Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, ҳуқуқи башар дар Эрон пирӯз мешавад


ИМА умед дорад, бо идомаи ҳимоят аз нерӯҳои ҷонибдори демократия дар Эрон фишорҳои давлат ба ин нерӯҳо хотима меёбад.

Дар ин бора ду нафар аз мақомоти расмии аршади вазорати корҳои хориҷии Амрико дар Конгресс гузориш доданд.
Вазорати умури хориҷии Амрико бахше аз 28 миллион доллари буҷаи худро барои мубориза бар зидди сонсури интернетӣ дар Эрон харҷ мекунад...


Нозирон ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, моҳҳои ахир вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон ба шиддат бад шудааст ва ҳукумати муҳофизакори Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури ин кишвар мехоҳад аз имкони такрори шӯришҳои мардумии кишварҳои арабӣ дар Эрон пешгирӣ кунад.

Дар ҳоле ки фаъолони ҳуқуқи башар, рӯзноманигорону блогнависон ва донишҷӯён дар Эрон мавриди таҳқиру муҷозот қарор мегиранд ва ҳатто кушта мешаванд, мақомоти расмии Амрико мегӯянд, ки режими Теҳрон "ҷангеро идома медиҳад, ки бохтааст."

Майкл Познер
Майкл Познер, ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури демократияву ҳуқуқи башар, яке аз ду нафар буд, ки дар Конгресс суханронӣ кард. Вай чунин мегӯяд: "Ба шумо наметавонам вақтеро пешгӯӣ кунам. Ман наметавонам бигӯям, ки баъд аз 6 моҳ рух хоҳад дод. Вале ман фикр мекунам, ки ҳамаи ин талошҳои дастҷамъона ва чандҷониба ба демократия ва фаъолони ҳуқуқи башар нерӯ мебахшад ва онҳоро қавӣ мекунад. Он вақт шумо мунтазир шавед, ки ногаҳон чизе рух медиҳад ва вақташ фаро мерасад. Он вақт нишондиҳандаи оғози тағйироти воқеӣ хоҳад буд. Мо ҳоло дар чунин ҳолат нестем. Вале фикр мекунам, ки агар мо таҳаммул кунем, усулу тааҳҳудоти хешро пайгирӣ кунем ва аз ҳуқуқи башару демократия ҳимоят кунем, дар баландмуддат мо комёб хоҳем шуд."

Майкл Познер ин суханонро дар зеркумитаи равобити хориҷии Сенат оид ба умури Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубиву Марказӣ баён дошт. Дар ҳоле ки вай бар зидди ҳар гуна хушбинӣ ҳушдор медод, изҳор дошт, ки шӯришҳои мардумӣ моҳҳои ахир Ховари Миёна ва Шимоли Африқоро фаро гирифтааст ва “чунин шароит”-ро фароҳам хоҳад овард.

Ҷаноби Познер гуфт, вазорати умури хориҷии Амрико бахше аз 28 миллион доллари буҷаи худро барои мубориза бар зидди сонсури интернетӣ дар Эрон ба масраф мерасонад ва саъй хоҳад кард, ҳар чӣ зудтар аз муборизаи рӯзафзуни Теҳрон бар зидди таҷҳизоти рақамӣ пешгирӣ кунад.

Вай гуфт, омӯзиш ва машқ додани фаъолон барои пешгирӣ аз муборизаҳои интернетӣ ва шабакаҳои муҳаррики интернетӣ низ давом хоҳад кард. Ҷаноби Познер аз таъйини гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари СММ барои Эрон ёдовар шуд ва гуфт, он василаи муҳимест, ки ҳукумати Теҳрон бояд дар баробари ин гузоришгар масъул бошад.

Ба қавли Познер, ба ҷуз аз гузориши Амрико роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон СММ ва Иттиҳодияи Аврупо низ гузоришҳои худро дар ин замина роҷеъ ба Эрон таҳия ва мунташир хоҳанд сохт.
XS
SM
MD
LG