Саид Махдум Раҳин, вазири фарҳангу иттилооти Афғонистон, бо даъвати Мирзошоҳрух Асрорӣ, ҳамтои тоҷикаш ба Душанбе омада ва шаби гузашта дар маросими бузургдошти рӯзи «Шашмақом» ширкат кард, ки ба анҷоми ҷашнвораи байналмилалии «Шашмақом» рост омад.
ФАРҲАНГ-ПАЙВАНДГАРИ МИЛЛАТҲО
Вазири фарҳангу иттилооти Ҷумҳурии Афғонистонро субҳи рӯзи ҷумъа Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон пазируфт ва ба гуфтаи Мирзо Олимов, сухангӯи ин вазорат, густариши равобиту ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ дар меҳвари ин музокирот қарор доштааст.
Ҷонибҳо дар ин мулоқот ширкати ҳунармандону фарҳангиёни тоҷику афғон дар ҷашнвораҳои байналмилалии фарҳангӣ ва ҳунарии минтақаро омили ҳар чӣ бештари табодули таҷруба ва имконоти хуби пайвандии ду миллати ҳамзабону ҳамфарҳанг арзёбӣ карданд.
Мирзо Олимов, сухангӯи вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, Саид Махдум Раҳин ҳамчунин аз Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ин кишвар низ дидан карда ва бо ганҷинаи ин муассисаи илмӣ аз наздик ошно шудааст.
Интизор меравад, шоми имрӯз вазири фарҳангу иттилооти Афғонистон намоишномаи «Шабе дур аз Ватан» -ро, ки бар ашъори Бозор Собир, шоири тоҷики муқими Амрико дар театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, тамошо кунад.
ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАД
Ба иттилои Мирзо Олимов, сухангӯи вазорати фарҳанги Тоҷикистон, сафари Саид Махдум Раҳин, вазири фарҳанг ва иттилоооти Афғонистон бо имзои як санади ҳамкорӣ миёни вазоратхонаҳои фарҳанги ҳар ду кишвар ба поён мерасад.
Масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, имзои ин санад заминаро барои барномаҳои муштараки фарҳангӣ ва ҳунарӣ ва дурнамои равобити ҳар ду кишвар фароҳам хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки коршиносон равобити фарҳангии Тоҷикистон бо Афғонистонро дар чанд соли ахир дар ҳоли густариш мехонанд ва мегӯянд, хоса пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон, ҳузури ҳунармандону фарҳангиёни афғон дар ҷашнвораҳо ва маҳофили байналмилалӣ дар Тоҷикистон бештар шудааст. Аз сӯи дигар сафари ҳунармандону фарҳангиёни тоҷик, аз ҷумла овозхонони ҷавон низ ба ин кишвари ҳамсоя бештар шудааст.
Зимнан, дар даврони шӯравӣ, бо вуҷуди маҳдудиятҳои марзӣ, сафари ҳунармандону овозхонони тоҷик ба Афғонистон сурат мегирифт ва маҳз фарҳангу ҳунар буд, ки ин ду миллати аз ҳам пошидаро ба ҳам васл мекард.
ФАРҲАНГ-ПАЙВАНДГАРИ МИЛЛАТҲО
Вазири фарҳангу иттилооти Ҷумҳурии Афғонистонро субҳи рӯзи ҷумъа Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон пазируфт ва ба гуфтаи Мирзо Олимов, сухангӯи ин вазорат, густариши равобиту ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ дар меҳвари ин музокирот қарор доштааст.
Ҷонибҳо дар ин мулоқот ширкати ҳунармандону фарҳангиёни тоҷику афғон дар ҷашнвораҳои байналмилалии фарҳангӣ ва ҳунарии минтақаро омили ҳар чӣ бештари табодули таҷруба ва имконоти хуби пайвандии ду миллати ҳамзабону ҳамфарҳанг арзёбӣ карданд.
Таъкид шудааст, ки дар оянда низ сафари гурӯҳҳои ҳунармандону фарҳангиён ба кишварҳои якдигар метавонад, муносиботи ҳар ду кишвари ҳамсояро рушд ва мардумони бародару дӯсти тоҷику афғонро ба ҳам наздик созад.