Қабл аз шурӯи мулоқот Эмомалӣ Раҳмон нақши Владимир Путинро дар рушди ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон «дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шўравӣ беназир» хонд ва аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро ҳосили талошҳои ӯ номид.
Нахуствазири Русия низ ба равобити ду кишвар баҳои мусбат дод, вале бештар дар робита ба ҳамкориҳои низомӣ сӯҳбат ва бар зарурати тақвияти ин ҳамкориҳо таъкид кард.
Вале мавзӯъҳои матраҳшуда дар музокироти рӯбарӯи Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонро ҳеҷ ҷонибе эълон накард. Интизор мерафт нахуствазири Русия пас аз анҷоми дидор ва гуфтугӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон бо хабарнигорон сӯҳбат кунад, вале дар охирин лаҳза ӯ аз сӯҳбат худдорӣ намуд.
Ҳарчанд дар мавриди гуфтугӯҳо пушти дарҳои баста иттилои дақиқ вуҷуд надорад, вале Максим Пешков, раҳбари бахши Тоҷикистон дар вазорати умури хориҷии Русия ва собиқ сафири ин кишвар дар Душанбе, ба хабарнигорон гуфт, дар ин мулоқот маҷмӯи ҳамкориҳои стратегии сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башарӣ баҳсу баррасӣ шудааст.
Ҷаноби Пешков масъалаи ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро яке аз мавзӯъҳои аслии музикороти ҷонибҳо номид ва гуфт, Русия омодааст, дар ҳифзи марзҳо ба Тоҷикистон кумак кунад. Ӯ дар робита ба эҳтимоли бозгашти марзбонони Русия ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон гуфт, «ин тасмим салоҳияти Тоҷикистон аст».
Ба гуфтаи ӯ, бо ибтикори ду ҷониб ахиран як комиссиюн ташкил шудааст ва он масоили шеваи ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар ҳифзи марзҳоро баррасӣ ва таҳия мекунад.
Русия панҷ сол пеш бо дархости Тоҷикистон нерӯҳояшро аз марзи ин кишвар бо Афғонистон ихроҷ кард. Вале ахиран таҳлилгарон бо ишора ба изҳороти намояндагони бархе аз мақомоти баландпояи Русия, аз эҳтимоли бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон тахмин мезананд.
Максим Пешков дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди эҳтимоли баррасии фурӯдгоҳи Айнӣ дар мулоқоти имрӯз гуфт, «мавзӯи фурӯдгоҳи Айнӣ матраҳ нашудааст».
Ахиран дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, гуфта буд, ки роҷеъ ба фӯрудгоҳи низомии Айнӣ Тоҷикистон танҳо бо Русия музокира мекунад.
Аксари таҳлилгарони тоҷик низ тахмин мезаданд, шартҳои иҷораи фурӯдгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар 15-километрии шарқи шаҳри Душанбе, дар мулоқоти Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ хоҳад шуд. Ин фурӯдгоҳ бо ҳамкории Ҳиндустон таъмир шудааст ва ҳоло Русия мехоҳад онро иҷора бигирад.
Мавзӯи дигари матраҳшуда дар мулоқоти Раҳмон бо Путин ҳамкориҳо дар бахши энержӣ, ба хусус масъалаи боҷ аз вуруди маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон гуфта мешавад.
Русия моҳи июни соли ҷорӣ дар содироти маводи сӯхт бо Тоҷикистон боҷи давлати ҷорӣ кард, ки бар асари он қимати як литр бензин дар Тоҷикистон 30-40 дарсад боло рафт. Ин дар ҳолест, ки 70 дарсади маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад.
Дар остонаи сафари Владимир Путин ҳайатҳои ду кишвар дар Маскав дар бораи аз сар гирифтани воридоти маводи сӯхт бидуни боҷи давлатӣ тавофуқ карданд. Таҳлилгарон баррасии ин мавзӯъ дар мулоқот бо нахуствазири Русияро барои лағви боҷи нав ҳалкунанда меноманд.