Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуи бозгашти як ҷавони рустабор ба Тоҷикистон


Владимир Мартиненко, сокини русзабони ноҳияи Исфара
Владимир Мартиненко, сокини русзабони ноҳияи Исфара

Александр Мартиненко, муҳассили академияи Набережний Челнӣ мегӯяд, баробари хатми академия ва дарёфти дипломи Русия, ба Тоҷикистон омада ва дар ин ҷо зиндагӣ ихтиёр хоҳад кард.

Владимир Мартиненко, падари Александр, ки солҳои зиёд дар ноҳияи Исфара зиста ва ба забони тоҷикӣ хуб ҳарф мезанад, гуфт, дилбастагӣ ба зодгоҳу ватан писари донишҷӯи ӯро низ пас аз хатми донишгоҳ ба Тоҷикистон мехонад.

"Писари хурдиам - Александр академияи муҳандисиву иқтисодии шаҳри Набержний Челнии Русияро имсол хатм мекунад. Вай ният дорад, ки ба назди мо баргардад. Барояш дар автобазаи Исфара низ ҷойи корӣ пайдо кардаем"
,-илова кард ӯ.

РУСЗАБОНҲОИ ИСФАРА

Ҷаноби Мартиненко ва ҳамсари ӯ аз ҷумлаи ду ҳазор сокини русзабони ноҳияи Исфара ҳастанд, ки баъд аз суқути Шӯравӣ Тоҷикистонро тарк нагуфта, дар ин ҷо зиндагӣ ва кор мекунанд.

Вай ҳудуди 40 сол дар нашрияи "Насими Исфара" ба унвони масъули саҳфаи русӣ ифои вазифа намудааст.

Ба гуфтаи Владимир Мартиненко, то даҳаи ахири асри гузашта дар ин минтақаи шимолии Тоҷикистон, ки дорои ҳудуди 20 корхонаи саноатист, зиёда аз 20 ҳазор мардуми русзабон дар канори тоҷикон зиндагӣ ва умдатан дар корхонаҳои саноатӣ кор мекарданд.

Бино ба иттилои Идораи омори вилояти Суғд, соли 1989 дар ин минтақа беш аз 110 ҳазор русзабонҳо ба сар мебурдаанд. Аммо бар асоси омори солшумории соли 2000-ум, дар қаламрави вилоят ҳудуди 30 ҳазор русзабон боқӣ мондаанд.

ТОҶИКИСТОНРО ТАРК МЕКУНАНД

Саршумори аҳолии соли 2010 ҳанӯз натиҷагирӣ нашудааст, вале ба гуфтаи Елена Копчёнова, сарвари "Маркази фарҳанги русӣ" дар Чкалов, дар даҳ соли гузашта теъдоди русзабонҳо дар шимоли Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Дар соли 2006 ҳукумати Русия инчунин як барномаи давлатии бозгашти ихтиёрии ҳамватанони бурунмарзии худро ба ин кишвар ба иҷро даровард, ки ба мутахассисони ҷавон имтиёзҳо медиҳад.

Хонум Копчёнова мегӯяд, "имрӯз сокинони зиёди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Дар навбати худ аз Русия ба кишварҳои Аврупову Амрико рӯ меоранд. Яъне, бисёр одамон ҷоеро меҷӯянд, ки моҳонаи хубу шароити хуби зиндагӣ дошта бошад."

Бо ин ҳол, мутахассисони русзабон дар даҳаи охири садаи бист, замоне вилояти Суғдро тарк гуфтанд, ки силсилакорхонаи "Востокредмет", ки ба коркарди уран ва фулузоти нодир ихтисос дошт, аз кор бозмонданд.

НИЁЗ БА МУТАХАССИСОН

Содиқ Рустамов, раҳбари шӯъбаи саноат ва энергетикаи ҳукумати вилояти Суғд мегӯяд, умдатан мутахассисони ҷавони русзабон рахт барбаста, миёнсолону кӯҳансолони русзабон дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд.

Вай мегӯяд, баъд аз фаъол шудани бархе аз корхонаҳои саноатии шимоли Тоҷикистон ниёз ба мутахассисони ҳирфаӣ ба шиддат афзудааст: "Қаблан дар корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва мошину асбобсозӣ асосан мутахассисони русзабон кор мекарданд, ки бисёрашон аз Тоҷикистон рафтанд. Ҳозир бархе кадрҳои маҳаллӣ ҳамин ҷо омӯзиш дида истодаанд, бархе дар Русия ва кишварҳои дигар таҳсил мекунанд."

Ҳамин тавр, мақомот мегӯянд, Тоҷикистон азм дорад норасоии мутахассисонро аз ҳисоби насли ҷавони ин кишвар ҳал бикунад. Аммо бо ин вуҷуд, ба гуфтаи соҳибназарон, дар бисёр бахшҳои муҳими саноат дар шимоли Тоҷикистон, коркарди маъдан ва фулузоти ранга, ҷустуҷӯ ва чоҳзании нафту газ ниёз ба мутахассисони ҳирфаӣ ҳамчунон боқӣ мондааст. Тоҷикистон барои омода кардани инчунин мутахассисони баландпоя донишгоҳ ва омӯзишгоҳҳо надорад.

"ТАРС" "МЕҲР"-РО МЕКУШАД?

Аммо Елена Копчёнова, сарвари "Маркази фарҳанги русӣ" дар вилояти Суғд мегӯяд, таъсиси Донишкадаи металлургияи кӯҳии Тоҷикистон дар Чкалов аз чанд сол пеш буд, ки то ҷое мушкили норасоии мутахассисони бахши саноатро аз байн бурдааст.

"Ин донишкада шогирдони ҷавони корхонаи мошинсозии Чкаловро омӯзиш дода, харрот ва устоҳои хубро аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ омода кард, ки ҳоло сари коранд"
,-илова кард ӯ.

Ҳамчуноне ки хонум Копчёнова гуфт, вале бозгашти мутахассисони русзабоне, ки Тоҷикистонро замоне тарк кардаанд, дигар ба мушоҳида намерасад. Агарчи меҳри зодгоҳу ватан ҷуброннопазир аст, аммо аз нигоҳи таҳлилгарон, тарс аз бекориву хорӣ дар ватан домангири бозгашти русзабонҳо ба Тоҷикистон аст.

Содиқ Рустамов, раҳбари шуъбаи саноат ва энергетикаи ҳукумати Суғд, мегӯяд, солҳои ахир бархе аз фарзандони русзабонҳо, ки дар Русияву дигар кишварҳо дипломҳои ихтисосҳои нодир ба даст овардаанд, ба Тоҷикистон баргашта ва дар коргоҳҳои ин минтақа ба фаъолият оғоз кардаанд.

Александр Мартиненко, сокини Исфара ва донишҷӯи донишгоҳи Русияро низ, ба гуфтаи падараш Владимир Мартиненко, дар канори меҳри зодгоҳ ва ватан, фароҳам будани ҷойи корӣ барои бозгашт ба Тоҷикистон дилгарм кардааст.
XS
SM
MD
LG