Ин раванд тайи ду даҳсолаи ахир дар шаҳри Душанбе бештар ба мушоҳида мерасад ва як амри маъмулӣ гардидаааст. Мардону заноне, ки шири хонагиро барои сокинони шаҳри Душанбе меоранд, аз ноҳияҳои атрофи пойтахт ба хусус Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат ва ҳатто Ёвон ҳастанд.
Искандар, як сокини ноҳияи Ваҳдат аз ҷумлаи чунин ширфурӯшони кӯчагӣ аст. Вай мегӯяд тайи 10 соли ахир аз ин роҳ зиндагии хонаводаашро таъмин месозад. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ дар аввал ин корро ҳамсараш бар ӯҳда доштааст.
Вай гуфт: "Талабгор бисёр аст. Харидорҳои худамон ҳаст, ки супориш медиҳанд, меорем. Чӣ хел кунем охир, ҳамин шир аз худамон зиёдатӣ мекунад, оварда мефурӯшем ва пулашро боз барои зиндагӣ сарф мекунем. Аввал занам шир меовард, ҳоло, ки саломатиаш хуб нест, худам меорам. Шукри худо говомон сиҳатанд, ягон беморӣ надоранд. Духтурон ширамонро анализ кардагианд."
Ба гуфтаи аксари ширфурӯшони кӯчагӣ, онҳо дар ҳар маҳалла харидори хосси худро доранд. Бештари сокинон низ аз иқдоми ширфурӯшони кӯчагӣ ҳимоят мекунанд ва шири онҳоро дар муқоиса ба маҳсулоти ширии корхонаҳои саноати бартарӣ медиҳанд.
Идимоҳ Сатторова як сокини кӯчаи Айнии пойтахт мегӯяд: «Мо худамон заказ мекунем, шир меоранд, мехарем. Хайр нархи шири хонагӣ аз магазин хеле арзон аст. Ин бечораҳо ҳам аз роҳи дур шир оварда мефурӯшанд, ки рӯзашон гузарад. Кор набошад, корхонаҳо кор накунанд, чӣ кор кунанд. Маҷбуранд, ки бо ҳамин роҳҳо зиндагиашонро таъмин кунанд».
То ҳол бо он, ки фурӯши шири хонагӣ тавассути ин афрод ба ҳукми анъана даромадааст, аммо танзим нашудааст. Ин аст, ки ҳамакнун мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар талоши ба низом даровардани фурӯши кӯчагии маҳсулоти ширӣ ҳастанд.
Саидбек Сатторов, раиси пажуҳишгоҳи тибби профилапктикии вазорати тандурустии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба РО гуфт, ки онҳо пешниҳод доранд, то фурӯши шири кӯчагиро ба танзим дароранд. Зеро ба таъкиди ҷаноби Сатторов, таҳлилҳо собит кардаанд, ки дар воқеъ истеъмоли шире, ки тавассути афроди алоҳида дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта мешаванд, яке аз омилҳои пайдоиши баъзе бемориҳо мегардад.
Вай дар ин бора гуфт.«Шире, ки дар шароити хона ҷӯшидаву ба зарфҳо андохтаву ба фурӯш гузошта мешаванд, ба талаботи санитариву гигиенӣ ҷавобгӯ нест. Вай метавонад сабаби пайдоиши бемориҳо дар миёни мардум, хусусан кӯдакон гардад. Барои ҳамин ҳам албатта мо медонем, ки ин ҳам як манбаи даромади хонаводаҳои камбизоат аст, вале хуб мешуд, ки ин раванд зери назар бошад. Ва чизи дигаре, ки боиси нигаронӣ аст он аст, ки на ҳамаи хонаводаҳо медонанд, ки шир хеле нозук аст ва дар он бактерияҳову микробҳои зарарнок хеле тӯлонӣ метавонанд зинда монанд, ширро бояд камаш ним соат ҷӯшонда баъд истеъмол кунем. Бо ин роҳ мо каме ҳам бошад метавонем бемориҳои аз чорво ва шири он гузарандаро пешгирӣ кунем. Аммо бояд бигӯям, гове ки гирифтори бемориҳои сироятӣ, хусусан бурселёз аст, на шираш ва на гӯшташро истеъмол кардан қатъиян манъ аст»
Мутахассисони соҳа бар инанд, ки бо назардошти шароити душвори иқтисодӣ, ки фурӯши шири кӯчагӣ яке аз манбаъҳои даромади хонаводаҳои камбизоат аст, агар пеши он гирифта нашавад ҳам, бояд дар ҳар маҳаллаи шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои дигар, нуқтаҳои ташхис созмон дода пизишкон чорвои мардум ва шири онҳоро мавриди санҷиш қарор дода ва баъдан иҷозаи фурӯшро бидиҳанд.
Соҳибаназарон мегӯянд ин иқдоми ниҳодҳои давлатӣ як навъ маҳдуд кардани рақобат дар заминаи фурӯши шир барои аҳолӣ аст, зеро онҳо мегӯянд, ки ниҳодҳои давлатӣ аз ин роҳ мехоҳанд то аҳолии бештар аз шири истеҳсоли корхонаҳои саноатӣ истифода кунанд.
Зимнан дар шаҳри Душанбе, 2 корхонаи саноатии тавлиди маҳсулоти ширӣ ва чанд ширкати хусусӣ фаъол аст. Ҳамчунин маҳсулоти ширӣ аз кишвари Русися низ ворид карда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки нархи шири хонагӣ ё ба истилоҳ фурӯши кучагӣ, нисбат ба қиммати шири дӯконҳо ду баробар арзонтар аст. Ҳамакнун дар фурӯшгоҳҳо як литр шир панҷ то панҷуним сомонӣ арзиш дорарад. Дар ҳоле, ки ширфурӯшони кӯчагӣ як литр ширро ба ивази дувуним то 3 сомонӣ ба савдо мегузоранд.