Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатлон: Пурсарусадотарин рӯйдодҳои сол


Ҳабс шудани як узви фаъоли ҲНИТ дар пайи интихоботи парлумонӣ, ҳукми зиндон гирифтани 40 пайрави «Ҷамоати таблиғ» ва дар банди Узбакистон мондани вагонҳо аз пурсарусадотарин рӯйдодҳои сол дар Хатлон унвон мешаванд.

«Маҳбуси сиёсӣ»

Ба як соли маҳбас маҳкум шудани Ҳабсшавии Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов, узви фаъоли ҲНИТ дар пайи интихоботи парлумонии моҳи феврал, аз таҳаввулоти рӯшантарини поёни соли 2010 дар водии Вахш ба ҳисоб меравад.

Масъулони ҲНИТ, аз ҳизбҳои умдаи мухолифи давлат, зиндонӣ шудани ҷаноби Бурҳоновро ба пофишориҳояш дар рӯзи интихобот, ки бо пирӯзии номзади ин ҳизб ба вакилии маҷлиси маҳаллӣ анҷомид, рабт дода, ӯро «маҳбуси сиёсӣ» номиданд.

Дар моҳи ноябр Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов бо бемории сил ва заъф дар шунавоиш қабл аз мӯҳлат ба озодӣ расид ва гуфт, аз ақоиди сиёсиаш даст нахоҳад бардошт ва ба ҳизби худ содиқ хоҳад монд.

Парванда алайҳи собиқ намояндаи президент


Дар робита ба интихоботи парлумонии имсола ҳамчунин алайҳи собиқ вакили парлумони Тоҷикистон ва намояндаи президент дар ноҳияи Вахш Сайвалӣ Нуров ҳам парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ки айни ҳол додгоҳи ноҳияи Бохтар онро баррасӣ дорад.

Мақомот собиқ вакили Маҷлиси намояндагонро дар латукӯби раиси қитъаи раъйдиҳӣ ва авбошӣ муттаҳам карданд. Иддаое, ки худи ҷаноби Нуров онро рад кард ва гуфт: «Инҳо танҳо ба хотири сенсатсиясозӣ ва ба хотири пирӯзии номзади расмии Ҳизби халқии демократӣ ин ҳама корро ташкил карданд. Вагарна, ман ҳам узви фаъоли ҳамин ҳизб ҳастам, дафъаи гузашта номзади ҳамин ҳизб ба вакилии парлумон будам.»

Дар воқеъ Сайвалӣ Нуров натавонист дар ин интихобот баранда шавад, ҳарчанд дар интихоботи гузаштаи соли 2005 дар ҳамин ҳавза, ӯ 92 дарсади раъйи интихобкунандагонро соҳиб шуда буд.


Додгоҳи фаъолони «Ҷамоати таблиғ»


Ҳукми зиндони беш аз 40 сокини вилояти Хатлон, аз ҷумла 4 зан, бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъи «Ҷамоати таблиғ», низ аз таҳаввулоти муҳимтарини сол дар водии Вахш унвон мешавад.

Дар моҳи майи соли 2010 додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми зиндони якбора 36 сокини минтақаро, ки узви фаъоли «Ҷамоати таблиғ» дониста мешуданд, содир кард. Нафарони муттаҳам барои аз 3 то 6,5 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Шикоятҳо ба додгоҳи таҷдиди назар ҳам асар надоданд ва ин ҳукм бетағйир боқӣ монд.

Нурулло Ашӯров, вакили мудофеъи маҳкумшуда Носир Раҳимов, ки аз пешвоҳои "Ҷамоаи таблиғ" дар минтақаи Қӯрғонтеппа шинохта мешуд, дар як тамоси телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, сарфи назар аз ин ки вай дар шикояти кассатсиониаш ба Додгоҳи Олӣ далелҳое собиткунанда ба ҳукми ноодилонаи додгоҳи вилояти Хатлон нисбат ба нафари таҳти ҳимояташ овардааст, додгоҳи таҷдиди назар ҳам баҳои ғайримунсифона ба ин парванда додааст.

Вакили мудофеъ Нурулло Ашӯров афзуд, бисёре аз афроди маҳкумшуда бо ҷурми узвият дар "Ҷамоаи таблиғ" ба нишони нобоварӣ ба мустақилияти додгоҳҳо, аз идомаи мубориза барои озодии худ даст кашида, ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят набурдаанд.

Парвандаи волидони «бемасъуият»

Парвандаи дигари ҷиноятии пурсарусадо дар Қӯрғонтеппа марбут ба падару модари чаҳор ноболиғ буд, ки гӯиё монеъи таҳсили фарзандонашон мешудаанд.

Ин якумин як чунин парвандаи ҷиноӣ дар кишвар будааст, ки ба масъулият ё бемасъулиятии волидон нисбат ба таҳсили кӯдаконашон рабт дорад. Додгоҳи Қӯрғонтеппа ҳар яке аз волидонро ба пардохти севуним ҳазор сомонӣ, муодили қариб 800 доллари амрикоӣ ҷарима, маҳкум намуд.

Додраси парванда гуфтааст, «дар мурофиаи додгоҳӣ маълум гардид, ки волидон ба сабаби мушкили молӣ ва нодорӣ водор шудаанд, фарзандони хурдсоли худро аз рафтан ба таълимгоҳ манъ кунанд».

Иқтисоди пурмушкили Хатлон дар соли 2010

Ва аммо аз муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодии минтақа ба иддаои аҳли назар, бозмондани беш аз ҳазор вагони пурбори соҳибкорони хатлонӣ дар қаламрави Узбакистон, барои аввалин бор дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол иҷрои саддарсадии нақшаи солонаи чиниши пахта ва мавриди истифода қарор гирифтани роҳи байналмилалии мошингарди Дӯстӣ-Панҷи Поён-Афғонистон, хонда мешавад.

Ҷалби кӯдакон ба пахтачинӣ


Таҳлилгарон мегӯянд, нақшаи солонаи истеҳсоли пахта дар Хатлон ва, умуман, дар Тоҷикистон ба он хотир пурра иҷро шуд, ки:

1) Майдони кишти пахта дар соли ҷорӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дода шуда, агар дар соли гузашта нақшаи истеҳсол беш аз 350 ҳазор тонна буд, имсол ҳамагӣ 300 ҳазор тонна бояд мечиданд (мақомоти вилояти Хатлон тасмим гирифтанд дар соли ояндаи 2011-ум майдони кишти пахтаро то 35 дарсад афзоиш диҳанд);

2) Қимати пахта дар бозори ҷаҳонӣ як бора боло рафт, биноан, қимати чиниши пахта ба ҳисоби миёна аз 5 то 20 дирам барои як килограмм муқаррар шуд. Кишоварзон, ки то ин сол ҳақмузди пах таро ғундоштаашонро саривақт намегирифтанд, имсол ҳавасманд буданд, ки аз ин ҳисоб суди молӣ бардоранд, ҳарчанд ин даромади ночиз буд;

3) Имсол агар ҳам донишҷӯёни мактабҳои олии минтақа ба маъракаи ғунучини пахта ҷалб нашуданд, аммо мақомот аз нерӯи кӯдакон дар иҷрои нақшаи истеҳсоли «тиллои сафед» фаровон истифода карданд (дар ин бора радиои Озодӣ чанд матлаб нашр карда буд).

Ҳазор вагони пурбор – ҳазор мушкили соҳибкор


Давоми соли 2010 беш аз 1000 адад қатори роҳи оҳан ё вагонҳои ҳомили масолеҳи гуногуни сохтмонӣ, аз ҷумла барои нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ва низ озуқа, ки бояд вориди вилояти Хатлон мегардид, дар қаламрави ҷумҳурии Узбакистон банд монда буд. Ба гуфтаи мақомоти ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ҷониби Узбакистон бидуни эъломи қаблӣ ё шарҳи расмии сабаб, дар хоки кишвари худ вагонҳои борбари мансуб ба ширкатҳо ва соҳибкорони хатлониро дар инҳисор қарор додааст.

Манъи қаторҳо дар хоки Узбакистон эътирозҳои пайопайи соҳибмулконро ба бор оварда, соҳибкорон аз Хадамоти боркашонии Роҳи оҳани Тоҷикистон талаби воридоти молу дороияшонро пеш овардаанд. Ин «муҳосираи иқтисодӣ» боиси боло рафтани қимати мавод дар бозорҳои Хатлон шуда, бисёре аз соҳибкорон ба сабаби бардоштани хисороти қобили мулоҳиза, аз идомаи воридоти молу коло ба Тоҷикистон худдорӣ карданд.

Ба иттилоъи мақомот, то поёни соли 2010 ин мушкил қисман ҷой дошта, ҳанӯз ҳам даҳҳо вагони ҳомили молу колои соҳибкорони хатлонӣ дар Узбакистон банд мондааст.

Бозсохти роҳи байналмилалӣ

Мавриди истифода қарор гирифтани роҳи байналмилалии мошингарди Дӯстӣ-Панҷи Поён, ки ҷануби Тоҷикистон бо кишвари Афғонистон пайванд медиҳад, аз таҳаввулоти камтарини мусбат дар водии Вахш маҳсуб мегардад.

Роҳи байналмилалии мазкур бо сармояи думиллиондолларии давлати Ҷопон бозсохт шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мазкур, дар миёни сокинони маҳаллӣ сарусадоҳое ба миён омаданд, ки гӯё равуо аз тариқи ин ҷода ҳам ба монандаи роҳи Душанбе-Хуҷанд пулакӣ хоҳад шуд.

Аммо вазири нақлиёту мухобироти Тоҷикистон Олимҷон Бобоев, дар робита ба «тарс»-у гумонҳои сокинони маҳаллӣ дар мавриди эҳтимоли пулакӣ шудани роҳи мазкур гуфт, давлати Ҷопон маблағи бозсохти ин роҳро ба унвони қарзи бебозгашт додав а низ барои нигаҳдории роҳ маблағи зиёд лозим нест. Зимнан, ба гуфтаи вазир, истифода аз роҳи мазкур пулакӣ нахоҳад шуд.

Ҷалби аввалин сармоя



Коршиносон ҳамчунин барои нахустин бор дар 2 соли ахир, ҷалб шудани беш аз 10 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», воқеъ дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлонро низ аз пешрафтҳои иқтисоди минтақа арзёбӣ мекунанд. Имсол ду ширкати хориҷӣ лоиҳаҳои худро барои сармоягузорӣ омода намуда, барои татбиқи он бо маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» мувофиқа ҳосил кардаанд.

Муаллифи яке аз тарҳҳои сармоягузорӣ ширкати тавлидотию сохтмонӣ ва тиҷории мавсум ба «Pioneer»-и Амрико мебошад. Ширкати мазкур мехоҳад, бо сармояи наздик ба ду миллиону 700 ҳазор доллари амрикоӣ дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ корхонаи саноатии истеҳсоли лӯлаҳои плостикӣ барои бунёди дару деворҳо бино кунад.

Ба ҷуз ин, ҳамчунин як ширкати олмонӣ барои сохтмони терминали логистикӣ бо лоиҳаи «Трасека» дар минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» алоқамандӣ нишон додааст. Имсол дар мавриди ихтисос додани 100 ҳазор метри мукааб пораи замин дар ин минтақа гуфтушунид анҷом ёфтааст. Барои бунёди терминали мазкур ширкати олмонӣ 7,5 миллион доллари амрикоӣ масраф хоҳад кард. Қарор аст, пружаҳои мазкур дар соли меомадаи 2011-ум амаль карда шаванд.

«ТоҷикАзот» - устухоне дар гулӯи мақомоти Хатлон

Дар соли 2010-ум ҳам Корхонаи азими саноатии «ТоҷикАзот» ба кор андохта нашу ва гузашта аз он, мақомот эълом доштанд, ки ин ширкат дар рӯ ба рӯйи муфлисшавӣ қарор дорад. Имсол идораи молиёти вилояти Хатлон аз додгоҳи иқтисодии минтақа хост, ширкати «ТоҷикАзот»-ро ба сабаби афзоиши қарзи андоз ва дар ду соли ахир аз фаъолият бозмонданаш расман муфлис эълон кунад.

Ширкати муштараки Тоҷикистону Кипр «ТоҷикАзот» аз корхонаҳои азимтарин ва ягонаи саноатӣ дар кишвар аст, ки ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва дигар маводи муҳим барои анҷоми умури кишоварзӣ машғул буд. Аммо корхонаи мазкур сар аз моҳи декабри соли 2008-ум ба сабаби қатъ шудани интиқоли гази воридаи Узбакистон, аз фаъолият бозмондааст. Хисороти расида аз тавқифи кори ин ширкат танҳо дар соли 2010-ум, тибқи ҳисобҳои тахминӣ, беш аз 100 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Ҳикматулло Раҷабов, раиси шаҳри Сарбанд, мегӯяд: «Қарзи ғуншудаи корхона аз об, газ ва барқ аз 14 миллион сомонӣ гузаштааст. Мо чанд дафъа бо раҳбарияти ин корхона мулоқот анҷом додем, фақат ваъдаи холӣ мекунанд, ки имрӯз ё пагоҳ корхона фаъолияташро аз сар мегирад. Аммо чунин ба назар мерасад, ки онҳо ҳатто дар ин солҳои наздик нияти кор кардан надоранд…»

Дар бораи тасмими додгоҳи иқтисодии минтақа оид ба муфлис эълон шудан ё нашудани «ТоҷикАзот» ҳанӯз ҳеҷ иттилоъе нашр нашудаст.

Эҳтимоли муфлисшавии 1000 корхона


Дар баробари ин, мақомоти вилояти Хатлон имсол изҳор карданд, ки ҳамчунин наздик ба 1000 корхонаи саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзии минтақа низ бо хатари муфлисшавӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Ба гуфтаи Азамат Нуралиев, масъули умури ҳуқуқии идораи андози вилояти Хатлон, аз ҷамъи 150 миллион сомонӣ қарзи ғуншудаи молиёт, наздики 50 миллионаш ба корхонаҳое мансуб аст, ки агар ҳам расман фаъолият доранд, амалан муфлис шудаанд.


Манъи сатру риш ва масҷидравии ноболиғон


Вале мушкили дигаре, ки давоми соли 2010 вирди забонҳо ва аз мавзӯъҳои ҳассосу пурбаҳс буд, манъи фаъолияти занони сатрпӯш ва мардони ришдор дар бозорҳои марказии Қӯрғонтеппа буд.

Миёнаҳои сол гурӯҳе аз занони соҳибкори бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки пӯшиши исломӣ доштаанд, аз амалкарди маъмурияти бозор, ки ба вуруди босатри онҳо ба бозор монеъ шудааст, изҳори норизоиятӣ карда, гуфтанд, ки қасди муроҷеъа ба раисиҷумҳури Тоҷикистон ё додгоҳро доштаанд.

Ба гуфтаи манбаъҳо, маъмурияти бозор ва ҳукумати Хатлон ҳамчунин ба тоҷироне, ки бо риш дар бозор фаъолият мекардаанд, фишор овардаанд, то риши худро битарошанд.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки ин мушкил то ҷое роҳҳал пайдо кардааст ва феълан дар фурӯшгоҳҳо занони босатр ва мардони ришдорро вохӯрдан мумкин аст, ки фаъолияти тоҷирӣ доранд.

Манъи ноболиғон аз масҷид ва таълимоти мазҳабӣ

Ҳукумати вилояти Хатлон ва мақомоти интизомии минтақа имсол бештар аз ҳарвақта ба масъалаи манъи рафтани наврасон ба масоҷид ва гирифтани таълимоти исломӣ дар назди мударисон таваҷҷӯҳ доштанд. Садҳо наврасону ҷавонон аз масҷид берун оварда шуда, даҳҳо мударрисон бинобар таълими мазҳабии ноболиғон ба муҷозоти маъмурӣ кашида шуданд.

Ин тасмими мақомотро Шӯрои уламои Хатлон пуштибонӣ кард ва аз имом-хатибон дархост шуд, то аз вуруди кӯдакону наврасон ба масоҷид ҷилавгирӣ кунанд.

Ворид шудани як банд дар лоиҳаи Қонуни нав «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (боби 2, моддаи 7), ки тибқи он, волидон бояд «-иштироки фарзандони ноболиғро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои дастаҷамъонаи динӣ (ба истиснои чорабиниҳои азодорӣ) роҳ надиҳанд», мисле ки хулосаи талошҳои мақомоти Хатлон аст.

Агар лоиҳаи қонуни мазкур дар ҳамин шакл қабул шавад, амалан, рафтани шаҳрвандони то 18-сола ба масҷид расман мамнӯъ ва часпу талоши мақомоти вилояти Хатлон ҳам барои ҷилавгирӣ аз равуо ва таълимоти мазҳабии наворасон, саҳл хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG