Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На ҳар ширкат ҷавононро то Амрико мебарад


Ахиран додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду ҷавони тоҷик Далер Ҳикматови 24 - сола ва Зафар Маҳмудови 27 - соларо барои 9 сол маҳкум ба зиндон кард.

Ин ҷавонон дар қаллобӣ ва ситонидани беш аз 90 ҳазор сомонӣ аз даҳҳо нафар гунаҳкор дониста мешаванд.

ТАҚАЛЛУБИ "ШИРКАТИ АВРУПОӢ"

Асли қазия ин аст, ки соли 2010 беш аз 80 нафар бо хадафи дарёфти ҷойи кор дар Олмону Канада, Туркия, Русия ва Кирғизистон тариқи рекламаву эълонҳо ба ширкати миёнараве бо номи «Ширкати аврупоӣ» муроҷиат мекунанд. Муассисони чавони ширкати мазкур ба онҳо бо маблағи хеле арзон ваъдаи ташкили сафар ба ин кишварҳо ва дарёфти ҷойи кор аз рӯи ихтисосро медиҳад. Аз муштариён вобаста ба кишвари муҳочират аз 100 то 500 доллар маблағ талаб менамоянд. Муштариён бо пардохти маблаги зарурӣ ва иҷрои дигар шартҳои ширкат, мунтазири рӯзи сафар ва занги навбатии миёнаравҳои ҷавон мешаванд. Аммо баъд аз интизориҳои зиёд дари ширкатро баставу худро фиребхӯрда меёбанд.

ФИРЕБХӮРДАГОН...

Сайхоним яке аз афроди ба доми фиреби «Ширкати аврупоӣ» афтода мегӯяд, писари ӯ дар Русия бо пули ночиз ва дар шароити номусоид ба мардикорӣ ва иҷрои корҳои сангин машғул буд. Бинобар ин, ӯ бо ҳадафи дарёфти ҷойи кори беҳтар дар Олмон барои фарзанданаш ба ин ширкат муроҷиат мекунад: «Офисашон дар назди ЦУМ буд, ҳама ҳуҷҷатҳоро доштанд, гуфтанд сертификат дорем, фирмаи аврупоием. Гуфтанд мо фиреб намедиҳем. Шумо меравед дар тарафҳои Русия азоб кашида пули кам даромад мекунед, аммо ба воситаи ин ширкат шумо бо роҳи қонунӣ, бемушкил ба хориҷӣ кишвар меравед. Таъкид карданд, ки мо бо ин кишварҳо шартнома дорем. Пулҳои моро гирифтанд, гуфтанд моҳи май ҳуҷҷат ва раводид тайёр мешавад. Вале вақте вақти гирифтани билету виза мешавад, меравем дар корхонаашон маҳкам аст.»

Ба Қудрат, собиқ корманди як ниҳоди низомии кишвар, ки ҳоло ба нафақа баромадааст, дар ширкати «Аврупоӣ» ваъда додаанд, ки барояш дар Олмон ба ҳайси ронанда ва нигаҳбон ҷойи кори хуб пайдо шудааст ва ӯ низ бо пардохти 400 доллар метавонад баъд аз 20 рӯз ба сафар барояд. Қудрат мегӯяд, ӯ ба ин ваъда каме шубҳа дошт, аммо ба ҳар сурат бо умеди дастёбӣ ба кору зиндагии беҳтар бовар кардаву аз пайи дарфёфти маблағ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ шуд: «Гуфтанд равед сурат биёред, духтур гузаред ва ҳуҷҷатҳои заруриро оварда супоред. Боз дар атрофи худ як гурӯҳ одамҳое доштаанд, ки вақте мо пурсуҷӯ карда дар бораи кори ин ширкат маълумот гирифтан хостем, моро бовар кунониданд, ки онҳо ширкати қаллобӣ нестанд ва ҳуҷҷатҳояшон тафтишшудаву дурустанд. Баъд мо бовар кардем. Дар ширкат ба ман гуфтанд, ки дар аввал фақат 400 доллар медиҳӣ ва пули мондагиро аз маошҳоятон баъд мегирем. Бо ин роҳ онҳо мардумфиребӣ карданд. Бисёриҳо бо умеди пайдо кардани кори хуб ҳатто аз бонк қарз гирифтаанд.»

Баъди баста шудани дари ширкат ва нопадид шудани муассисони он, Қудрат ва дигари муштариёни ба мақсад нарасида, барои баргардонидани маблағҳои худ ба додгоҳ шикоят мебаранд. Миёнаравҳои ҷавон дар мурофиаи судӣ қисман гуноҳи худро ба ӯҳда гирифта иқрор шуданд, ки бо роҳи фиреб аз муроҷиаткунандаҳо барои сафар ба хориҷи кишвар маблағ ситонидаанд. Зимни ибрози сухани охирини худ дар мурофиаи додгоҳӣ, Далер Ҳикматов, ҷавони 24- солаи тоҷик яке аз собиқ муассисони "Ширкати аврупоӣ" ба ҷабрдидаҳо ваъда дод, ки кӯшиш мекунад маблағҳои онҳо баргардонад. Ҳоло ӯ ва ҳамтои 27- солааш ба 9-соли зиндон ҳукм шудаанд, аммо тибқи қонун, дар сурати баргардонидани маблағҳои бо роҳи фиреб аз худ кардаашон, ки дар маҷмӯъ 92 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва инчунин пардохти ҷаримапулӣ, аз маҳбас озод хоҳанд шуд.

ЯК БОР ҶАСТӢ МАЛАХАК...

Бояд гуфт ин барои нахустин бор нест, ки ҷавонон бо ваъдаи ташкили сафар ба хориҷи кишвар ва фиреби муштариён пушти зиндон меафтад. Соли гузашта як сокини ҷавони минтақаи Суғд ҳам бо ҷурми қаллобӣ ва ситонидани беш аз 800 ҳазор доллар аз ҳамсолони дигараш, онҳое, ки хоҳиши сафар ва кору таҳсил дар хориҷро доштанд, маҳкум ба 12 соли зиндон шуд. Бояд гуфт имрӯз дар Тоҷикистон шумори чунин ширкатҳои ба қавле миёнарав ва афроди алоҳидае, ки ҷавононро барои кору таҳсил ба хориҷ даъват ва роҳнамоӣ мекунанд, хеле зиёданд ва ҷавонон ҳам, ки аксарият бо сабаби бекорӣ ва мушкилоти фаровони иқтисодиву иҷтимоӣ дар дохил орзӯи кору таҳсил дар хориҷро мекунанд, барои кӯмак ба ин ширкатҳо муроҷиат менамоянд.

ЧАРО ЗУДБОВАРЕМ?

Фирдавси Аъзам, коршиноси ҷавони тоҷик мегӯяд, ҳастанд созмону ширкатҳое, ки аллакай тавонистаанд амалан кӯмакҳои худро ба ҷавонон пешниҳод ва ба сафару таҳсили онҳо дар кившарҳои ғарбу аврупо мусоидат кунанд. Ин созмонҳо дар Тоҷикистон мавқеъ ва нуфузи худро пайдо кардаанд. Аммо дар ин миён ширкатҳое ҳам кам нестанд, ки бо ваъдаҳои зиёд ҷавонони дар орзуи сафар ба хориҷро, ба доми фиреби худ гирифтор мекунанд. Ҷавонон ҳам, ки аз ҷиҳати ҳуқуқи огоҳии хуб надоранд ва мушкили забони хориҷӣ доранд, барои зудтар расидан ба ҳадафҳои худ зуд ба ваъдаҳои бардуруғи миёнаравҳо дода мешаванд.

Фирдавси Аъзам гуфт: «Имрӯз бинобар набуди доираҳои густурдаи даъвати ҷавонон ба кишварҳои хориҷа бо мақсади омӯзиш ва кор, чунин ширкатҳои қаллобӣ ҳам пайдо шудаанд. Ва ҷавонон баъзан зуд гӯл мехӯранд ва ба ин ширкатҳо бовар мекунанд. Дар ҳоле, ки бархе аз ин ширкатҳо ҳеҷ кафолату замонати расмие ба инҳо намедиҳад ва ҳуҷҷати расмӣ ҳам надоранд, танҳо ҳадафи онҳо ба даст овардани маблағ аст.»

ТАРДИД ДАР ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТҲОИ ҲАМСОН

Аммо худи ҷавонон мегӯянд, аксар ин ширкатҳо ҳам иҷозаи расмии фаъолият доранд. Насруллоҳ як ҷавони тоҷик, ки 6 моҳи ахир бо ҳадафи сафар ба Амрико дари чандин созмону ширкатҳои миёнаравро кӯфтааст, мегӯяд, имрӯз тафовут гузоштан миёни ширкату марказҳои расмӣ ва ғайриқонунӣ хеле мушкил аст.

Насрулло мегӯяд, дар хизматрасонии аксари онҳо ӯ як шубҳае эҳсос кардааст ва ҳоло худ аз пайи омӯзиши забон шудаву тасмим дорад мустақилона ҳуҷҷатҳои худро дуруст карда ба сафар барояд: «Онҳо бо гирифтани маблағ ҳам ба ман кафолат дода наметавонанд. Барои танҳо роҳнамоӣ ва ворид шудан ба назди консул ё чӣ тавр рафтору сӯҳбат кардан дар ҷарраёни гирифтани раводид, аз ман 700 - 800 доллар талаб мекунанд.»

"ТОҶИКОН ХОРИҶАРО ДӮСТ МЕДОРАНД"

Бо ин ҳол гуфта мешавад, ҳамасола беш аз 500 000 нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рӯ меоранд. Як пажӯҳиши ахири созмони «Геллап» ҳам муайян карда буд, ки 28 дар сади аҳолии Тоҷикистон мехоҳанд, дар ҷустуҷӯи кор ва зиндагии беҳтар ба хориҷи кишвар сафар кунанд. Ба иттилои созмони ҷаҳонии муҳоҷират, шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯз, ғолибан дар баробари Русия ба кишварҳои Амрико, Канада, давлатҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва Аморати Араб муҳоҷират мекунанд.

Вале ба ҳар сурат машварат дода мешавад, ки ба ҳангоми муроҷиат ба чунин ширкату созмонҳое, ки роҳҳои сафар ба хориҷро пешниҳод мекунанд, бояд аз эҳтиёт кор гирифт ва қаблан кори онҳоро хуб омӯхт, ки то куҷо метавонанд амалан ба як ҷавони хоҳишманд кӯмак расонанд.
XS
SM
MD
LG