Абдулсамад Хуррамшоҳӣ, вакили Шаҳло Ҷаҳод, дар гуфтугӯ бо бахши форсии радиои Озодӣ иҷрои ҳукми эъдоми зерҳимояи худро тайид кард.
Оқои Хурамшоҳӣ гуфтааст, ки ҳукми эъдоми хонум Ҷоҳид бо гузашти ҳудуди ҳашт сол ва дар пайи тайиди Девони олии кишвар ва мувофиқати раиси қувваи қазоия, соати панҷи субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар дохили зиндони Эвин иҷро шудаст.
Ин дар ҳолест, ки Созмони афви байналмилал рӯзи шанбе хостори таваққуфи ин ҳукми қатл шуда буд.
Шаҳло Ҷоҳид муттаҳам аст, ки дар нуҳ соли пеш ба зарби корд Лоло Саҳархезиён, ҳамсари Носири Муҳаммадхонӣ, узви тими миллии футболи Эронро ба қатл расонидааст.
Оқои Хуррамшоҳӣ гуфтааст, масъулоне, ки аз қувваи дастгоҳи қазоӣ дар маросими иҷрои ҳукм ҳузур доштанд, тамоми талоши худро барои ба даст овардани ризояти гузашт аз иҷрои ҳукми қатл дам ба кор гирифтанд, аммо натиҷа набахшидааст.
Оқои Хуррамшоҳӣ афзудааст, Шаҳло дар лаҳазоти охир бо илтимосу гиря аз хонаводаи Лола Саҳархезон мехост, ки аз қасоси ӯ гузашт кунад.
Шаҳло Ҷоҳид билфосила баъди анҷоми қатли ҳамсари футболисти эронӣ боздошт шуд. Аммо пас аз баргузории чанд ҷаласаи додгоҳ тамомии баёноти қаблии худро, ки ба қатл Саҳархезон иқрор мекард, инкор намуд. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ дахолате дар қатли мазкур надошта ва танҳо ба хотири Муҳаммадхонӣ ва алоқае, ки бо ӯ дошта ба қатл эътироф кардааст.
Носири Муҳаммадхонӣ ва хонаводаи Лола Саҳархезон хостори муҳокимаи Шаҳло Ҷоҳид шуданд.
Имсол, пас аз нӯҳ соли ин қазия Шаҳло дар номае ба раиси қувваи қазоияи Эрон хостори расидагӣ ба парвандааш шуд. Ӯ дар ин номаи худ зикр карда буд, ки аз муддати тӯлонии зиндон хаста шудааст ва бар иловаи ҳукми қасос ба се соли зиндон маҳкум мебошад, аммо ӯ се баробари ин муддатро дар зиндон сипарӣ кардааст.
Оятулло Содиқи Лориҷонӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон, пас аз мутолиа ва баррасии ниҳони парвандаи Шаҳло Ҷоҳид иҷозаи иҷрои ҳукми эъдомро содир кард. Ва аз парванда ба додсарои Теҳрон ирсол шуд, то дар сурати исрори муддаиён ба муҷозоти марг Шаҳло ба дор овехта шавад.