Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарафшон аз вобастагии барқи Узбакистон раҳо шуд


Водии Зарафшон рӯзи севвум аст, ки барқи худиро дарёфт карда, аз вобастагии барқи Узбакистон раҳо шудааст.

То ин замон Тоҷикистон нерӯи барқ ба водии Зарафшонро аз Узбакистон ва бо қимати наздик ба 5 сент барои як киловат соат харидорӣ мекард.

Нерӯи барқи худӣ ба водии Зарафшон бо васли шабакаи ин минтақа ба хати барқи кабелии 110 киловолтӣ тавассути нақби Анзоб дастрас шуд.

Мӯсо Азизов, раҳбари шабакаи барқи Панҷакент дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, тавассути ин хати нав дар шабонарӯз 452 ҳазор килволт соат барқ интиқол меёбад.

"Сифати барқи дохилӣ хуб ва барои таъмини водии Зарафшон кофӣ аст. Ба хонаҳои сокинон дар шабонарӯз 12 соат ва ба корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи тиллои "Зарафшон" бемаҳдудият 24 соат интиқол меёбад",- афзуд ҷаноби Азизов.

Раҳбари шабакаи барқи Панҷакент мегӯяд, барқи Тоҷикистон назар ба нерӯи барқи Узбакистон, ки бо арзиши 4,7 сент барои як киловат харидорӣ мешуд, тақрибан 4 маротиба арзонтар аст.

Ба гуфтаи масъулони идораи барқ, водии Зарафшони Тоҷикистон бузургтарин минтақаи шимоли кишвар аст, ки дар таъмини нерӯи барқ дастнигари Узбакистон боқӣ монда буд.

То тирамоҳи соли гузашта, ки Узбакистон аз шабакаи ягонаи интиқоли нерӯи барқ берун рафт, Тоҷикистон тақрибан 5 миллион киловолт соат нерӯи барқ дар шабонарӯзро барои барои таъмини вилояти Суғд аз Узбакистон харидорӣ мекард.

Бо анҷоми бунёди хати баландшиддати барқи "Ҷануб–Шимол 500 киловолт" Тоҷикистон аз вобастагӣ ба барқи Узбакистон раҳо гашта, ба вилояти Суғд нерӯи барқи худӣ интиқол меёбад.

Мутахассисони соҳаи барқ мегӯянд, бо анҷоми бунёди хати баландшиддати интиқоли барқи Хуҷанд–Айнӣ то тирамоҳи соли ҷорӣ водии Зарафшон низ ба ин шабакаи баландшиддати саросарӣ пайваст мегардад ва истиқлолияти энержӣ ба даст хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG