Ҳангоми суханронӣ дар расми ёдбуди қурбониёни хушунатҳои соли гузашта, ки дар шаҳри Ӯши Қирғизистон барпо шуд, рӯзи ҷумъа президенти ин кишвар хонум Роза Отунбоева қавмҳои сокини Қирғизистонро ба созишу муросо даъват кард.
Моҳи июни соли гузашта бархӯрдҳои хунин миёни
қирғизҳову узбакҳои муқими ҷануби Қирғизистон ҳаёти камаш 470 нафарро аз байн бурд. Ҳазорҳо нафари дигар ба тарки макони зисти доимиашон маҷбур шуданд.
Отунбоева ба ҳазорҳо сокини Ӯш, ки ин фоҷиаро пушти сар кардаанд, гуфт, Қирғизистон бояд аз ин таҷрибаи талх сабақ гирад:
“Мо чандин аср инҷониб ҳамзистӣ дорем ва ҳамзистӣ хоҳем дошт. Мо дар ғаму хурсандии ҳамдигар шарик ҳастем. Мо бояд имкон надиҳем, ки қаҳру ғазаб пирӯз шавад, мо бояд дар бораи оянда фикр кунем. Роҳе ба ҷуз аз созгорӣ ва таҳаммулпазирӣ нест. Он ҷое, ки таҳаммул ҳаст, саодат ҳам ҷост.”
Чанде пеш аз суханронӣ дар маросими ёдбуд Отунбоева дар шаҳри Ӯш муҷассамаи "Ашки модарон”-ро ифтитоҳ намуд. Дар ин ҳайкал ду зан: яке қирғиз ва дигаре узбак паҳлуи ҳам ба марги фарзандони хеш ашк мерезанд.
Бархӯрдҳои хунини байниқавмӣ, ки соли гузашта дар ҷануби Қирғизистон тӯли як ҳафта идома карданд, ҳаёти камаш 470 нафар: аксаран узбактаборонро аз байн бурдааст. Садҳо ҳазор каси дигар хонаҳояшонро тарк намуданд. Гурӯҳҳои дидбони ҳуқуқи башар Amnesty International ва Human Rights Watch таъкид кардаанд, ки дар ҷараёни таҳқиқи ҳодисаҳои ҷануби Қирғизистон ба ваҷҳи умум намояндагони қавми узбак муҷозот шудаанд. Отунбоева эътироф мекунад, ки чунин камбудӣ ҷо дорад.
Ӯ мегӯяд, ки низоми додгоҳии Ӯш ва умуман, Қирғизистон ба ислоҳот ниёз дорад: “Дар ин рӯзҳо шикояти зиёд аз низоми додгоҳӣ ва ба хусус таҳқиқи ҳодисаҳои соли гузашта, ҷустуҷӯи муттаҳамҳо ва эҳтироми ҳуқуқу тартибот дар шаҳрҳову деҳот ба гӯш мерасад. Мардум ба додгоҳҳо эътимод надорад.”
Хабарнигори Радиои Озодӣ Дейзи Шинделар, ки дар ҷамъомади Ӯш ширкат дошт, мегӯяд, дар маросим аксаран намояндагони қавми қирғиз ҳузур доштанд ва онҳо аз паёми президенти кишварашон зиёд ба ваҷд наомаданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ илова мекунад, ки баъзеҳо шикоят доштанд, ки Отунбоева ба деҳот нарафтаву аз аҳволи мардуме, ки соли гузашта аз хонаву дар маҳрум гаштаанд, огаҳ нашудааст.
Нозирони байналмилалии ҳуқуқи башар мегӯянд, тақрибан 85% мардуми муҷозот шуда узбактаборон ҳастанд, ки бар асари муҳокимаҳои начандон одилона ҷазо гирифтаанд. Аммо Облобек Асанконов масъули дастгоҳи президенти Қирғизистон мегӯяд, дар паи ҳодисаҳои хунини ҷануби Қирғизистон тахминан 5000 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, то ҳанӯз наздик ба 200 нафар муҷозот шудаанд.
Ҳомии ҳуқуқи башар Азиза Абдурасулова мегӯяд, мақомоти Қирғизистон амнияти узбактаборонро кафолат дода наметавонанд ва ҳатто табибону ҳуқуқшиносоне, ки аз узбакҳо дифоъ мекунанд, бо таҳдиди латту кӯб мувоҷеҳ мебошанд.
Татяна Биговская ҳомии ҳуқуқи башар аз шаҳри Бишкек бар ин назар аст, ки мушкили асосии сулҳу созгорӣ дар Қирғизистон дарки муштараки хушунатҳои соли гузашта аст.

Роҳе ба ҷуз аз созгорӣ ва таҳаммулпазирӣ нест. Он ҷое, ки таҳаммул ҳаст, саодат ҳам ҷост...