Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили нахустин Наврӯзи байналмилалӣ дар Душанбе


Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Наврӯзгоҳи Душанбе
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Наврӯзгоҳи Душанбе

Имрӯз, баробар ба якуми фарвардини хуршедӣ, ҳазорҳо сокини пойтахт иди Наврӯзро таҷлил карданд.

Дар базми наврӯзӣ, ки дар Наврӯзгоҳ ё Ипподроми собиқ баргузор шуд, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, вакилони пaрлумон ва намояндагони корпусҳои димпломатӣ иштирок карданд.
Эмомалӣ Раҳмон пас аз суханронӣ дар ҳавои мусиқии наврӯзӣ аз курсиаш бархосту дар ҳавои оҳанг ба тарафи мардум дастафшонӣ мекард...


Дар ду канори хиёбоне, ки аз назди ҷашнгоҳ мегузарад, даҳҳо ғурфаҳои гуногунрангу ҷолиб ҳомили фаровардаҳои ҳунарҳои мардумӣ ҳамроҳ бо дастурхони наврӯзӣ ороста шуда буданд.

Чунин ба назар мерасид, ки имрӯз мардум аз гирифториҳои иҷтимоии худ бурида шуда буданд ва дар сӯҳбатҳо танҳо аз хотири ҷамъу сулҳу суботу дастурхони пур ҳарф мезаданд.



Бо гузашти чанд лаҳза аз оғози таҷлили Наврӯз дар Ипподроми собиқи шаҳри Душанбе, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омад ва дар назди меҳмонон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ҷой гирифта, мардумро ба Наврӯз табрик кард.

Вай гуфт, "кулли мардуми форсизабону тамоми оламро ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, аз Худованди мутаол мехоҳам, ки дар ҳар хонадон бахту саодат ва сулҳу суботро арзонӣ дорад. Муборак бошад Наврӯзу баҳор, ҳамвататнони азиз."



АЗ ҲАЯҶОНИ РАИСҶУМҲУР ТО РАМЗИ НАВРӮЗ
Сафири Узбакистон: Баъзеҳо кӯшиш мекунанд, ки байни мо иғво андохта муносибатамонро хароб кунанд. Инҳо душманони Тоҷикистону Узбакистон ҳастанд...


Суханронии наврӯзии президент аслан аз "шукргузорӣ ба сулҳу суботи кишвар" иборат буд. Аммо ҳолати ҷашнгоҳ ба ҳадде гарму ҳаяҷонбахш буд, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз суханронӣ дар ҳавои мусиқии наврӯзӣ аз курсиаш бархосту дар ҳавои оҳанг ба тарафи мардум дастафшонӣ мекард.

Пас аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон саҳна ба ҳунармандону ҳунарпешаҳо дода шуд, ки бо барномаҳои мухталифи наврӯзӣ 23 таронаву мусиқиро ҳамроҳ бо рақсу бозиҳо пешкаши тамошогарон карданд.

Чизе, ки ҷолиб ба назар мерасид, ин буд, ки сари синаи аксари меҳмононро рамзи наврӯз, ки қабл аз ҷашн махсус аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон омода карда шуда буд, зеб медод.

Дар саҳнаи ҷашнгоҳ рӯи як гумбази бузург ҳамин рамз ё нишон нақошӣ шуда буд ва барои нахустин бор аст, ки Тоҷикистон рамзи Наврӯзро пешниҳоди ҳамагон гардонид.

Як меҳмон аз Эрон, ки худро Вайронӣ муаррифӣ кард, гуфт, ки агар дар ин рамз нақшҳои хоси марбут ба Тоҷикистон мисли тоҷу ҳафт ситора, ки хоси ин кишвар аст, ҷой дода намешуд ва он фарогири арзишҳои Наврӯз ва ҳамаи кишварҳои қаламрави Наврӯз мебуд, беҳтар мебуд.

САФИРИ УЗБАКИСТОН: "МУНОСИБАТ ХУБ ХОҲАД ШУД"

Шоислом Шоқосимов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон
Дар Наврӯз мардум кинваву адоватро як сӯ мегузоранд ва ба суроғи ҳам меоянду ҳамдигарро табрик карда, хушбахтӣ мехоҳанд. Бо назардошти муносибати то андозае сарди миёни Тошканду Душанбе мо махсус ба назди сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоислом Шоҳқосимов омадем ва бо баҳору Наврӯз табрик намудем.

Сафири Узбакистон дар Душанбе дар посух ба табрики мо чунин гуфт: "Наврӯзро барои ҳамаи мардуми Тоҷикистон табрик мекунам. Умед дорам муносибатамон беҳтар хоҳад шуд ва ба ҳарфҳои бегонагон набояд гӯш дод. Баъзеҳо кӯшиш мекунанд, ки байни мо иғво андохта муносибатамонро хароб кунанд. Инҳо душманони Тоҷикистону Узбакистон ҳастанд. Худо хоҳад муносибатамон хуб хоҳад шуд."

Дар гӯшаҳои дигари ҷашнгоҳ баъзе аз омӯзгорон ба нишони хайрияи наврӯзӣ сабзаҳои гандумро дар табақҳо пешкаши мардум карда буданд ва ҳадяи наврӯзӣ медоданд.

ТАДБИРҲОИ АМНИЯТӢ


Яке аз ин омӯзгорон гуфт, "мо ҳамроҳи шогирдон даҳҳо табақи сабзаи гандум барои суманак пӯхтанро омода карда ба инҷо овардем ва ҳамчун ҳадяи наврӯзӣ ба мардум тақдим мекунем. Ҳар нафаре ки хост тӯҳфа мекунем."

Аксари ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ин Наврӯз ба фарқ аз таҷлилҳои солҳои қаблӣ пуродамтар ва пуррангтар буд.

Масъулони барномаи таҷлили Наврӯз гуфтанд, ки барои орому боамн баргузор шудани ҷашни Наврӯз аз мақомоти умури дохилии Тоҷикистон беш аз ду ҳазор кормандони милиса ҷалб шуда буданд.

Ҳангоми убуру мурур се ҳалқаи назоратӣ, ки мардумро қабл аз дохил шудан ба ҷашнгоҳ тафтиш мекарданд, низ созмон дода шуда буд.
XS
SM
MD
LG