Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, баъд аз тирандозии нерӯҳои давлатӣ бар зидди мӯътаризон дар Либия, ки сабаби талафоти ҷонӣ шудааст, вазъ дар ин кишвар, ба вижа дар шаҳри Бенғозӣ печидатар мешавад.
Бенғозӣ дуввумин шаҳри бузурги ин кишвар аст, ки тазоҳуркунандагон бар зидди ҳокимияти бештар аз 40-солаи Муаммар Қаззофӣ эътироз мекунанд.
Шоҳидони айнӣ мегӯянд, низомиён бо туфангҳои шикорӣ дар бомҳо мавқеъ гирифтаанд ва аз он ҷо ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушода, дар миёни мӯътаризон тарсу ваҳмро ба вуҷуд меоранд.
Бино ба гузоришҳо, нерӯҳо ба сӯи афроде, ки дар ҷанозаи кушташудагони рӯзҳои пеш ширкат доштанд, оташ кушодаанд.
Кормандони шифохонаи маҳаллии Бенғозӣ ҳам мегӯянд, ба 150 захмӣ кӯмак кардаанд. БӣБӣСӣ иттилоъ додааст, ки 22 нафар аз ин захмиён ҷон додаанд.
Ин нооромиҳо сахттарин чолиш дар давоми 42 соли ҳукуматронии Муаммар Қаззофӣ будааст.
Эътирозгарон шиор медиҳанд, ки онҳо “адолати иҷтимоиро мехоҳанд”. Мухолифони давлат барои даъват ба тазоҳуроти эътирозӣ аз сомонаҳои интернетии ғайридавлатӣ истифода кардаанд.
Хунрезӣ дар шаҳри Бенғозӣ сабаб шудааст, ки ҳудуди 50 нафар раҳбарони мазҳабии Либия ба нерӯҳои амниятӣ муроҷиатнома ба нашр расонда, аз онҳо дархост кунанд, ки ба куштор хотима диҳанд.
Хабаргузории «Ройтерз» навиштааст, дар ин муроҷиатнома рӯҳониён, аз ҷумла шайхҳову сӯфиҳо, сарони қабоил аз Троблусу Бани Валид, Зинтан, Ҷоду, Мусалата, Зовия ва шаҳракҳои дигар имзо гузоштаанд.
Дар муроҷиатнома омадааст: “Мо аз ҳар мусулмон дар дохили ин режим ва ононе, ки бо роҳҳои дигар ба он кӯмак мекунанд, дархост мекунем, бояд эътироф кунед, ки офаридгор ва пайёмбари вай Муҳаммад куштори афроди бегуноҳро мамнӯъ мекунад. Бародарон ва хоҳарони худро накушед. Бозистед...”
Бо ин ҳол, баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, инқилобе аз қабили инқилоби сартосарии Мисру Тунис дар Либия имкон надорад.
Зеро ба бовари онҳо, режими Қаззофӣ метавонад сарватҳои ба даст омада аз нафту газро барои ҳалли мушкилиҳои иҷтимоии мардум истифода кунад.