Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврасон низ аз озори ҷинсӣ эмин нестанд


Чанд моҳи пеш як духтари ноболиғи сокини Хуросон аз сӯи писархолааш мавриди таҷовуз қарор гирифта буд.

Ин ҳодиса замоне рух медиҳад, ки вай дар яке аз ҷашнҳо ба хонаи холааш, ки дар ҳамсоягияшон зиндагӣ мекардааст ба меҳмонӣ меравад.

ДАҲҲО ҚУРБОНИИ ТАҶОВУЗҲОИ ҶИНСӢ

Нигина Зиёева, нозири қабулгоҳи муваққатии ноболиғони хадамоти пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ин духтари наврас яке аз даҳҳо қурбониёни таҷовуз аз ҷониби хешовандони наздик аст, ки то охирин лаҳзаҳо ба хотири аз даст

надодани шаъну шарафи худ дар бораи бадрафторие, ки дар нисбати онҳо анҷом шудааст, даҳон намекушоянд.

Вай афзуд: “Ба ҳангоме, ки ин ноболиғ ба модараш ҳодисаро нақл мекунад, модараш намехоҳад, ки бадрафтории ҷиянаш ошкор шавад. Бо ин мақсад ӯ ба назди хоҳараш меравад то духтарашро келин кунанд. Вале ин хоҳиши вай рад мешавад ва хоҳараш хоҳиш мекунад, ки ин ҳодиса миёни онҳо бимонад. Бисёре аз духтарон чунин кори ношоямро дар худ нигоҳ медоранд то ин, ки худ ва оилаашон шарманда нашаванд.”

Нигина Зиёева мегӯяд, дар як соли ахир дар қабулгоҳи онҳо ҳафт нафар ноболиғоне, ки дар нисбаташон зӯроварии ҷинсӣ сурат гирифтааст, сабт шудаанд. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, аксаран чунин ҳодисаҳо аз ҷониби нафарони наздик ба қурбониён, ки аз боварӣ ва эътимоди онҳо бархӯрдоранд, анҷом мешавад. Дар бештари ҳолатҳо духтарони ноболиғе, ки мавриди таҷовуз қарор гирифтаанд, барои шармсор нашудан ё аз бими муҷозоти волидон ё низоъҳои хонаводагӣ, мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтанашонро ҳатто ба волидони худ намегӯянд.

Хонум Зиёев дар ин замина мегӯяд: "Писарон ва ҷавононе, ки ба номуси ноболиғон дастдарозӣ мекунанд ё ин ки нафарони шиносанд ва ё дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунанд. Ва духтароне, ки ба доми онҳо меафтанд, одатан аз оилаҳои нопурраанд. Ва муноқишаҳои оилавӣ онҳоро қурбони ҷиноят мекунад.”

ҚИССАИ ЯК ҚУРБОНИИ ХУШУНАТ


Дар ҷомеаи Тоҷикистон маъмулан ҳаёти ноболиғоне, ки бо зӯроварии шаҳвонӣ рӯ ба рӯ шудаанд якранг ҷарён мегирад. Волидайн аз онҳо рӯ мегардонад ва ин боиси ба кӯчаи танфурӯшӣ афтодани ин наврасон мешавад.
Зарафшони 15 сола ҳам қурбонии озори ҷинсист. Ӯ мегӯяд, волидайн аз ӯ рӯ тофтаанд ва намехоҳанд дубора ӯро ба хона роҳ диҳанд. Бинобар ин, вай бо кӯмаки кормандони Хадамоти ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ба маркази ҳимоят аз духтарони хушунатдида интиқол дода шудааст. Вай мегӯяд: “Падарам маро пайваста таъна мекард. Ман маҷбур шудам, ки аз хона фирор кунам. Гоҳҳо шабамро дар кӯча рӯз мекардам, то он даме, ки милисаҳо маро ба ин марказ оварданд. Вақте, ки модарам ба наздам омад, падарам гуфт, ки ӯ маро ба хона наорад.”

ЧАРО НАВРАСОН БА "ДОМ" МЕАФТАНД?


Равоншинос Маҳмадулло Давлатов мегӯяд, агар аз як сӯ таҷовузгарон аз оҷизии кӯдакон барои содир кардани амали нопокашон истифода баранд, аз сӯи дигар ноболиғон бинобар ноогоҳии худ ба доми чунин наврасони ҷиноятпеша меафтанд.

Ба назари Маҳмадулло Давлатов: “Ҷиноятпешаҳо дар ҳолатҳое, нисбати қурбониёни хурдсол амали таҷовузро раво мебинанд, ки ҷойҳои нисбатан камодам ва торик бошад. Дар ин ҳолат ба имдоди онҳо касе расидан наметавонад. Ин чун ҳолати оҷизӣ баҳо дода мешавад. Ё нисбаташон бисёр истинтоқи сахт, фишор ва зӯроварии зиёда мекунанду тарсу ваҳм медиҳанд.”

"КӮДАКОН ДАР ТОҶИКИСТОН БЕДИФОЪ ҲАСТАНД"


Маҳмадулло Давлатов афзуд, ҳарчанд дар бархе аз кишварҳои дигар барои ҳимоя кардани худ дар чунин ҳолатҳо ва ё наафтодан ба доми таҷовузагарон аз роҳҳои махсуси фаҳмондадиҳӣ барои кӯдакон истифода мешавад, дар Тоҷикистон ба ин масъала чандон аҳмияти ҷиддӣ зоҳир намегардад.

Дар ҳамин ҳол Ситора, як мусоҳиби навраси мо мегӯяд, барои рӯ ба рӯ нашудан бо чунин ҳолатҳо, аз баъзе эҳтиёткориҳо аз қабили танҳо сайру гашт накардан дар торикӣ ва истифода аз хабарҳои махсуси СМС-и, ки барои ҳолатҳои фавқулодда пешбинӣ шудаанд, кор мегирад.

НАВРАСОН ЧӢ ГУНА ЭМИН БИМОНАНД?

Маҳмадулло Давлатов, равоншиноси тоҷик бар ин аст, ки дар сурати тарбияи дурусти ҷинсӣ ва рушди баъзе аз хислатҳо аз қабили мустақилият, боҷуръатӣ ва далериву суботкорӣ дар кӯдакон, метавон онҳоро аз таҷовуз ва хушунат шудан эмин нигаҳ дошт.

Бо ин ҳама Нигина Зиёева, нозири қабулгоҳи муваққатии ноболиғони хадамоти пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо ҳадафи пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо ва баланд бурдани сатҳии огоҳии ноболиғон дар мавриди ин ҷиноят, шурӯъ аз моҳи феврал дар куллия макотиби таҳсилоти ҳамагонии пойтахт, семинарҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст.
XS
SM
MD
LG