Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмадҳои хушксолӣ чӣ хоҳад буд?


Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, мизони боришот дар ин кишвар коҳиш ёфтааст.

Ҷамила Байдуллоева, раиси марказ ба Радиои Озодӣ гуфт, меъёри боришот дар водиҳо 16- 20 дарсад будааст ва ин ҳол тайи чанд соли ахир мушоҳида мешавад. Ба қавли ӯ, гармии ҳаво дар аксар манотиқ аз 40 дараҷа поён нарафтааст.

МИЗОНИ БОРИШОТ КАМ ШУДААСТ

Вай афзуд: «Ин мавсим, манзур аз моҳи декабр то моҳи май дар ягон минтақаи Тоҷикистон аз меъёр зиёд боришот ба амал наомад. Аммо то ҳадди наздик ба меъёр дар манотиқи кӯҳистонии вилояти Суғд ва водии Рашт барфу борон буд.»



Хонум Байдуллоева коҳиши боришот дар Тоҷикистонро, ки 93 дарсади қаламравашро кӯҳҳо ташкил мекунанд, ба тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон рабт медиҳад.

МАРДИ ДЕҲҚОН НИГАРОН АСТ

Дар ҳамин ҳол, деҳқонони водиҳо аз камборишӣ ва кӯҳистониҳо аз боришоти зиёд, ки ба ҳосили деҳқонии онҳо, бахусус ғалладона ва сабзавот зарар расондааст, шикоят мекунанд.

Ҳабибулло, як деҳқон аз ноҳияи Зафаробод мегӯяд, хушксолӣ ва камборишии имсол ҳангоми рушди растанӣ ба ҳосили ғалладона низ бетаъсир набуд: «Аз ҷабри хушксолӣ кишти тирамоҳӣ, ҷаву ҷавдона қисман ҳосил дод. Заминҳое, ки оби худрав доштанд, ҳосили хуб доданд. Аммо ҳамонҳое, ки аз канал об мехӯрданд, ҳосили хуб надоданд. Ҳосили паст доданд, 3 - 5 сентнер барои 1 гектараш. Барои он ки борон нашуд.»

ҲОСИЛИ КИШОВАРЗОН ДАР ПАНҶАИ БАРФУ ЖОЛА

Аммо дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Ғончӣ, ки солона то 40 ҳазор тон картошка ба даст меояд, бар асари жола ва боришоти зиёд ҳосил барбод рафтааст. Нуриддин, як сокини ин деҳа мегӯяд, шоху барги картошкаро жола зада, танҳо поя боқӣ мондааст: «Жолаи шадидтарине шуд, ки пирони кӯҳансол ҳатто дар ёд надоранд. Ҳосили заминҳо, ки 350 - 400 гектарро ташкил мекунанд ва умдатан картошка кишт мешавад, тамоман аз даст рафт, талаф ёфт. Ҳатто аз сардарахтиҳо чизе намонд.»

КИШЗОРҲОИ ХАТЛОН ДАР "ТАСАРРУФ"-И МАЛАХ


Як қисми кишоварзони вилояти Хатлон имсол аз ҳамлаи малах хисороти зиёди молӣ диданд, ки то ба ҳол ҳисоб нашудааст. Салим, як сокини ин вилоят аз ноҳияи Қумсангир мегӯяд, як далели афзоиши малах низ хушксолӣ будааст: «Як малах 80 дона тухм мекардааст. Тухмҳо дар даруни хок монда, аввали баҳор боз ба берун мебаромадаанд. Барои он, ки чандин сол ба ин сӯ замин яхро намебинад. Барфе, ки ним ё 1 метр бошад, нест. Замин, ки ях намекунад, тухми малах ҳам намемурад ва зиёд мешавад.»

Бо он вуҷуд, ки аз Тоҷикистон 65% дарсади оби Осиёи Марказӣ ҷорӣ мешавад, ин кишвар, тибқи иттилои расмӣ, танҳо 12 дарсади онро истифода мекунад. Аммо деҳқонон мегӯянд, серобӣ ҳам ба боришот вобаста аст ва бо коҳиши барфу боронгариҳо, об ҳам кам мешавад.

ХУШКСОЛӢ ЧӢ ПАЙМАДЕ ХОҲАД ДОШТ?

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон як ҳайати мутахассисонашро ҷиҳати омӯзиши вазъ ба манотиқи кишвар фиристодааст. Қутфулло Зиёдуллоев, сарвари Раёсати растанипарварии вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи таъсири хушксолӣ ба натиҷаҳои ҳосили соли равон ҳанӯз дақиқан намешавад сӯҳбат кард, аммо ба эҳтимоли зиёд, он бештар ба ҳосили ғалладона таъсир хоҳад кард: «Зироатҳои ғалладонагӣ дар ҳақиқат зарар диданд, бахусус, дар заминҳои лалмӣ. Дар заминҳои обӣ вазъи ғалладона бад нест, аммо дар заминҳои лалмӣ ба сабаби хушксолӣ заминҳо осеб диданд.»

МАВОДИ ҒИЗОӢ ВА АМНИЯТӢ ИҶТИМОӢ

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон соли гузашта эълом дошта буд, ки беш аз 1миллиону 200 ҳазор тонна ғалладона, аз ҷумла 700 ҳазор тонна гандум, ҷамъоварӣ шуд ва дар қиёс бо ибтидои солҳои навадум, 40 дарсад зиёдтар будааст.

Хушксолии соли равон дар ҳолест, ки созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Барномаи озуқаи СММ ба Тоҷикистон ҳушдор додаанд, то дар шароити бӯҳрони маводи ғизоӣ дар ҷаҳон, бештар ба истеҳсолоти дохилӣ такя кунад, зеро коҳиши он метавонад ба ташаннуҷи вазъи сиёсиву иҷтимоӣ мунҷар шавад.
XS
SM
MD
LG