Ба гуфтаи манобеи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, масъалаи бозгашти сарҳадбонони Русия ба Тоҷикистон дар ҳеҷ яке аз музокирот ва дар кадом як сатҳе байни ин ду кишвар баррасӣ нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки хабаргузории "Интерфакс"-и Русия низ аз қавли мансабдорон дар Маскав таъйид кардааст, ки Тоҷикистон ба мавзӯи бозгашти нерӯҳои марзбонии Русия аслан алоқаманд нест.
Вале ҳамзамон хабаргузории мазкур аз қавли як мансабдори Тоҷикистон навиштааст, ки ин мавзӯъ байни Маскаву Душанбе матраҳ аст, вале Тоҷикистон намехоҳад бо ризоият ба бозгашти марзбонони рус обрӯи худро аз даст бидиҳад.
"ЗАРУРАТ НЕСТ"
Тоҷикистон дар таъмини назорат ва ҳифзи сарҳадоти худ ба нерӯҳои ҳеҷ як давлати дигар ниёз надорад ва ин чанд соли ахир, ки мустақилона аз марзҳои худ муроқибат кардааст далели ин гуфтаҳост. Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки мавзӯи бозгашти дубораи нерӯҳои сарҳадбони Русия ба Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ матраҳ нашудааст.
Вай афзуд, "дар бобати аз нав баргардонидани нерӯҳои марзбони Русия ба Тоҷикистон дар ягон сатҳ гуфтушунид нашудааст. Имрӯз ҷониби мо барои дигар давлатеро даъват кардан барои ҳифзи сарҳадоташ зарурат надорад."
Ин дар ҳолест, ки дар ин авохир дар расонаҳои Русия масъалаи бозгашти сарҳадбонони ин кишвар ба Тоҷикистон бо шеваҳои мухталиф доман зада мешавад. Хабаргузории «Интерфакс» аз қавли як баландмақоми низомӣ дар Маскав навишт, ки имрӯз бозгашти сарҳадбонои Русия ба Тоҷикистон амалан номумкин шудааст.
БАҲОНА: МАВОДИ МУХАДДИР
Зеро гуфтааст ин манбаъ "гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз лиҳози молӣ нуқтаҳои хеле равғанианд ва баъид аст, ки Душанбе назорати онҳоро ба гурӯҳи дигаре вогузор кунад." Аммо навиштааст ин хабаргузорӣ, азбаски интиқоли маводи мухаддир аз ин сарҳад ба Русия сол то сол бештар мешавад, Русия талош дорад ба хотири ҷилавгирӣ аз ин раванд ҳузури худро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тақвият диҳад.
Ин нуктаро Виктор Иванов, раиси Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия низ таъкид карда, низ хостори бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон шудааст. Иванов гуфтааст, бо хуруҷи неруҳои марзбонии Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мизони қочоқи маводи мухаддир ба Русия то 5 маротиба афзуд.
Аммо Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, ин иддао чандон воқеъӣ нест, чунки ҳатто дар шимоли Афғонистон ҳам кишт ва тавлиди маводи мухаддир ба маротиб коҳиш ёфтааст: "Аз замони хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия аз Тоҷикистон мусодираи маводди мухаддир аз ҷониби сохторҳои қудратӣ зиёд шудааст. Зарфи ду соли ахир дар Афғонистон мо ба коҳиши сол ба соли кишти кӯкнор ва тавлиди маводди мухаддир рӯбарӯ астем. Масалан, вилоятҳои шимолии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарзанд алҳол аз кишти кӯкнор орӣ ҳастанд."
ҲАРОСИ МАСКАВ
Мавзӯи дигаре, ки Русияро ба истиқрори дубораи нерӯҳояш дар марз бо Афғонистон чунин алоқаманд мекунад, шурӯи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон то 2 соли дигар аст.
Маскав тарс дорад, ки бо рафтани нерӯҳои эътилоф гурӯҳҳои бештари ҷангӣ, назири пайравони Ҳаракати исломии Узбакистон, метавонанд ба самти Осиёи Марказӣ сарозер шаванд. Асосан тавассути марзҳои Тоҷикистон, ки ба маҳзи заъфи давлат ва печидагии ҷуғрофии манотиқи марзиаш осонтарин роҳи убур ба ин сӯи Омӯ боқӣ мемонад.
Бо ин ҳол, хабаргузориҳои Русия менависанд, ки музокироти Тоҷикистон бо Русия дар масъалаи назорати марзи ин кишвар бо Афғонистон хеле бо мушкил ҷараён дорад.
"ТАБЛИҒОТИ БЕПОЯИ ИТТИЛООТӢ"
"Интерфакс" бидуни бурдани ном аз қавли як мақоми тоҷик навиштааст, ки «барои Тоҷикистон аз лиҳози сиёсӣ муфид нест, ки боз ҳам муҳофизат ва назорати марзро ба Русия бидиҳад. Зеро чунин тафсир мешавад, ки мо натавонистем аз ӯҳдаи ин кор бароем ва аз "бародари калонӣ" ёрӣ мепурсем." Аммо Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷи Тоҷикистон ин ҳарфҳоро як «таблиғоти бепояи иттиллотӣ» арзёбӣ кард.
Ба ақидаи Комёб Ҷалилов, коршиноси мустақили тоҷик, бозгашти дубораи русҳо ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистон бар манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд.
НАЗАРИ КОРШИНОС
Зеро дар ин сурат худи истиқлоли давлатӣ зери суол меравад: "Худи сарҳад бисёр даромади калон дорад. Агар дуруст истифода баранд он гузаргоҳҳо даромад медиҳанд. Ба ғайр аз ин ҳоким мешаванд дар ҳамон давлате, ки марзашро дар ихтиёр мегиранд. Яъне мустақилият ва истиқлолияти давлат дар дасти дигарҳо ва аз дигарҳо вобаста мешавад. Ин бозиҳои сиёсӣ аст, ки мехоҳанд боз дубора аз нав ташкил шаванд."
Ин коршиноси тоҷик афзуд, Русия ба хотири аҳдофи стратегии худ талошҳо барои бозгаштро қатъ нахоҳад кард. Он ки онро ба масъалаи маводи мухаддир ва нооромии марз дар пайи хуруҷи нерӯҳои байналмилаӣ аз Афғонистон дар се соли баъд иртибот медиҳад як навъ баҳонае беш нест.
Бо ин ҳама музокироти Тоҷикистон ва Русия дар масъалаи шароити ҳузури мушовирони низомии ин кишвар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз моҳи феврал ба ин сӯ идома дорад. Аммо бар пояи манобеи наздик ба мақомоти Тоҷикистон ин масъала метавонад танҳо дар сатҳи роҳбарони сатҳи аввали ҳарду кишвар ҳал шавад ва албатта бар асоси муомила ва шароите, ки ҳамаи ҷонибҳоро қонеъ созад.
Азбаски интиқоли маводи мухаддир аз ин сарҳад ба Русия сол то сол бештар мешавад, Русия талош дорад ба хотири ҷилавгирӣ аз ин раванд ҳузури худро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тақвият диҳад...