Вай раёсати Маҷлиси Хибрагони ин кишварро бар ӯҳда дошт. Вале баъд аз интиқоди муҳофизакорон дар ин бора, ки вай ба мухолифони ислоҳотталаб наздик шудааст, натавонист дубора ба ин мақом интихоб шавад.
БОХТИ ИСЛОҲТАЛАБОН?
Маҷлиси Хибрагон тибқи қонун ҳақ дорад раҳбари ҷумҳурии исломиро барканор ва ё интихоб кунад. Канор рафтани Рафсанҷонӣ бартариро бештар ба муҳофизакорон медиҳад ва бохти ислоҳталабон арзёбӣ мешавад.
Ба ҷои Рафсанҷонӣ оятуллоҳ Муҳаммад Ризо Маҳдавӣ Канӣ, раиси нави Маҷлиси Хибрагон баргузида шуд. Ин марди 80-сола ва рӯҳонии муҳофизакор дар ҳоле раис интихоб шуд, ки Рафсанҷонӣ номзадии худро ба ин мақом пешниҳод накард.
Рафсанҷонӣ гуфт: “Агар оятуллоҳ Муҳаммад Ризо Маҳдавӣ Канӣ ҳозир бошанд ин масъулиятро бипазиранд, ман албатта худро номзад намекунам, ба хотири он ки дар ин ниҳод ихтилофот ба вуҷуд наояд ва аз ҷониби ман ба он осеб нарасад.”
Дар натиҷаи раъйдиҳӣ, номзади ягона бо 63 раъй раиси Маҷлиси Хибрагон интихоб шуд. Раиси пиронсоли Маҷлиси Хибрагон, ки худаш дар маҷлис ҳузур надошт, бо аробача ҳаракат мекунад ва ҷонибдори мухолифон нест. Аз интихоби вай матбуоти муҳофизакор хуш пазироӣ кард.
РАФСАНҶОНӢ ВА "ЯККАТОЗИҲО"-И РАҲБАР
Маҷид Муҳаммадӣ, таҳлилгари умури Эрон дар Ню-Йорк, мегӯяд, ин кор ба ояндаи Рафсанҷонӣ соя хоҳад андохт.
Рафсанҷонӣ яке аз бозигарони бонуфуз дар арсаи сиёсии Эрон дониста мешавад: “Ин ба маънои бознишастагии сиёсии Ҳошимист. Вай баъд аз оятуллоҳ Хумайнӣ, муассиси ҷумҳурии исломӣ дар солҳои 1980, шахси дуввуми қудратманд ва дар солҳои 1990 баъд аз Саид Алии Хоманаӣ шахси дуввуми қудратманд ба шумор мерафт.”
Ин хабар барои худи Рафсанҷонӣ ва дигарон тоза набуд, зеро вай зери фишори муҳофизакорон қарор дошт ва онҳо мехостанд вайро аз қудрат канор андозанд. Вай бо “яккатозии” Алӣ Хоманаӣ, раҳбари имрӯзи Эрон розӣ набуд ва гаҳ-гоҳе тасмимҳои раҳбарро дар бораи тамаркузи қудрат дар дасти худ зери суол мебурд.
Рафсанҷонӣ аз интиқоди Мусавиву Каррубӣ, раҳбарони мухолифон ва Ҷунбиши Сабз, саркашӣ мекард. Вале вай мақоми худро чун раиси Шӯрои Нигаҳбон ҳифз кардааст. Ин як шӯрои назораткунанда аст, ки баҳсҳои қонуниро ҳал мекунад.
РАФСАНҶОНӢ ВА "ҶУНБИШИ САБЗ"
Меҳдии Халаҷӣ, корманди аршади маркази мутолеоти Вошингтон, бар ин бовар аст, ки Рафсанҷонӣ дар оянда ин мақоми худро низ аз даст хоҳад дод. Халаҷӣ мегӯяд, рафтани Рафсанҷонӣ аз мақом мавқеи Хоманеӣ ва ёронашро қавӣ хоҳад кард, зеро онҳо акнун ҳар тасмими худро “бидуни муқовимату мушкилӣ” ба тасвиб хоҳанд расонд.
Халаҷӣ меафзояд: “Ин нуктаи мусбатест барои Ҷунбиши Сабз. Ин ҷунбиш ба ҳар ҳол дар баробари ҳукуматест, ки доираи тарафдоронаш ва тасмимгирандагонаш бисёр тангтар аз гузашта аст.”
Бо вуҷуди ин, таҳлилгарони умури Эрон баъид мешуморанд, ки Ҳошими Рафсанҷонӣ ба таври ошкоро ба мухолифон бипайвандад ё ба норозии сиёсӣ табдил шавад. Вай дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба таври хеле ҳассос аз Мирҳусайн Мусаввӣ, номзади мухолифон ва раҳбари Ҷунбиши Сабз, ҳимоят мекард.
Рафсанҷонӣ аз соли 1989 то соли 1997 ду давра раисҷумҳури Эрон буд. Қаблан, аз соли 1980 то соли 1989 раёсати парлумонро ба ӯҳда дошт. Дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2005 низ номзадии худро пешниҳод кард, вале интихоботро ба Маҳмуди Аҳмадинажод бохт.