Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳмондори ҳавопаймо: на танҳо чашми зебо...


Доштани қаду қомати баланд, чеҳраи зебову дилкаш, муоширати хуб, маълумоти олӣ, донистани забони модарӣ ва 2 забони дигари хориҷӣ, нутқи равон, саломатии хуб, синни то 25 ва огоҳ будан аз қоидаҳои меҳмондорӣ аз шартҳои аслии интихоби роҳбаладони ҳавопаймо ё стюарду стюардессаҳо дар Тоҷикистон аст.

Аммо бо вуҷуди ин бастаи шартҳо ва нисбатан мушкилу хатарнок будани касби роҳбаладии ҳавопаймо, ба гуфтаи масъулини ширкатҳои ҳавопамоии Тоҷикистон, солҳои ахир таваҷҷӯҳи ҷавонон ба он хеле афзудааст.

МЕҲМОНДОРОН ДАР ОСМОН

Як озмуни ахири ширкати «Тоҷик Эйр» барои интихоби роҳбалад ё меҳмондорон ҳам дар як муддати кӯтоҳ беш аз 200 хоҳишмандони ҷавонро пушти дарҳои ин ширкат ҷамъ овард. Ба гуфтаи Исмоил Ғафуров, раҳбари
Исмоил Ғафуров, раҳбари бахши тиҷорат ва равобити байналмилалии ширкати «Тоҷик Эйр»
бахши тиҷорат ва равобити байналмилалии ширкати «Тоҷикейр», ин теъдод муроҷиат дар қиёс бо озмунҳои қаблӣ хеле зиёд аст. Ӯ яке аз омилҳои аслии таваҷҷӯҳи зиёди ҷавононро ба пешаи роҳбаладӣ ё меҳмондорӣ, дар ҳақмузди хуб ва имконияти дидани ҷаҳон арзёбӣ мекунад.

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Ғафуров, аз миёни беш аз 200 довталаби касби роҳбаладӣ ҳавопаймо, танҳо 32 нафар ба талаботи озмун ҷавобгӯ дониста шуда, интхоб гардиданд.

Хуршед Ҳасанови 24-сола ҳам яке аз 9 тан аз ҷавонписарони хушбахт аст, ки дар ин озмун ғолиб ва соҳиби унвони роҳабаладӣ шуд. Хуршед мегӯяд, аз хурдӣ орзуи халабон шуданро дошт, аммо набуди имконоти молӣ барои таҳсил дар ин соҳа ӯро ба факултаи забонҳои хориҷӣ бурд. Ҳоло аз он шод аст, ки ба орзӯи кӯдакиаш наздик мешавад, ҳарчанд халабон не, вале роҳабалади ҳавопаймо ҳаст: «Худоро шукр ки дар ин омзун муваффақ шудам, чун интихоб васеъ ва довталабон хеле зиёд буданд ва пирӯз омадан дар се даври озмун кори осон набуд, дар озмун ҷавонони кордону
Хуршед Ҳасанов
болаёқат ҷалб шуда буданд. Ҳама дар ҳаяҷон буданд, ҳама мехостанд ин корро аз даст надиҳанд.»

ТАВАҶҶУҲИ ШИРКАТҲО БА "МЕҲМОНДОРОН"-И ЗАН

Аммо бояд гуфт, дар фаъолияти роҳбаладӣ ҳамеша ширкатҳои ҳавопаймоӣ бештар ба духтарони ҷавон таваҷҷӯҳ мекунанд. Шумори ҷавондухтарони ғолиб дар озмуни ахири роҳбаладон ҳам дар қиёс бо писарон ба маротиб бештар будааст.

Шаҳноза, ҷавондухтари 23 солаи тоҷик ҳам, ки тоза ба ҳайси роҳбалад интихоб шуд мегӯяд, бо қомати баланду зебои худ ва донистани ду забон- англисиву ҳиндӣ, бовар дошт, ки ҳатман ба ҳадаф мерасад. «Ман бисёр сайру гашт ва бо одамони мухталиф ошно шудану сӯҳбат карданро нағз мебинам, аз ҳамин хотир хеле мехостам роҳбалад шавам ва вақте аз эълони чунин як озмун хабар ёфтам, зуд ҳуҷҷатҳоямро овардам. Дар ин ҷо талаботи аслӣ забондонӣ аст ва ман 2 забон- англисиву ҳиндиро медонистаму бовар доштам, ки ба ин кор муносибам.»

Ҳамин тавр Шаҳноза ва дигар ҷавононе, ки акнун унвони роҳбалад ё
стюарду стюардессаро соҳиб шуданд, баъди як моҳи омӯзиш дар маркази таълимии ширкати «Тоҷик Эйр» фаъолият дар ин пешаи ба қавли худашон ҷолибро шурӯъ мекунанд. Онҳо хушҳоланд, ки акнун имконияти дидани дунё ва парвозҳои зиёд ба кишварҳои хориҷро пайдо намудаанд.

КАСБИ МУШКИЛИ МЕҲМОНДОРӢ

Аммо ҷавононе, ки таҷрибаи чандинсолаи кор дар соҳаи роҳбаладӣ ва ҳавопайморо доранд мегӯянд, дар баробари ҷолибу сердаромад будани ин пеша, масъулияти онҳо чандон осон нест ва ба саломатӣ ҳам метавонад зарар расонад. Роҳбаладон, ки бештари вақти худро дар парвозу баландиҳои дур сипарӣ мекунанд, бояд ҳамеша кӯшиш кунанд, барои мусофирон парвоз дар муҳити орому бехатарро фароҳам оранд.

Шаҳло Тураева, 4 сол аст ба ҳайси роҳабалад фаъолият дорад, қариб як рӯз пас дар парвоз аст ва мегӯяд, дар ҳавопаймо барои беш аз 100 мусофири гуногунмиллат ва дорои хулқу атвори мухталиф хизмат мерасонанд ва ҳам
Шаҳло Тӯраева
роҳбалад, ҳам меҳмондор, ҳам равоншиносу ҳамшираи шафқатанд: «Нафаре ҳаст, ки хеле метарсад аз сафар дар ҳавопаймо. Мо бояд ҳанӯз аз замони пешвозгиирӣ ба чашми ҳар як мусофир нигоҳ карда, ҳолати ӯро омӯзем ва баъдан мувофиқ ба хислату табъаш бо ӯ муносибат намоем. Сабр, тоқат ва тамкин барои мо роҳбаладон дар ҷойи аввал меистад. Ҳастанд ҳолатҳое, ки боду ҳаво номусоид мешавад, ҳолати мусофирон зуд тағир меёбад ва дар ин ҳолат мо бояд ҳама тарсу эҳсосоти худро дар худ нигоҳ дошта онҳоро ором кунему ба ҳолати қаблиашон баргардонем. Мусофирон дар он лаҳзаҳо танҳо ба мо такя ва эътимод мекунанд. Буданд ҳолатҳое, ки ман аз ин кор хаста шуда мехостам тарки касб кунам, аммо боз одат кардаам ба ин пешаам ва тарки он бароям кори осон нест.»

НИЁЗИ ТОҶИКИСТОН БА БЕҲБУДИ ВАЗЪИ СОҲА

Роҳбалади ҳавопаймо ё стюарду стюардессаҳо, чун чеҳраи ширкатҳои ҳавопаймои шинохта мешаванд ва аз тарзи хизматрасониву кори онҳо нуфузи ширкатҳо дар сатҳи байналмилаллӣ муайян мешавад. Аммо ғолибан онҳое, ки тариқи ҳавопаймо зиёд сафар мекунанд ба сифати хизматрасонии роҳбаладону меҳмондорони ҳавопаймоҳои Тоҷикистон баҳои баланд намедиҳанд.

Қиёмиддин Каримов, раҳбари мактаби миллии туризм мегӯяд, ки дар Тоҷикистон мутахассисони варзидаи бахши меҳмондорӣ кам аст ва барои таълими роҳбаладон дар кишвар ягон мактаби махсус ҳам фаъолият намекунад. Ҷавонон ҳоло малакаҳои роҳбаладиро дар назди ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз ҷумла «Тоҷик Эйру» «Сомон Эйр» аз худ мекунанд. Ба қавли ӯ, барои таъсис додани як мактаби омӯзиши фаъолияти меҳмондорӣ, ҳам маблағи зиёд ва ҳам мутахассисони ботаҷриба лозим аст, ки ҳоло дар Тоҷикистон чунин имконият вуҷуд надорад.

Аммо масъулини ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ки то имрӯз 85 роҳбаладони ҷавонро омӯзонида ба кор ҷалб кардааст мегӯянд, то ба ҳол ба онҳо аз сӯи мусофирон дар робита ба сатҳи пасти хизматрасонии роҳбаладон арзу шикояте нарасидааст. Барои муайян кардани сатҳи хизматрасонии меҳмондорҳо, мақомоти ин ширкат ахиран пурсишномаҳои махсус барои баҳогузории кори роҳбалад ё меҳмондоронро омада кардааст ва ба гуфтаи онҳо, ин иқдом метавонад дар беҳтар шудани сифати хизматрасонии меҳмондорон мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG