Майгун Каримова, ки 84-сол дорад, ҳоло ягона парастори фарзанди маъюбаш буда, бо 80 сомонӣ маоши бознишастагӣ дар замини наздиҳавлигиаш пиёзу картошкакорӣ карда, рӯз мегузаронад.
То ду соли пеш рӯзгори ӯ ва набераҳояшро писараш Наим, ки дар Русия, дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебурд, таъмин мекард.
Аммо муҳоҷирати корӣ Наим Каримови 39-соларо аз сарпарасту таъминкунандаи хонавода ба як нафари маъюбу дастнигари модари пир табдил додааст.
Вай мегӯяд, даҳуми феврали соли 2009 кормандони полиси Маскав, Селезнев Роман Викторович ва ду нафари дигар бо номҳои Кондратюк ва Тюрин дар маркази шаҳр, дар "Прудний переулок", ба сӯи ӯ тир холӣ кардаанд.
ТАСОДУФ Ё...?
Полис, ки мехост ӯро аз манзили зисташ иҷборан берун кунад, таҳдидкунон, тасодуфан ё шояд қасдан аз пушташ парронида, баданашро сӯрох кардааст. Ба гуфтаи Наим, пизишкони бемористони ба номи Склифосовский, ӯро гӯиё дубора зинда карданд. Зеро ҳароммағзаш тир хӯрда, ӯро фалаҷ кардааст, ки то ҳоло ҳам поинтар аз миёнаш комилан беҳаракат мебошад.
Наим мегӯяд, ҳашт моҳ дар бемористонҳои Русия муолиҷа гирифт, аммо ба ҷуз аз 2-3 муҳоҷири тоҷик, нафаре аз масъулони сафорати Тоҷикистон ё мақомоти тафтишотӣ аз ӯ суроғ накарданд.
Бо ин ҳол, Наим мегӯяд, ба созмони ҷамъиятии "Мусоидати шаҳрвандӣ"-и Русия муроҷиат карда, аз масъулони ин созмон кӯмаки ҳуқуқӣ дарёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, созмони мазкур кормандони полисеро, ки ба ӯ беасос ҳамла кардаанд, мушаххас намуд.
"АГАР БАРНАГАРДӢ, БА ПСИХУШКА МЕБАРЕМ"
Аммо дар ҳоле ки Наим Каримов талаби муҷозоти онҳоро пеш овард, масъулони созмони "Мусоидати шаҳрвандӣ" ба сабаби номуайян, ӯро иҷборан ба Тоҷикистон гусел кардаанд.
Ӯ гуфт: "Дар аввал ба ман кӯмак мекарданд, ҳатто ба як дармонгоҳи Самара фиристоданд, то муолиҷа ва нерӯ бигирам. Аммо баъд аз бозгашт, ҳанӯз аз қатора поин нашуда будам, ки намояндаи ҳамин созмон ба наздам омада гуфт, ки бояд ба Тоҷикистон баргардам. Гуфтам, ки дар Тоҷикистон шароити табобат надорам ва бояд талош кунам, то онҳое, ки ба сӯям тир кушоданд, равонаи зиндон шаванд. Аммо гуфтанд, ки ту ҷангҷол мебардорӣ ва "агар барнагардӣ, укол мекунем ва маҷбуран ба психушка (дармонгоҳи беморони рӯҳӣ) равон мекунем. Ҳамин тавр, базӯрӣ маро ба ҳавопаймо бор карда, ба Тоҷикистон фиристоданд."
Озодӣ: Ягон нафар, ё созмоне барои идомаи табобати шумо дар Тоҷикистон кӯмаки молӣ ихтисос дод?
Наим Каримов: "На, ягон дирам аз ягон нафар нагирифтаам. Касе аз ҳолам напурсид. Фақат аз Гавҳар Ҷӯраева, аз тоҷикони саршиноси Русия, ки ба ман ҳамин аробачаи маъюбиро тақдим кард, ки хеле сипосгузорам…"
"ЯГОНА НОНБИЁРИ ХОНА"
Ҳамин тавр, аз моҳи октябри соли 2009 ба ин сӯ Наим Каримов дар манзили зисти худ дар деҳаи Гулзори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба сар мебарад. Дар ҳоле ки мебояд вай таҳти муроқибати доимии пизишкон қарор гирифта, чанд амалиёти дигари ҷарроҳӣ дар баданаш анҷом шавад.
Аммо холаи Майгун, модари солманди Наим, мегӯяд, барои муолиҷаи писари маъюбаш маблағе дар ихтиёр надорад ва аз дасткӯтаҳию нотавониаш баробар бо ранҷу азоби Наим ӯ низ азият мекашад: "Ягона нонбиёри хонамон ҳамин Наимҷон буд, пул мефиристод аз Русия, худаму набераҳо ва келинҳоро таъмину нигоҳубин мекард. Ду писари дигар дорам, аммо чандин сол аст, ки аз онҳо на хат асту на хабар, намедонам, ки онҳо зиндаанд ё хайр. Фарзандони онҳоро ҳам Наимҷон парасторӣ мекард. Шаб то рӯз ин бачаам, ки бечора, ними одам шудааст, хоби дуруст надорад, рӯҳан ва ҷисман ранҷ мекашад. Ба ҳолаш хун мегирям, аммо чора надорам. Охир худам нерӯ надорам, ки баромада кор кунам, базӯр картошкаю пиёз мекорам дар рӯйи ҳавлӣ, ки зиндагиро бинем. На орду на дигар озуқаи дур уст надорем ҳоло. Наҷумбам, рӯзамон намегузарад. Ману Наимҷон ҷамъан 140 сомонӣ нафақапулӣ мегирем, ки кофӣ нест. Занаш аз ӯ ҷудо шудааст. Барои табобаташ умуман пул надорем, лекин доруҳои бисёр хариданамон даркор. Хеле ноумед шудаам дар дами пириам. Рӯ ба раҳми Худо, писарамро ба Худо месупорам."
ОРЗУИ НАИМ
Холаи Майгун ва худи Наим ҳоло дар як манзили кӯчаки таъмирталаб, дар шароити сангин ба сар мебаранд ва мӯҳтоҷи кӯмаку пуштибонӣ ҳастанд. Ягона роҳату таскинбахши дардҳои ҷисми Наим силаҳои дасти модари пираш будааст.
Наим мегӯяд, фақат ҳамин орзуро дар боқии умраш дорад, ки дубора ба пой бархезад ва дар талоши ҳимоят аз ҳуқуқу ба муҷозот кашидани полиси ҳамлавари Русия муваффақ шавад: "Танҳо ҳамин қадар орзую ҳавас дорам, ки одамонеро, ки ба сӯйи ман бе ягон гуноҳ, қасдан тир кушода буданд, ҳатман ба зиндон кашонда шаванд, то ба дигар кормандони пулис дарси брат шавад. Чунки мисли ман тоҷикони беҳуқуқу мӯҳтоҷ дар Русия садҳо ҳазор нафаранд. Даҳҳо тобути муҳоҷирбачаҳои тоҷик ҳар солу ҳар моҳ ба Тоҷикистон расида истодааст. Магар шартномаи Тоҷикистону Русия оид ба муҳоҷирати корӣ барои ҳамин аст, ки кормандони пулис озодона, дар маркази Маскав ба сӯйи мо тир кушоянду аз ҷавобгарӣ озод бошанд?!"
ПАРВАНДА ЧӢ ШУД?
Вале дар мавриди "сарнавишт"-и парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ҳамлаварон ба Наим Каримов на дар додситонии Маскав ва на дар додситонии вилояти Маскав иттилое пайдо карда нашуд.
Онҳо бидуни ҳеҷ сабаб ба мо баҳона пеш меоварданд, ки мо бояд барои гирифтани маълумот аз Додситонии кулли Русия иҷоза бигирем. Албатта, дарёфти чунин иҷозаи телефонӣ аз Додситонии кулл низ бенатиҷа анҷомид. Сипас, мо маҷбур шудем ба созмонҳои ғайридавлатии ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунем, ба ононе, ки расидагӣ ба ин парвандаро муддате дар Маскав зери назорат доштанд.
Светлана Ганушкина аз созмони “Мемориал” яке аз онҳост. Аз вай пурсидем, бо гузашти бештар аз ду сол оё ин кормандони полис, ки ҷинояташон маълум аст ва ҷабрдида ҳам зинда аст, ба муҷозот кашонида шудаанд?
Вай чунин посух дод: “Не, не... Тавре мегӯянд, сари калоба дар ин расидагӣ гум шудааст. Тибқи маъмул ҳамаи ин парвандаҳо чун парвандаҳои чеченҳо бенатиҷа анҷом меёбад. Як ҷумла менависанд: Расидагӣ ба парванда боздошта шуд, ба сабаби он ки маълум кардани шахсияти ҷинояткор барои ба муҷозот кашондан имконпазир нест."
"МОРО ҲАМ ФАҲМЕД..."
Хонум Ганушкина мегӯяд, бо дархости созмони онҳо гурӯҳи “Гражданское Содействие” ба Каримов кӯмаки молӣ кардааст, то вай муддате дар вилояти Самара саломатиашро барқарор кунад. Вале чунин кӯмак наметавонист беохир бошад, ба ин сабаб вай ба Тоҷикистон фиристода шуд.
"Мо воқеан кӯмак кардем. Ба мо муйяссар шуд, ки вайро дар вилояти Самара ба муолиҷа бигиранд ва ин муолиҷа самарбахш буд. Баъд аз он ягона роҳ ин буд, ки мо вайро ба ватан бифиристем. Вале худаш онро намехост. Вале моро бифаҳмед, касе аз мо наметавонад масъулияти нигоҳубини комили шахсеро бар ӯҳда бигирад, ки ба таври доимӣ ба ғамхориву нигоҳубин эҳтиёҷ дорад."
Наим мегӯяд, ҳашт моҳ дар бемористонҳои Русия муолиҷа гирифт, аммо ба ҷуз аз 2-3 муҳоҷири тоҷик, нафаре аз масъулони сафорати Тоҷикистон ё мақомоти тафтишотӣ аз ӯ суроғ накарданд...

Вале моро бифаҳмед, касе аз мо наметавонад масъулияти нигоҳубини комили шахсеро бар ӯҳда бигирад, ки ба таври доимӣ ба ғамхориву нигоҳубин эҳтиёҷ дорад...