Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад!"


Барномаи кӯчонидани мардуми минтақаи канори нерӯгоҳи Роғун ҳанӯз соли 2009-ум оғоз ёфта буд.

Ҳукумат пешбинӣ мекунад, ки дар чорчӯби ин барнома, 4700 оила ва ё тахминан 30 ҳазор нафар сокини 63 деҳаи Роғуну Нуробод ба Данғара, Турсунзода ва Дарбанд муҳоҷир хоҳанд шуд. Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, тибқи гузоришҳои расмӣ, соли 2009 шаш сад оила ва соли 2010 як ҳазор оила ба ҷои нави зист кӯч бастанд. Аммо дар гузоришҳои расмӣ зикр нашудааст, ки баъзе оилаҳо ва ба хусус афроди солхӯрдаи ин оилаҳо фақат дар асноди расмӣ кӯчидаанд , вале дар амал дар ҳамон деҳоти худ ба сар мебаранд.

"ПИРОНСОЛОН РАФТАН НАМЕХОҲАНД"

Ба гуфтаи Таҳмина Ҷӯраева, ҳамоҳангсози Барномаи мониторинги кӯчондани сокинон аз минтақаи обанбори Роғун дар Бюрои ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, бархе аз сокинони ин деҳот ба хусус пиронсолон хоҳиши кӯч бастанро надоранд, вале аксари сокинони ҷавон баръакс мехоҳанд ҳар чӣ зудтар ин минтақаро тарк кунанд.
Ба шарте, ки давлат амволи онҳоро дубора ба ҳисоб гирад ва ба онҳо пули муносиб бидиҳад, то дар маҳалли нав битавонанд манзил бунёд кунанд.



Таҳмина Ҷураева дар сӯҳбат бо РО дар ин бора гуфт: «Мушкили якум дар ҳисоби моликияти ин мардум аз сӯи давлат аст, ки ба гуфтаи онҳо маблағи ҳисобшуда хеле кам аст ва дигар хости мардум ин аст, ки давлат бояд пули онҳоро якбора бидиҳад, то раванди хонасозии онҳо дар ҷойи нав ба таъхир науфтад. Ҳоло ин ҷубронпулӣ дар се марҳила аз 30 то 40 дар сад дода мешавад.»

ХОСТАҲОИ МАРДУМ ЧИСТ?

Бархе аз сокинони деҳоти Нуробод ва Роғун низ ба ин нукта таъкид доранд ва онҳо омодаанд, ки ба хотири ҳар чӣ зудтар сохта шудани нерӯгоҳи Роғун, аз ин ҷо кӯч банданд. Барои мисол Давлатой Даҳмардаева, сокини деҳаи Сичароғ ва раиси ҷамоати ин русто дар гуфтугӯ бо РО гуфт: «Дар мавриди кӯчбандӣ дар ин деҳа мушкиле нест, ҳама мехоҳанд ба хотири сохтмони ин нерӯгоҳ ҳар чӣ тезтар кӯч банданд. Хостаи мардум он аст, ки то ҳуқуқҳои онҳо дар ин замина нақз нашавад.»

МАҚОМОТ: "ҲАМА ЧОРАҲО АНДЕШИДА ШУДААСТ"

Додарҷон Ҷобиров, масъули бахши кӯчбандӣ аз ҳавзаи обанбори Роғун дар ноҳияи Нурообод, дар гуфтугӯ бо РО афзуд, ки ҳукумат тамоми чораҳоро ба манзури кӯч додани сокинони ин минтақа андешидааст. Ба гуфтаи вай аз соли 2009 то ба ин сӯ ҳудуди 700 хонавода ба минтақаҳои амн, ба хусус ноҳияҳои Данғараи вилояти Хатлон, Рӯдакӣ ва Турсунзода кӯчонда шудааст.

Ҷаноби Ҷобиров мегӯяд: «Ба ҳисоби миёна қимати хона ва амволи мардум аз 120-130 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва дар бархе аз маврид то 200 ҳазор сомонӣ мерасад. Ин маблағҳоро мо марҳила ба марҳила пардохт мекунем. Дар ҳудуди 30-40 дар сад дар марҳилаи аввал. Ҳамин, ки хонасозӣ шурӯъ шуду як қисми кор анҷом шуд, маблағи боқимондаро пардохт мекунем.»

Ба таъкиди ҷаноби Ҷобиров, дар ҳоли ҳозир дар ноҳияи Рӯдакӣ 4 маҳаллаи нав бунёд шудааст ва мардум хонасозиро идома медиҳанд ва онҳо бо оби нӯшокӣ таъмин шудаанд. Вай афзуд, сохтмони 170 хонаи истиқоматӣ дар ноҳияи Данғара ҷараён дорад ва мардуми минтақаи ҳавзаи обанбор дар бораи раванди кӯчидан ҳама иттилоотро дар даст доранд ва ҳеҷ кас аз кӯчбандӣ норозӣ нест.

РАВАНДИ НОРӮШАНИ КӮЧБАНДӢ

Аммо Таҳмина Ҷӯраева, ҳамоҳангсози Барномаи мониторинги кӯчбандӣ аз ҳавзаи обанбори Роғун дар Бюрои ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар ин бора назари дигар дорад. Вай мегӯяд: «Мардум дар сӯҳбатҳо ба мо мегӯянд, ки дар бораи раванди кӯч бастан иттилоъ надоранд, ки ба куҷо ва кай мекӯчанд ва чӣ миқдор кумакпулӣ мегиранд.»

Ба гуфтаи Таҳмина Ҷӯраева, дар ин раванд бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ нақзи ҳуқуқи инсон мушоҳида мешавад ва давлатро зарур аст, бо мардум дар ин бора гуфтугӯ кунанд ва талаби мардумро дар бахши пардохти ҷубронпулӣ ва миқдори он қонеъ гардонанд. Барои мисол барои кӯчондани мардум шароити фаннӣ, яъне мошин барои интиқоли амволи онҳо фароҳам кунанд. Бидуни ин ҳама мушкилӣ аксарияти мардуми Нуробод ва Роғун ба хотири сохтмони нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун омодаанд, фардо кӯч банданд.

ИРОДАИ ҚАВИИ ҲУКУМАТ ДАР СОХТМОНИ РОҒУН

Зимнан, кӯч додани сокинони манотиқи таҳти обанбори Роғун ҳанӯз дар замони шӯравӣ, тарҳрезӣ шуда буд. Он замон низ ба хотири зери об мондани манзили сокинон сару садоҳое баланд гардида буд, ки дар ниҳоят сохтмони нерӯгоҳ ба таъвиқ афтод.

Ҳамакнун, ки ҳукумат бо иродаи қавӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ мехоҳад ин нерӯгоҳро бисозад, бештари соҳибназарон бар инанд, ки бояд хостаи мардумро бароварда шаванд, то дубора ин сохтмон ба таъвиқ наафтад. Ба ибораи дигар «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад!».
XS
SM
MD
LG