Суханронии хонум Клинтон дар Шӯрои ҳуқуқи башари вобаста ба Созмони милал низ дар назар гирифта шудааст. Ин шӯро мехоҳад Либияро аз узвияти худ берун созад.
Ҳамин тавр, фишорҳои байналмиллалӣ барои истеъфои Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия шадидтар мешавад. Ин дар ҳолест, ки тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ низ бештар дар қаламрави ин кишвар доман мегустарад.
"БОЯД ИСТЕЪФО БИДИҲАД"
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе, 28 феврал, дар мулоқоти худ дар Женева аз Қаззофӣ хостанд, ки аз мақомаш истеъфо диҳад ва бо ин роҳ аз хунрезии бештар ҷилавгирӣ ба амал ояд.
Аз ҷумла Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар мулоқоти Женева гуфт, Муаммар Қаззофӣ бидуни чунучаро ва бидуни роҳ додан ба хушунати бештар бояд аз симмати худ даст кашад.
“Сарҳанг Қаззофӣ ва атрофиёнаш бояд барои чунин аъмол, ки нақзи ӯҳдадориҳои байналмиллалист, ба масъулият кашонда шаванд. Онҳо бо аъмоли худ машруияти ҳокимияташонро аз даст доданд ва мавзеъгирии мардуми Либия рӯшан ва чунин аст: Вақти рафтани Қаззофӣ расид. Бояд ҳоло бидуни хушунати бештар ва таъхир биравад”,-афзуд хонум Клинтон.
ПОСУХИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Вазири умури хориҷии Амрико дар суханронии худ аз маҳофили байналмилалӣ хост, ки қадамҳои баъдии худро барои поён додан ба бӯҳрони Либия ҳамоҳанг кунанд.
Вай дар ин мулоқот хостҳои мақомоти расмии Аврупо роҷеъ ба Либияро ҳамоҳанг мекунад, то ба бӯҳрони кунунии Либия посухи байналмилалӣ дода шавад.
Хонум Клинтон дар остонаи мулоқоти рӯзи сешанбеи 47 кишвари узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ва Кэтрин Эштон, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳад.
Кевин Руд, вазири корҳои хориҷии Австралия, дар мулоқоти Шӯрои ҳуқуқи башари вобаста ба СММ масъалаи истеъфои Қаззофиро матраҳ кард ва пешниҳоди вай дар бораи ихроҷи Либия аз Шӯрои ҳуқуқи башар мавриди ҳимояти вазирон қарор гирифт.
САРҲАНГ ҚАЗЗОФӢ, "ҲОЛО БИРАВЕД!"
Кевин Руд гуфт: “Сарҳанг Қаззофӣ мо чунин мегӯем: Мардуми Либия хостори истеъфоянд. Мардуми кишварҳоии арабӣ мегӯянд “истеъфо”. Мардуми тамоми ҷаҳон мегӯянд “истеъфо”. Ба хотири сарнавишти инсоният “ҳоло биравед”.
Сергей Лавров рӯзи душанбе, 28 феврал, дар ҷаласаи шӯрои мазкур гуфт, истифода аз нерӯи низомӣ аз тарафи режими Қаззофӣ бар зидди шаҳрвандон ғайриқобили қабул аст. Вазири корҳои хориҷии Русия низ ба ҷонибдорӣ аз пешниҳоди ихроҷи Либия аз Шӯрои ҳуқуқи башар изҳори назар кард.
Виллям Ҳейг, вазири корҳои хориҷии Бритониё низ дар робита бо рӯйдодҳои ахири Либия гуфт: “Мо имрӯз ишора кардем, ки ҷиноят пинҳон ва бидуни кайфар нахоҳад монд ё фаромӯш нахоҳад шуд. Ва ин ҳушдор ба ҳар касест, ки дар Либия ё ҳар кишвари дигар ҳуқуқи башарро нодида мегирад.”
ТАҲРИМҲО АЛАЙҲИ ҲУКУМАТИ ҚАЗЗОФӢ
Талошҳои дипломатии Аврупо барои ҳалли бӯҳрони Либия дар ҳоле идома дорад, ки дар поёни ҳафтаи гузашта Шӯрои амнияти СММ бар зидди Қаззофӣ, аъзои хонаводаи вай ва аъзои режими вай як силсила таҳримҳо ҷорӣ кард.
Фурӯши аслиҳа ба Либия, сафар ба ин кишвар ва қатъи дастрасӣ ба дороиҳои Қаззофӣ аз ҷумлаи чунин таҳримҳо ба шумор меравад.
Пешниҳод шудааст, ки саркӯбии хушунатомези тазоҳуроти эътирозии мардуми Либия аз сӯи режими Қаззофӣ дар додгоҳи байналмиллалии ҷурму ҷиноёти Ҳейг расидагӣ сурат бигирад.
Рӯзи якшанбе Бритониё дастрасӣ ба дороиҳои духтари Қаззофӣ ва чаҳор писари вай, аз ҷумла Сайфулисломро қатъ кард ва масунияти дипломатии онҳоро аз миён бардошт.