Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили мубориза бо "чойпулӣ" дар Тоҷикистон


Тоҷикистон се тавсияи муҳими Созмони Байналмилалии Ҳамкориҳои Иқтисодиро барои мубориза бо фасод иҷро накардааст.

Бо ин ҳол, Созмони байналмилалии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд аз талошҳои Тоҷикистон барои иҷрои тааҳудоташ дар мубориза бо фасод истиқбол кард.

Ба эътиқоди Ҷумъа Давлатов, мушовири ҳуқуқии раисҷумҳури Тоҷикистон, "чойпулӣ" додан дар ҳамаи кишварҳо ва аз он ҷумла дар Ғарб як амри маъмулист...


Ба таъкиди масъулони ин созмон, аз 21 пешниҳод ва тавсияи онҳо, ки дар соли 2004 ироа шудааст, аксарияти он тавассути Тоҷикистон иҷро шудааст.

СЕ ТАВСИЯИ МУҲИМ


Тоҷикистон дар чанд соли ахир қонунҳоеро дар парлумон ба тасвиб расонид, ки қонунӣ гардондани дороиҳо ва амволи ғайриманқул, контроли маблағҳои бонкӣ ва пулшӯӣ, муқовимат ба даромадҳое, ки аз роҳи ҷиноят ба даст меоянд, ислоҳоти Кодекси андоз аз ҷумлаи онҳост, ки ба пешниҳодҳои Созмони Байналмилалии Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд рабт доранд.

Аммо бо ин вуҷуд, Дмитрий Котляр, намояндаи Созмони Байналмилалии Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд, ки ҳисоботи ин созмонро дар робита ба мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе муаррифӣ мекард, гуфт, се пешниҳоди умдаи онҳо тавассути Тоҷикистон иҷро нашудааст.

"Се пешниҳод, бахусус ташкили Шӯрои миллии ҳамоҳангсози мубориза бо фасод, ҳамоҳангсозии муҷозоти ришвагиру ришвадеҳ ба Конвенсияи байналмилалӣ, ҳамчунин, меъёр дар бораи пора додан ба мақоми хориҷӣ дар Тоҷикистон иҷро нашудааст"
,-афзуд ӯ.

Вай афзуд, Шӯрои миллии ҳамоҳансозии мубориза бо фасод ахиран дар Тоҷикистон ташкил шуд, аммо то ба ҳол фаъол нест. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, ин шӯро барои ҳалли масоили марбут ба фасодкорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон саҳми муассире дошта метавонад.

ТОҶИКИСТОНИ ФАСОДЗАДА?

Ҷаноби Котляр ҳамчунин гуфт, ки бар асоси ин ҳисобот ё баррасии натиҷаи фаъолияти Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба ин кишвар 17 пешниҳоди дигар, аз ҷумла усул ва шеваҳои муҷозот барои фасодкорӣ ва ҷилавгирӣ аз ришвахорӣ ироа гардид.

Дар Оҷонси мубориза бо фасод, прокуратура, бахши мубориза бо фасод дар Вазорати корҳои дохилӣ нафароне кор мекунанд, ки намояндагони як қавманд ва намехоҳанд табъи якдигарро хира кунанд...


Тавсияҳои Созмони Байналмилалии Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки Созмони Байналмилалии Транспаренси Интернешнл ин кишварро дар феҳристи фасодзадатарин кишварҳои ҷаҳон қарор додааст.

Мақомоти Тоҷикистон ба гузориши ин созмон мувофиқ нестанд ва онро намепазиранд, вале ба гуфтаи коршиносон мардуми ҷумҳурӣ ҳамарӯза дар мактаб, бемористон, идораи манзилӣ, донишгоҳҳо ва ҳамчунин дар робита бо мақомот ба фасодкорӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва бидуни ришва кореро анҷом дода наметавонанд.

"ИСЛОҲОТИ КОМИЛ ЗАРУР АСТ"

Амнияти Абдуназар, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфт, "барои ҷилавгирӣ аз фасоди иҷтимоӣ як ислоҳоти комили кадрӣ зарур аст. Дар Оҷонси мубориза бо фасод, прокуратура, бахши мубориза бо фасод дар Вазорати корҳои дохилӣ нафароне кор мекунанд, ки намояндагони як қавманд ва намехоҳанд табъи якдигарро хира кунанд. Такрор мекунам, ислоҳоти комили кадрӣ лозим аст. Зеро мардум тавони истодагарӣ бо фасод дар чунин шароитро надоранд."



Ин дар ҳолест, ки Абулҳомид Абдулҳасанов, муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, ки дар муаррифии ин ҳисобот ҳузур дошт, гуфт, бо фасоди иҷтимоӣ мубориза кардан мушкил аст ва як ниҳод тавони мубориза бо фасодро надорад. Ҳарчанд ба гуфтаи вай дар тӯли фаъолияти ин оҷонс беш аз 300 нафар кормандони интизомӣ барои ришвахорӣ дастгир ва муҷозот шудаанд.

ЧОЙПУЛӢ, ТОҶИКИСТОН ВА ҒАРБ

Вай афзуд, "нафаре, ки 10 ва ё 50 сомонӣ пора медиҳад ба мо муроҷиат намекунад, балки ин амали ғайриқонунии порагирро мебахшад. Ба ин далел мубориза бо ин навъи фасод мушкил аст ва барои ин фарҳанги пора надодан дар байни мардумро тарбият кард ва ин кори як ниҳод не, балки тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва худи ҷомеа аст."

Ба эътиқоди Ҷумъа Давлатов, мушовири ҳуқуқии раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳодисаи "чойпулӣ" додан дар соири кишварҳо, аз ҷумла дар Ғарб як амри маъмулист.

Дмитрий Котляр, намояндаи Созмони Байналмилалии Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд, бар ин назар аст, ки фасодкорӣ дар миёни мақомоти давлатии Тоҷикистон, додгоҳ ва ниҳодҳои интизомӣ вуҷуд дорад, ки бештар ба виҷдон ва маърифати онҳо бастагӣ дорад, бо он ки ба иҷрои қонун.

Зимнан, Тоҷикистон дар соли 2003 ба узвияти Созмони Байналмилалии Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд пайвастааст. Ин созмон дар чаҳорчӯби барномаи истамбулии мубориза бо коррупсия ба Тоҷикистон тавсияҳоеро дар заминаи ҷилавгирӣ ва беҳбуд бахшидани фасодкорӣ дар кишвар медиҳад.

XS
SM
MD
LG