Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳисобкунакҳои чинӣ барқ "мехӯранд"?


Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, пас аз насби ҳисобкунакҳои нави электронӣ пардохти қиммати барқ бамаротиб афзудааст.

Олим Раҳматов, як сокини Душанбе мегӯяд, "мегӯянд, дақиқ ҳисоб мекунад. Ин ҳисобкунакҳои чинӣ, ки мегӯянд, хеле зиёд ҳисоб мекунанд. Пештар 25 сомонӣ маблағи барқ месупоридам. Хуб, нархҳо баланд шуданд. Ҳозир 227 сомонӣ месупорам. Ин 50 дарсади маоши ман аст."

170 шикояти сокинон

Аммо Маъруф, сокини дигари Душанбе, мегӯяд, ҳанӯз аз ҳисобкунаки кӯҳна кор мегирад ва дар пардохти ҳаққи барқ тағйире надидааст: "Ҳисобкунаки ман ҳамон ҳисобкунаки Шӯравӣ аст. Ҳар моҳ 20-25 сомонӣ пардохт мекунам."

Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, дар ин маврид аз ҳудуди 170 сокини шаҳри Душанбе, ки пурра ба ҳисобкунакҳои электронӣ гузаштааст, шикоят дарёфт кардааст.

Маҳмадамин Аминов, мудири иҷроияи гурӯҳи амалисозии тарҳи кам кардани масрафҳои "Барқи тоҷик" гуфт, ин шикоятҳо ба пуррагӣ баррасӣ шуданд ва дар ҳисобкунакҳо нуқсоне вуҷуд надорад.

"Мо имрӯз ҳам ҳозирем, шикояти ҳар шаҳрвандро дар мавриди нодуруст ҳисоб кардани ҳисобкунакаш баррасӣ кунем. Ҳисобкунакро рафта, аз ҷояш наҷунбонда бо ширкати назорати барқ, хадамоти барқрасонӣ санҷиш мекунем",-афзуд ӯ.

Фирӯз Саидов, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон
"Ҳисобкунакҳои ҳассос"


Ба қавли оқои Аминов, ҳисобкунакҳои электронии сохти Чин, шаҳодатномаи байнулмилалии сифатро доранд ва дар қиёс бо ҳисобкунакҳои индуксионии замони Шӯравӣ ҳассостаранд.

Бо ин вуҷуд, чаро пардохти қиммати барқ афзудааст? Агар гап сари ҳисобкунакҳо нест, пас дар чист?

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи "Барқи тоҷик" мегӯяд, афзоиши пардохтҳо танҳо хоси моҳи январ аст, зеро аз мардум ҳаққи истифодаи барқ аз 10 рӯзи ахири моҳи декбари соли гузашта низ ҷамъ шудааст: "Дар он ҳуҷҷат дарҷ шудани калимаи "қарз" маънои аз моҳҳои дигар қарздор будани мардумро надорад, балки маблағи истифодаи барқ дар ҳамин даҳ рӯзи моҳи декабр аст."

Ғуломиддин Сайфиддинов, коршинос дар умури энержӣ мегӯяд, далоили "Барқи тоҷик" дар бораи боло рафтани пардохтҳо заиф ба назар мерасанд: "Телевизионҳои давлатӣ шабу рӯз мегуфтанд, ки чароғакҳои каммасраф харед, масраф кам мешаваду кам пардохт мекунед. Аммо ҳоло ҳама аз афзудани пардохтҳо шикоят мекунанд. Умуман, харҷу марҷ дар ҳисобу китоби ин ширкат хеле зиёд аст. Саг соҳибашро намешиносад."

Иштибоҳи "Барқи тоҷик"

Фирӯз Саидов, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, сохтори ҷамъоварии ҳаққи барқ аз сӯи "Барқи тоҷик" доимӣ ва ҳамасола ба чунин мушкил дучор меояд. Номбурда афзуд, ин ширкат дар нимаҳои моҳ маблағ ҷамъоварӣ мекунад ва зарур меояд, ки ҳаққро ҳатто бо таруфаҳои соли гузашта ҷамъ оварад.

"Хатои "Барқи тоҷик" дар он аст, ки аз 1-уми январ пул ҷамъ намекунад. Азбаски мардум 20-уми декабр ҳаққи барқро пардохтааст, барои ҳамин дар як моҳ ду квитансия бо ду нарх ҳам пайдо мешуду мешавад",-мегӯяд ҷаноби Саидов.

Дар ҳамин ҳол, "Барқи тоҷик" мегӯяд, соли гузашта ин ширкат 337 миллион сомонӣ зиёдтар маблағ ҷамъоварӣ кардааст. Нозирҷон Ёдгорӣ мегӯяд, далели ин муваффақияти ширкат афзоиши истеҳсоли барқи муфид ба 14 миллиард, беш аз 885 миллион киловат соат дар қиёс бо соли 2009, захираи мӯътадили об дар обанборҳо ва беҳтар шудани сохтори ҷамъоварии маблағ аст.

Бо ин вуҷуд, коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки соҳаи энержии дунё аз манбаи умдаи даромади кишварҳо маҳсуб мешавад, ширкати "Барқи тоҷик" зиёновар будааст.

Абдулло Ёров, раиси ширкати "Барқи тоҷик"
Ёров: "Пул чизи ширин"


Абдулло Ёров, раиси ширкат зимни як нишасти матбуотӣ мушкили ҷамъоварии маблағро далели асосии ба чунин вазъ афтодани ширкат унвон кард. Вай гуфт, бо ин кор назоратчиёне машғул ҳастанд, ки дасти тоза надоранд.

Раиси "Барқи тоҷик" гуфт, "вақте пулро ба даст мегирӣ, як чизи ширин аст. Камтарашро ин тараф, камтари дигарашро он тараф харҷ мекунӣ. Рӯйирост мегӯям, ин камбуди калони назоратчиҳои мо аст. Намедонем, чӣ хел мубориза барем. Ба гап задан намешавад."

Масъулин мегӯянд, бо он вуҷуд, ки насби ҳисобкунакҳои электронӣ дар шаҳри Душанбе барои назорати комили истифодаи барқ шароит фароҳам овардаанд, назоратчиҳо танҳо дар моҳи декабр аз 23 миллион сомонӣ фақат 5 миллион ба хазина супоридаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин амр ҷурми мардум низ ҳаст, ки маболиғи худро ба назоратчиён медиҳанд.

Раҳбари ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, низоми кортӣ ягона роҳи раҳоӣ аз ин вазъ аст, ки 30-40 миллион доллар ҳазина мехоҳад. Тибқи иттилои "Барқи тоҷик", ин ширкат дар ҳоли ҳозир 520 миллион сомонӣ, умдатан аз андоз ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" қарздор аст ва 631 миллион сомонӣ, беш аз ҳама Вазорати обу обёрӣ ва ширкати "Талко" аз "Барқи тоҷик" қарздоранд.
XS
SM
MD
LG