Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Малика"-ҳои бензинфурӯш


Дар аксар нуқтаҳои бензинфурӯшии Тоҷикистон духтаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки ба муштариён хидмат мерасонанд.

Дар ҳоле ки ин "касб" дар даврони Шӯравӣ пешаи "мардона" ба ҳисоб мерафт. Ҳатто он замон филме бо номи “Маликаи фурӯшгоҳи бензин” ба навор гирифта шуд, то назари мардум дар ин бора тағйир ёбад.

Аз маҷбурӣ?

Мунира, ҷавондухтари 21-солаи тоҷик, дар маркази шаҳри Душанбе дар яке аз нуқтаҳои фӯруши маводи сӯхт кор мекунад. Вай сабаби аслии рӯ оварданаш ба ин касбро бекорӣ донист.

Ин ҷавондухтар бо вуҷуди мухолифатҳои волидонаш ба кори худ идома медиҳад ва мегӯяд, дар як моҳ то 800 сомонӣ музд мегирад: "Волидонам розӣ набуданд. Эълон дар бораи ҷойи корро дар рӯзнома хондам ва ба ин ҷо омадам. Донишҷӯ ҳастам, ғоибона таҳсил мекунам. Маблағи шартномаро бояд ҳар сол сари вақт супорид. Чӣ кор кунем, дигар ҷойи кор нест."

Мунира якҷо бо хоҳар ва падару модари худ зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд,
Мегӯянд, ки поҷома пӯшед, сатр кунед. Вале чӣ кор кунем, мо ба маош ва кор эҳтиёҷ дорем...
модараш бекор буда, падараш дар Русия аст ва дар як моҳ танҳо 100 доллар мефиристад, ки барои рӯзгорашон кофӣ нест.

Гулбаҳор низ мисли Мунира шаш моҳ ба ин сӯ ходими нуқтаи бензинфурӯшӣ буда, 19 сол дорад ва мегӯяд, аҳли хонаводааш муқобили ин "касб"-и ӯ ҳастанд.

Вай аз он таассуф мехӯрад, ки ҳангоми кор аз тарафи мизоҷон гоҳо ҳарфҳои дилхарош ҳам мешунавад. "Мегӯянд, ки поҷома пӯшед, сатр кунед. Вале чӣ кор кунем. Мо ба маош ва кор эҳтиёҷ дорем. Кор мекунем, аз рӯйи меҳнати худ маош мегирем",-афзуд ӯ

Ин ходими нуқтаи бензинфурӯшӣ мегӯяд, дар як моҳ наздик ба 900 сомонӣ маош мегирад ва дар як ҳафта ду шаб дар басти шабона кор мекунад.

Корҳои "занона"-ву "мардона"

Тоҷикистон ҷомеаи суннатӣ аст ва бардоштҳои мардум ҳам бар пояи фарҳанги мусалмонӣ ва миллӣ сурат мегирад.

Дар замони Шӯравӣ занон дар чунин корҳо истифода намешуданд ва иҷрои чунин корҳоро низ хоси занон намедонистанд. Аммо Акрамалӣ, яке аз муштариёни маркази фӯруши маводи сӯхт, ки духтарон дар он ҷо кор мекунанд, мегӯяд, новобаста аз он ки мардум чӣ мегӯянд, духтарон маҷбуранд, ки барои таъмини шароити моддии худ кор кунанд.

Вай гуфт, "замона дигар шудааст. 20-30 сол пеш замона тамомае дигар буд. Духтарҳо дар нуқтаҳои бензинфурӯшӣ хуб хидмат мерасонанд."

Вақте мо кори духтарон дар маркази фурӯши маводи сӯхтро мушоҳида мекардем, Ҳасаналӣ яке муштариёни, ба истилоҳ, рӯҳонӣ гуфт, ки ба фарқ аз мардон занон маъмулан бо чеҳраи гарм ва забони нарм мизоҷро пешвоз ва гусел мекунанд.

"Нисбат ба мардон духтарон хушгуфтору хушодоб ҳастанд. Корашонро хуб анҷом медиҳанд"
,-илова кард ин ҳамсӯҳбати мо.

Аммо, иддае дигар аз мизоҷон бар ин назаранд, ки қабули духтарон дар чунин корҳо омили ҷалб кардани мизоҷон аст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ба чунин корҳо бештар духтарони ҷавону зебосуратро қабул мекунанд.

Духтарон розӣ, модарон мухолиф

Вале бештари модарони тоҷик мегӯянд, хуш надоранд, ки духтари онҳо корманди нуқтаҳои бензинфурӯшӣ бошад. Ҳанифа, модари 45-сола, мегӯяд, барои хонуми тоҷик кор кардан дар чунин нуқтаҳо аз нигоҳи ахлоқӣ дуруст нест.

Коршиносони ҷавони тоҷик мегӯянд, ҳоло духтаронро аз як сӯ бекорӣ ва аз сӯи дигар бори гарони зиндагӣ маҷбур кардааст, то худро ба нуқтаҳои фурӯши бензин бизананд. Вале сарфи назар аз паҳлуҳои мусбату манфии ин шуғл, онҳо мегӯянд, ки ин як пирӯзии кӯчаки занон дар мавриди дарёфти "касб" ва дастмузди мувофиқ дар дохили кишвар аст.
XS
SM
MD
LG