худи соҳибони ин андеша ҳанӯз ҳадаф устувор нестанд. Эътилоф бояд сари масоили мушаххас ва байни тарафҳои ҷиддӣ таъсис ёбад ва ҳар ҷониби ширкаткунанда масъулияту вазифаи худ ва ҳадафи эътилофро ошкор бидонад. Аз шумораи зиёди муассисон фоидае нест, муҳим онаст, ки нерўҳои ҷиддӣ ва устувор чунин эътилофро созмон дода бошанд. Бо дар назардошти ин ҳама ҲНИТ аз шомил шудан худдорӣ кард. Вале ин ба он маъно нест, ки ҲНИТ аз ҳамкори бо ҳизбу ҳаракатҳо ва ё дигар аҳзобу созмоне, ки ба ин эътилоф шомил нестанд, ҳамкорӣ нахоҳад кард. Мо ҳамкориҳои густурдаро бо ҳамаи ҳизбҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар дар шаклҳои гуногун дорем ва дар оянда њам идома хоҳем дошт.
Озодӣ: -Бархе дар ҷумҳурӣ аз назари замонӣ садо додани тасмими таъсисшавии чунин як эътилофро шубҳанок арзёбӣ карда гуфтанд, ки бархе нирӯҳо талош доранд дар шароити авҷи ноамниҳо дар шарқи Тоҷикистон бештар ба заъфи ҳукумати кишвар дар амри таъмини субот ва зери назорат гирифтани вазъ истифода кунанд. Шумо дар ин замина чӣ андеша доред?
Муҳиддин Кабирӣ: -Фикр намекунам, ки муассисони эътилоф замони эълонро барои заъфи бештари ҳукумат дар шароити кунуни кишвар интихоб карда бошанд. Фақат интихоби нодурусти вақт боиси овозаҳо гашт. Дар кишвари мо баъзеҳо гирифтори маризии «душмантарошӣ» мебошанд ва омодаанд, ки аз ҳар нафари дигарандеш душмани миллат битарошанд. Чунин иштибоҳҳои тактикӣ ба осиёби ин маризон об мерезад. Муассисони эътилоф, ба хусус, Раҳматилло Зоиров ҳамчун шахси мӯътадил ва қонунмеҳвар маъруф аст, вале эътимоди аз ҳад боло ба худ гоҳо боис мегардад, ки омилҳои вақту замону маконро ба инобат нагирад. Эҳтимол дорад, ки андешаи таъсиси эътилоф аз қабл вуҷуд дошт, вале эълонаш бо ҳодисаҳои Рашт муродиф омад. Оне, ки ҷомеъаи мо ниёз ба ҳамкории васеъ ва созмонёфтаи тамоми нерўҳҳои мӯътадил ва прогресивиро дорад, шаке нест. Вале, ин ҳама бояд шаффоф, ҳадафмандона ва ҷиддӣ сурат бигирад, то барои кишвар ва миллат кореро анҷом дода тавонад ва муассир ҳам бошад.
Озодӣ: -Дар шароити фишори зиёд болои матбуоти мустақил ва муддати якуним моҳ аз чоп мондани бархе аз ҳафтаномаҳои пешгоми фазои иттилоотии кишвар барои бисёриҳо тасмими раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар заминаи адами фароҳам овардани шароити чопи ин нашрияҳо дар чопхонаи ҳизби шумо ногаҳонӣ буд. Бархе гуфтанд, ки интиқодҳои бархе аз раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар аз ҳад зиёд мулоҳизакор ва ба ҳарфи ҳукумат гӯшкунанда будани ӯ дуруст аст, ки дар шароити бисёр сахти нашрияҳои мустақил ба онҳо дасти кӯмак дароз накард.
Муҳиддин Кабирӣ: -Аввалан, мулоҳизакор будан барои сиёсатмадор сифати баде нест, агар дар он ифрот нашавад. Сониян, гўш додан ба ҳарфи ҳукумат ҳам кори баде нест, агар он ҳарф дар чорчўби қонун ва ба нафъи миллат аст. Вале, дар ҳар тасмими ҳукумат агар хатаре ба манофеъи мардум дида бошем, хатман назари хешро гуфтаем. Шояд тунд не, вале дидгоҳ гуфта шудааст. Такроран мегуем, агар нафаре бештару муассиртар мегўяд, дасти ўро бояд фишурд. Аммо дар бораи ҳамкорӣ бо нашрияҳои мустақил инро метавон гуфт, ки танҳо ду нашрия, «Фараж» ва «Пайкон» ба мо муроҷиат намуданд ва бо сардабирони ҳарду нашрия сўҳбати ошкору мавзўъи доштем. Агарчи матбаъаи мо мушкилоти техникӣ дорад, мо инро баҳона нишон надодем ва ошкор гуфтем, ки вақтҳои охир ҳассосият болои ҳизб бештар гаштааст. Вазифаи роҳбарияти ҳизб камтар кардани ҳассосиятҳост, на бештар кардани онҳо. Намехостам инҷо вориди ҷузъиёт шавам, вале нафароне, ки таҳлили воқеъии масоили кишвар ва минтақаро доранд, дарк мекунанд, ки масъала чист. Хулоса ин шуд, ки имконияти нашр дар ҷойҳои дигар ҷустуҷӯ шавад ва дар ҳар сурат ҳамкориро идома хоҳем дод. Чун каси дигаре омода нашуд «Пайкон»-ро нашр кунад, он вақт тасмим ба нашри он шуд ва ҳоло ҳам идома дорад. Худоро шукр, ки дигар нашрияҳо ҳам ба нашр расиданд ва умед дорам , ки дигар ин ҳолат барнамегардад. Агар натавонистем пурра кумак расонем, умедворам ки узри моро қабул хоҳанд кард. Худи нашрияҳо ҳам борҳо дар чунин ҳолат меафтанд. Масалан, маводе ворид мегардад, ки ҳақ дорад нашр бишавад, вале нашрия бо мулоҳизаҳои гуногун ё қисман нашр мекунад ё умуман даст мекашад.
Озодӣ: -Шумо фикр намекунед, ки чунин тасмим дар як лаҳзаи бисёр муҳими ҳам сиёсӣ ба обурӯ, нуфуз, рисолат ва ҳам мавқеияти ҳизби наҳзат ба унвони ҳизби пештори мухолифини кишвар зарба мезанад?
Муҳиддин Кабирӣ: -Боло ё поин рафтани обрў, нуфуз ва мавқеъи як ҳизб марбут ба мардум аст ва ингуна ҳолатҳо метавонад таъсири хешро андаке дошта бошад. Ҳамкорӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеъа яке аз рисолатҳои аслии ҳизби сиёсӣ мебошад, вале ҳамаи он нест. Интизорӣ аз ҳизби мо ҳамеша зиёд будааст ва гоҳо бештар аз имконоти мо. Ин аз як тараф хуб аст, аз тарафи дигар моро водор мекунад, ки масъулиятҳои бештар аз имконро дошта бошем. Бояд воқеъбин ва шаффоф буд. Чуноне, ки мо дар муносибат бо бӯҳрони нашрияҳои мустақил амал кардем ва ҳарки инсоф дошт онро фаҳмид. Ҳар касе кина ё ғаразе нисбати ҳизби мо ё ҳатто шахсиятҳои алоҳидаи он дар сина мепарварид, ин фурсатро истифода кард ва ҳарфҳоеро њам дурушту дағал гуфт. Табиъати роҳ ҳамин аст, наметавон ҳамаро якбора аз худ розӣ бигардонӣ. Думболи холҳои сиёсии муваққатӣ гаштан ё аз танқидҳои кинаомез рўҳафтода гаштан хоси нерўњои сиёсии ҷиддӣ нест. Оромона, устувор ва ошкор рафтор намудан, ҳар нерўро аз бўҳрон нигаҳ медорад, ҳатто агар онро вориди чунин бӯҳрон ҳам карданд, боз роҳеро пайдо хоҳад кард. Ин равиши ҳизби мост ва дигарон ҳақ доранд, ки қабулаш намоянд ё мухолифи он бошанд.