Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ рӯзи ҷумъа дар Кохи раёсати ҷумҳурӣ дар Санъо -- пойтахти Яман ҳангоми ҳамлаи мушакӣ маҷрӯҳ шуд.
Вай баъд аз 33 соли ҳокимият чанд ҳафта ба тазоҳуроти эътирозии мухолифонаш рӯ ба рӯ буд ва онҳо истеъфои вайро тақозо мекунанд. Ин тазоҳурот вазъро вахим ва ба муноқишаи мусаллаҳона мунҷар шудааст.
Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, “интиқоли нарми қудрат бар манофеи мардум хоҳад буд.”
Хонум Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико низ бори дигар ҳимояти Вашингтон аз созишеро таъйид кард, ки роҳи сулҳомези поёни режими Солеҳро пешбинӣ мекунад.
Хонум Клинтон гуфт: “Возеҳ аст, ман дар ин бора андеша меронам, ки Солеҳ чӣ кор мехоҳад кунад ва мисли он. Вале мо мехоҳем таъкид кунем, ки мо хостори интиқоли сулҳомезу муназзам ҳастем, хостори интиқоли бидуни хушунат, ки мутобиқ бо муқаррароти Қонуни Асосии худи Яман аст. Мавзеъгирии мо тағйир накардааст ва дар оянда низ ҳамин мавзеъгирӣ боқӣ хоҳад монд. Мо фикр мекунем, ки интиқоли фаврӣ беҳтарин суде барои мардуми Яман хоҳад буд.”
Дирӯз мухолифони давлати Яман аз интиқоли қудрат ба Абдураббу
Мансур Ҳодӣ, муовини раиси ҷумҳур ҷонибдорӣ карданд. Вай баъд аз тарки Солеҳ ба таври муваққат раҳбариро бар ӯҳда гирифтааст. Бино ба гузоришҳо, ҳоло оташбаси миёни ҷонибдорони Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ва қабоили мусаллаҳ дар маҷмӯъ риоят мешавад.
Мансур Ҳодӣ, муовини раиси ҷумҳур ба намояндагони Аврупо гуфтааст, ки “саломатии Солеҳ беҳбуд ёфтааст ва вай дар рӯзҳои наздик ба ватан бармегардад.”
Хабаргузориҳо навиштаанд, дар ҷараёни ҷарроҳӣ, пораҳои чӯб аз қафаси синаи вай берун оварда шудааст ва осори сӯхтагӣ дар рӯй ва сандуқи синаи вай муолиҷа шудааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, дар сурати бозгашти Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, вазъ дар Яман дубора шиддат хоҳад ёфт ва мумкин аст даргириҳои нав ба вуқӯъ пайвандад.