Наврӯз меояд...
Аммо ин омаданро аз куҷо мешавад фаҳмид?
Аз гуле, ки барои зеб додани гулдони хонаи модар шукуфтааст?
Ё муғчае, ки нав ба рӯи ҳама лаб во карда, гӯё табассум мекунад?
НАВРӮЗ ДАР АКСҲО
Ё сабзаҳое, ки дар даст шиорҳои сабзи зиндагӣ нав аз замин сар мекашанд?
Ё замине, ки кӯрпаи барфро аз сар бадар кардаву мунтазири навозишҳои дасти деҳқон аст?
Ё хони ҳафтсину ҳафтшин?
Ё навои найнавози пир?
Ё бӯи кабоби ошхонаи сари роҳ?
Ё аз шиорҳои кӯчаҳо, ки ба иддаои дастандаркорон, ба шаҳр намуди идона медиҳанд?
Ё аз шеъри овезаи лаби ҷода?
Ё аз рақси духтаре, ки ба истиқболи ҷашн беихтиёр дастонашро алвонҷ медиҳад, то мавҷи дарёро тасвир кунад?
Ё як нигоҳи лаҳзаинаи пур аз маънӣ?
Ё як табассуми беғаше, ки ба дӯст ҳамчун ҳадя пешкаш мешавад?
Ё аз аспи ороишдода барои ид ва соҳиби мӯйсафедаш?
Ё Наврӯзгоҳе, ки пур аз садои мусиқиву чодарҳои рангини духтарон аст?
Ё биное, ки танҳо ба хотири ид сохта мешавад?
Наврӯз замони васли табиату инсон аст. Дар ҳама ҷову ҳама чиз ва ҳама кас ҳамеша буруз мекунад. Ин табиати Наврӯз аст ва ҳазорсолаҳо бо ин рангубарангиҳо меояд, то ба дилҳо шодиву сурур орад ба умеди як соли неки дигар!