Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карим Масимов: "Баҳси оби минтақа ҳассос аст"


Нахустин сафари расмии Карим Масимов, нахуствазири Қазоқистон ба Тоҷикистон бо имзои як санади ҳамкорӣ дар заминаи туризм ва ифтитоҳи Сандуқи сармояҳои мустақими ду кишвар ба поён ёфт. Ҷаноби Масимов омодагии кишварашро барои кӯмак дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон эълом кард.

Оқил Оқилов, нахусвазири Тоҷикистон сафари ҳамтои қазоқаш ба Тоҷикистонро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ кард ва аз Қазоқистон ба унвони шарики минтақавӣбарои кишвараш ёд намуд.

Дар навбати худ нахусвазири Қазоқистон ҳамкориҳо дар бахши энержиро аз самтҳои афзалиятнок дар ҳамкориҳои Қазоқистон бо Тоҷикистон донист ва зимнан мавзӯи истифода аз захоири об барои кишварҳои минтақаро масъалаи ҳассос донист.

Ҷаноби Масимов таъкид кард, бо вуҷуди он, ки ин мавзӯъ нозук аст, аммо умедворем, ки бо талошҳои муштарак роҳи ҳаллеро пайдо кунем, ки тамоми кишварҳои минтақаро қонеъ созад.

Ҳарчанд сарвазири Қазоқистон дар ин мавзӯъ ба кишвари хосе ишора накард, вале коршинонсон ихтилофи назар миёни кишварҳои болооб-Тоҷикистон ва Қирғизистон ва поёноб -Узбакистон ва Туркманистон ва ҳамчунин Қазоқистонро дар назар дорад, зеро дар чанд соли охир дар истифода аз захоири оби минтиқа ихтилофҳое вуҷуд доштаааст.

Сафари нахуствазири Қазоқистон

Карим Масимов, нахуствазири Қазоқистон имрӯз вориди Душанбе шуд ва дар нишасти тоҷирони тоҷику қазоқ ширкат варзид. Ӯ зимни таъсиси Сандуқи сармояҳои мустақими ду кишвар гуфт, кишвараш дар бахшҳои саноъати сабук, хӯрокворӣ ва телекоммуникатсия дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад.

Сафари ӯ дар чаҳорчӯби нишасти нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифтааст. Нишасти мазкур қарор аст, рӯзҳои 25-26 -уми ноябр дар шаҳри Душанбе доир шавад.

Нахуствазири Қазоқистон субҳи имрӯз ҳамоиши тоҷирони қазоқ ва тоҷикро ифтитоҳ намуда ва дар он суханронӣ кардааст. Ӯ аз ҷумла гуфтааст, ки
Қазоқистон омода аст, ки дар бахшҳои саноъати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъданҳо сармоягузорӣ кунад.

Имрӯз инчунин сарвазирони Тоҷикистон ва Қазоқистон санадеро дар мавриди таъсиси Сандуқи сармояҳои мустақими ду кишвар имзо кардаанд. Ин сандуқ 80 миллион сармоя зоҳад дошт, ки 80 дарсади онро Қазозистон ва 20 дарсади онро Тоҷикистон пардохт мекунад.

Ин сандуқ барои пиёда кардани тарҳҳои ҳадди энержӣ, коркарди маъодин, рушди саноъати хӯрокворӣ ва саноъати сабук ва иқтисод ихтисос ёфтааст.

Тарҳи нав барои се кишвар минтақа

Тавсеаи ҳамкориҳои энержӣ аз мавзӯъҳои меҳварии иҷлоси Комиссиюни муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон дар Душанбе шаҳр буд, ки рӯзи сешанбе баргузор шуд.

Ин ҳамкориҳо ба бахши сохтмони нерӯгоҳ ва хатҳои интиқоли барқ робита дорад, ки тавъам ба ниёзи Тоҷикистон ба воридоти нерӯи барқ аз кишварҳои ҳамсоя аст.

Анатолий Дерновой, дабири масъули вазорати ҳифзи муҳити зист ва ҳамраиси Комиссиюни муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон, гуфт, дар ин иҷлос масъалаи сохтмони хатти баландшиддати 500-киловолтии Хуҷанд-Дашка-Кемин-Алмаато мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ӯ афзуд: "Ин тарҳ бо ибтикори се кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон сохта хоҳад шуд ва он имкон хоҳад дод, нерӯи барқ аз кишварҳои Қирғизистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон интиқол дода шавад. Дар бораи сохтмони он бояд раҳбарони ин се кишвар тасмим бигиранд ва тавофуқ кунанд, ки барои Тоҷикистон як барномаи мушкилкушо ва муфиде хоҳад буд».

Ҳамчунин ҷаноби Дерновой дар посух ба суоли радиои Озодӣ, ки ба чӣ далел мақомоти Қазоқистон дар чорчӯби Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба мушкилоти транзити колоҳо ба Тоҷикистон аз тариқи Узбакистон расидагӣ намекунад, гуфт, ки Қазоқистон ба унвони раиси ин созмон ба ҳалли масоили минтақаӣ талош хоҳад кард.

Ӯ гуфт: «Ба назари ман, мушкилоте, ки дар мавриди бахши энержӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, дар чорчӯби фаъолияти САҲА баррасӣ ва ба нафъи Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд».

Таъсиси фонди муштараки сармоягузорӣ

Ҷуз қарори иҷлоси ин комиссиюн, ки ҳамкориҳо дар бахши кашфу истихроҷи нафту газ, ҳамкорӣ дар бахши саноати кӯҳӣ ва маодин, ҳамчунин ташкили корхонаҳои муштараки тавлидӣ, аз қабили корхонаҳои консерви шарбати мева ва коркарди алюминиюмро дар бар мегирад, чизи муҳиме, ки дар ин иҷлос матраҳ буд, ин ташкили фонди муштараки сармоягузории Қазоқистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбест.

Интизор меравад фардо муаррифии ин фонд баргузор шавад ва имкон дорад нахуствазири Қазоқистон дар ин нишаст ширкат кунад.

Давлаталӣ Саидов, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ҳамраиси комиссиюни муштараки байнидавлатӣ, дар бораи ин фонд гуфт: «Сармояи муштараки аввалияи ин фонд ҳудуди 80 миллион доллари амрикоист ва ин сармояҳо барои иҷрои барномаҳои инвеститсионии давлатӣ дар Тоҷикистон истифода хоҳад шуд. Ба хусус иҷрои барномаҳое, ки бахши хусусӣ пешниҳод мекунад».

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Саидов, табодули коло миёни ду кишвар 189 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад, ки бо дар назар гирифтани тавони ду кишвар, андак аст.

Тақозои лағви боҷ барои гази моеъ

Ҳамчунин дар ин комиссиюн аз ҷониби Тоҷикистон тақозо шудааст, ки Қазоқистон боҷи давлатии роҳандозикарда дар воридоти гази моеъ ба Тоҷикистонро лағв кунад. Дар ҳоле ки 97 дарсади гази моеи ниёзи Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мешавад.

Нишасти СҲШ

Интизор меравад, сарвазирони кишварҳои дигари узви ин созмон, аз ҷумла Владимир Путин низ ба қасди ширкат дар нишасти Душанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шаванд.

Нахсутвазири Узбакистон дар ин нишаст ширкат нахоҳад дошт. Узбакистонро дар нишасти сарвзирони узви Созмони Шанхай дар Душанбе муовини нахуствазири он кишвар намояндагӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG