Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди хунин миёни мусулмонону масеҳиёни Қоҳира


Додгоҳи олии Миср гуфт, дар робита ба задухӯрди миёни мусулмонҳо ва масеҳиён дар шаҳри Қоҳира, 190 нафарро боздошт кардааст, ки ба зудӣ дар додгоҳи низомӣ муҳокима хоҳанд шуд.

Рӯзҳои шанбеву якшанбе, 7 ва 8-уми майи соли ҷорӣ, дар пайи даргирии миёни мусулмонҳо ва масеҳиён дар Қоҳира зиёда аз даҳ нафар кушта ва беш аз 150 нафар захмӣ шудаанд.
Мусулмонони тундрави Миср ба ин боваранд, ки теъдоде аз занони масеҳӣ, ки ба хости худ ба дини ислом гаравидаанд, аз сӯи калисои қибтии Миср рабуда шуда ва ба зӯр нигаҳдорӣ мешаванд...


Мақомоти Миср мегӯянд, раиси ҳукумати муваққати ин кишвар, Шараф Исом, низ маҷбур шуд, ки сафари худ ба кишварҳои Ховари Миёнаро лағв карда ва ҷаласаи оҷили кобинаро даъват намояд.

Задухӯрди хунин миёни мусулмонҳову масеҳиён пас аз он шурӯъ шуд, ки гурӯҳи мусулмонҳои салафӣ талош карданд, то як занро аз калисои масеҳиён озод намоянд.

Ба гуфтаи ин гурӯҳи мусулмонон, ин зан бо хости худ ба дини ислом гаравида, аммо аз сӯи намояндагони калисо ба асорат гирифта шудааст. Шомгоҳи шанбе, 7-уми май, гурӯҳе аз мусулмонони тундрав бо партоби санг ва норинҷак ба калисои қибтӣ ҳамла бурданд ва яке аз ин афрод сохтмоне дар наздикии ин калисоро ба оташ кашид.

Гузоришҳо баёнгари онанд, ки масеҳиёни ҳозир дар калисо низ дар вокуниш ба ҳуҷуми гурӯҳи мусулмонҳо, ба сангпартоӣ оғоз намудаанд.

Даргирӣ миёни гурӯҳи мусулмонон ва масеҳиёни Миср аз моҳҳои пеш боло гирифтааст. Мусулмонони тундрави Миср ба ин боваранд, ки теъдоде аз занони масеҳӣ, ки ба хости худ ба дини ислом гаравидаанд, аз сӯи калисои қибтии Миср рабуда шуда ва ба зӯр нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳри Александрияи Миср бар асари ҳамлаи маргталабона дар канори калисои Ал-Қидиссин дасти кам 21 нафар кушта ва тақрибан 70 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Масеҳиён тақрибан даҳ дарсади аҳолии Мисри асосан мусалмоннишинро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG