Дар ин мизи гирд Йоаҳим Пфайффер, узви Бундестаки Олмон ва ҳамоҳангсози масоили энергетикӣ, вакилони порлумони Тоҷикистон, иқтисоддонону коршиносон ширкат доштанд.
Ин мизи гирд ба ибтикори Сандуқи Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ ва НАНСМИТ ва ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон баргузор шуд.
Бо вуҷуди он, ки Йоаҳим Пфаффер, узви Бундестаки Олмон барномаҳои энержии Тоҷикистонро хеле ҷолиб арзёбӣ кард,
аммо аз вуҷуди фасоди молӣ дар ин кишвар, ки ба як омили рушд накардани иқтисод мунҷар шудааст, изҳори ташвиш кард. Вай гуфт, ки Олмон бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар иҷрои Барномаи КАСА -1000 низ ҳамкорӣ дорад. Аммо ба гуфтаи вай масъалаи сармоя ва сармоягузорӣ ин чизи дигар аст.
Вай афзуд: «Табиист, ки ҳеҷ як сармоягузор пулашро ба иҷрои коре сарф намекунад, ки оқибаташ норӯшан бошад ва сармояашро баргардонда натавонад. Дар инҷо кафолат ё тазмини давлат ва ё Утоқи бозаргонии Тоҷикистон зарур аст. Сармоягузор бояд донад, ки пули вай дар куҷо масраф мешавад.»
Ба гуфтаи ин вакили Бундестаки Олмон, чунин риск дар Тоҷикистон хеле зиёд аст ва сармоягузор ҳамеша андеша мекунад. Олимҷон Бобокалонов, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон низ ба ин иддао мувофиқ аст ва омили дигарро набудани кадрҳои
ҳирфаӣ дар ин кишвар хонд ва гуфт: «Идораҳои давлатӣ ва бахши тавлидӣ мувофиқи талаб ба кадрҳои ҳирфаӣ таъмин нестанд. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба муҳандисони ҳирфаӣ-менеҷмент ва дигар мутахассисон ниёз дорад.»
Дар ҳамини ҳол ба таъкиди Йоаҳим Пфаффер, Стратегияи Аврупо, ки соли 2007 барои кишварҳои Осиёи Миёна тарҳрезӣ шудааст, барои ҳалли ҳамин мушкилот дар минтақа кӯмак мекунад. Ҷаноби Пфаффер ҳадаф аз ин стратегия ва ё дурнамои Иттиҳоди Аврупоро чунин тавзеҳ дод: «Олмон ва Аврупо бар суботи сиёсӣ дар Осиёи Миёна алоқаманданд ва ҳадафи аслии ин стратегия, мусоидат ба субот дар ин минтақа бо иҷрои барномаҳои мухталиф, ки тавонанд рушди иқтисодро таъмин кунанд, равона шудааст.»
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумони Тоҷикистон дар робита ба ҳадафи ин стратегия назари дигар дорад. Вай мегӯяд: «Бар асоси ин стратегия, Аврупо ба Осиёи Миёна ҳамчун ба як нуктаи бензинфурӯшӣ ва газфурӯшии захиравӣ дар оянда нигоҳ мекунад. Ва Тоҷикистон дар оянда агар тавонад, захираҳои оби худро ба барқ табдил дода даромад ба даст биорад, дар он сурат алоқамандии Аврупоро мисли газу нафти Узбакистону Туркманистон ба даст хоҳад овард.»
Ба таъкиди ҷаноби Кабирӣ, алоқамандии Ғарб ба Тоҷикистон дар сурате пайдо хоҳад шуд, ки Тоҷикистон иқтисоди воқеии бозориро роҳандозӣ кунаду аз усул ва шеваҳои
фармонфармоӣ дар иқтисоду иҷтимоъ, ки аз замони Шӯравӣ ба мерос гирифтааст, даст кашад. Вай гуфт, ки мо ҳоло ба маънои томаш иқтисоди бозорӣ надорем, балки иқтисоди мо як бозорро мемонад.
Йоҳам Пфаффер, то ҷое ба иддаоҳо мувофиқат кард ва дар сӯҳбат бо РО гуфт, иҷрои барномаҳои умдаи иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки барои ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои дигари минтақа муфид аст, ба пуштибонии Аврупо ва ё Олмон ниёз надорад, балки Тоҷикистонро зарур аст, худаш мухолифат бо Узбакистонро бо роҳи гуфтугӯ ва ё ҷалби Узбакистон дар иҷрои ин барнома ҳал кунад. Дар сурате, ки ин масъала ҳал шуд, кишварҳои Аврупо дар иҷрои ин барнома ба Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард.