Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми солинавии шахсиятҳои маъруф


Абдулҳамиди Самад
Абдулҳамиди Самад

Бо пушти сар шудани соли куҳан, шахсиятҳои мухталифи Тоҷикистон соли нави 2011-и мелодиро фоли неке дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар арзёбӣ мекунанд. Бо таваҷҷуҳ ба мушкилот ва маҳдудиятҳои соли сипаришуда, умедворанд, ки соли нав таҳаввуле дар арсаҳои гуногун ба бор биёрад.

Ба ин манзур бархе аз шахсиятҳои саршиноси кишвар паёмҳои худро дар остонаи соли 2011 ироа карданд:

Абдулҳамиди Самад, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон

Соли 2011, ки соли заргӯш ва ё харгӯш аст, табиатан соли нарму покиза хоҳад буд ва инсонҳо ба ҳам самимӣ ва бомуҳаббат мешаванд. Дар арсаи адабиёт низ умедворем ин сол соли муваффақият ва таҳаввули эҷодӣ хоҳад шуд. Зеро чандин барномаҳои фарҳангӣ ва адабӣ дар назар дошта шудааст. Ба хусус бузургдошти 100 - умин солрӯзи устодони насру назми тоҷик Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва Абдусалом Деҳотӣ ва 70 солагии зодрӯзи шодравон, шоири ширинкалом, Лоиқ Шералӣ доир хоҳад шуд. Ин ҷашнҳо танҳо ҷашни як адибу нависанда нахоҳад буд, балки ҷашни адабиёти тоҷик аст.



Муҳимтарин таҳаввулоте, ки дар соли 2011 интизор дорем, рушди адабиёти ҷавон аст ва ба ин муносибат дар соли пешорӯ дуввумин машварати адибони ҷавони саросари Тоҷикистонро баргузор хоҳем кард, ки таконе дар назму наср ва нақди адабӣ ва фурсати дарёфти истеъдодҳои нав хоҳад буд. Дар ҳама давру замон, рисолати Иттиҳоди нависандагон кашфи истеъдодҳо ва рушди адабиёт буд ва хоҳад монд.

Сӯҳроб Шарифов
Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази мутолеоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон
:

Соли 2011 барои мардуми тоҷик, соли хеле ҳам чиддӣ ва пурмаҳсул мешавад ва барои роҳ гузоштан ба тарзи ҳаёти навин шароитро фароҳам хоҳад кард. Дар ин сол бояд аз тамоми он насли шӯравие, ки Тоҷикистонро ба ақиб мекашонад, озод шавем ва системаи сиёсиро мустаҳкам ва хатару таҳдидҳое, ки метавонанад ба Тоҷикистон таъсир гузоранд, аз байн барем. Ба ин маънӣ, ки идеологияи ваҳдату ягонагӣ, рушду тараққӣ, технологияи иттилоотӣ ва ояндаи наверо ба вуҷуд оварем, ки Тоҷикистон ба дастовардҳои наззаррасе ноил шавад. Мардумро аз бӯҳрони рӯҳӣ ва идеологӣ, ки онҳоро фаро гирифтааст ва намедонад, ки чӣ гуна давлат созем ва сохтореро дошта бошем, раҳо кунем. Дар ин амр бояд ҳам ҳукумат, ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии кишвар бояд муштаракан саҳм бигирад.



Вақти он расидааст, ки аҳзоби сиёсӣ фаъолияти хешро ҷиддитар барои манофеъи давлату миллат равона созанд. Дар соли 2011 сохтмони нерӯгоҳи Роғун идома хоҳад ёфт ва ин идеяи давлату миллат боз ҳам равнақ хоҳад ёфт. Дар маҷмӯъ соли 2011 солест, ки бояд барои рафъи тамоми мушкилоти кишвар, ки монеъе дар рушд маҳсуб меёбанд, талош шавад ва ин душвориҳо, аз қабили фасодкорӣ, ки ба амнияти миллии кишвар низ хатар дорад, аз байн биравад. Барои расидан ба ин нияту мақсадҳо, бояд саҳми ҳама қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла хабарнигорон низ бояд бошад, то Тоҷикистон битавонад давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ бошад.

Гулрухсор, шоира:

Паёми Соли Нав аз бурҷи шед аст,
Навиди Соли нав ишқу умед аст.
Китоби аввалини барфи аввал,
Китоби шеъри нав, шеъри сафед аст.

Гулрухсор
Барои ҳамвататанои азиз ва форсизабонони дунё Соли нави 2011 -ро табрик мегӯям ва таманно дорам, ки ҳама орзуҳояшон ҷомаи амал пӯшанд. Ҳар он чизи кӯҳнаи ношояме, ки дар зиндагии мо буданд, дигар такрор дар соли нав нашаванд. Пеш аз ҳама ман мехоҳам, соли нави 2011 дар сиёсат, иқтисод, ва маърифату фарҳанги мардум навгониҳоеро биёрад, то онҳо зиндагиро ба пеш бибаранд ва аз он умеде дошта бошанд. Ба ин хеле умед дорам, аммо дар акси ҳол бо чунин вазъе, ки дар ин соҳаҳо аст, намешавад, зиндагиро пеш бурд. Дар адабиёт, синамо чизи тозае бошад ва дар сухангуфтанҳо, танҳо таърифу тавсиф ва дурӯғ набошад
Ман мехоҳам Тоҷикистон на танҳо аз тариқи СММ шинохта шавад, балки ба воситаи фарҳангу адабиёт маъруф гардад ва инсон худашон бештар созанда бошанд ва зиндагиашонро бисозанд. Ба умеди касе набошанд, балки ватансоз бошанд. Мо бояд як Тоҷикистоне бисозем, ки воқеан сазовори номи тоҷ бошад. Таманнои ман ҳам ҳамин аст, ишқ аст:



Хушо, соле, ки дорад, муждаи ишқ,
Зиҳӣ, соле ки орад, муждаи ишқ,
Ба ҳар фасле биёяд, нав бувад нав.
Ҳамон соле, ки дорад, муждаи ишқ.

Азими Иброҳим: раиси Идораи «Геологияи тоҷик»

Соле, ки Тоҷикистон онро дар пеш дорад ва соли харгӯш дониста мешавад, барои соҳаи геологияи тоҷик дар дар маҷмӯъ тавсеаи энержӣ соли пур аз талошҳои иктишофӣ аст. Зеро ҳадафи аслии давлат истиқлоли энержӣ аст ва заминшиносони тоҷик низ сай доранд, то бо иҷрои лоиҳаҳои наву судовар, тавонанд дар рушду шукуфоии кишвар саҳм гузоранд. Ба ин хотир дар соли 2011 ду экпедисияи нав, дар заминаи сангҳои қиматбаҳо ва ашёҳои радиоактивӣ таъсис дода шудааст. То кунун конҳои зиёди сарватҳои табиӣ кашфу маврид мутолеоти заминшиносӣ қарор гирфтаанд ва дар соли нав рӯи фулузоти гаронбаҳо кор хоҳем кард. Зеро Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги сарватҳои зеризаминӣ аст, ки бо истихроҷу мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин конҳо ҳам иқтисоди Тоҷикистон тавсеа меёбад ва ҳам суди фаровоне ба даст хоҳад омад.



Фикр мекунам, ки агар дар ҳама самтҳои бахши иқтисодӣ суръати афзоиш на камтар аз даҳ дар садро ташкил диҳад, ин ҳатман ба раванди рушди иқтисоди кишвар таъсири мусбӣ мерасаонад. Умед аст, ки соли 2011 соли афзоиши суръати иқтисодӣ ва тавсеаи ҳама бахшҳо хоҳад гашт.

Мӯъмин Қаноат
Мӯъмин Қаноат, шоир:

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон омодааст, ки соли нави 2011 -ро бо хубӣ ва дастовардҳо истиқбол кунад. Албатта Тоҷикистон аз назари ҷуғрофиёи сиёсӣ ва таъриху тамаддун бо Афғонистон, Покистон ва Эрон дар тӯли таърих мо як миллату давлат будем. Ҳукми тақдир моро аз ҳам ҷудо кард ва ҳоло бо низомҳои мухталиф зиндагӣ дорем. Аммо гузаштаи бузурги мо аз ёдҳо сутуданӣ нест. Умедворем, ки дар соли оянда ваҳдату ҳамбастагӣ ва дӯстии кишварҳои минтақа таҳким ёбанд ва ин кишварҳо, таърихи гузаштаи худ - Эрони бузургро, ки тамаддуну фарҳанги ноб дошт ва маъруф гашта буд, фаромӯш насозанд.



Аз сӯи дигар ҳамкорӣ ва муносиботи кишварҳои Осиёи Марказӣ тасеа пайдо кунад. Чаро ки ин кишварҳоо меҳру самимият доранд, аммо муносиботи худро ба таври бояду шояд ба роҳ намондаанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар муносибот ва ҳамкорӣ мушкил доранд. Барои ҳамин барои ҳама кишварҳои ҷаҳон ҳусни тафоҳум, ҳусни дӯстӣ ва бародарӣ, ҳусни ҳамсудӣ ва ҳамкорӣ орзу дорам, ки битавонанд дар мавридҳои мушкил ба ҳамдигар дасти кӯмак дароз кунанд, дар паҳлӯи ҳам бошанд. Зеро он гуна, ки Саъдии бузург дар аҳди худ фармуда буд:

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик:

Таманнои ман ин аст, ки соли 2011 — соли муваффақиятҳои иқтисодӣ бошад. Ман дар назар дорам рушди энергетика, саноат ва ғайра, ки мардум битавонад бо ҷои кор таъмин шавад. Вазъи муҳоҷирони кории мо дар Русия беҳбӯд пайдо кунад ва дар ин замина созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Руасия амалӣ шаванд. Муҳоҷирони кории тоҷик ба дастгирӣ ва фароҳам кардани шароити мусоиди кору зиндагӣ ниёз доранд. Ҳукумат ва созмонҳои ғайридавлатӣ бояд аз ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирон дифоъ кунанд.



Дар бахши ҳуқуқи инсон умедворам, ҳукми қатл дар Тоҷикистон бекор шавад. Агар дар сиёсати давлатӣ дар заминаи таъмини ҳуқуқи инсон,воситаҳои ахбори омма ва ғайра тағйироти кулли ба вуҷуд наояд, пас интизор шудани ҳар гуна таҳаввуле ғайри имкон аст. Давлат бояд ҳуқуқи башарро ҳифз кунад, воситаҳои ахбори умумро кӯмак ва бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тамосу ҳамкорӣ бошад.
XS
SM
MD
LG