Ин тасмим ба ибтикори Хадамоти зидиинҳисории давлати Тоҷикистон сурат гирифтааст. Дар ҳоле, ки бархе аз тоҷирон ва коршиносон амалӣ шудани ин иқдоми давлатро ғайриимкон ва ба нафъи рушди бозори озоди иқтисод намедонанд.
"БОЗОР ОЗОД АСТ, ВАЛЕ АНАРХИЯ НАБОЯД..."
Маркази бозори озоди Тоҷикистон, як ниҳоди мустақил дар ин кишвар мухолифи таъйини нархҳо аз сӯи давлат аст, дар ин маврид бо ҳузури мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва иҷтимоӣ ва иқтисоддонон мизи гирдеро баргузор кард.
Акбар Хоҷаев, аз Хадамоти зидиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки танзими нархҳо дар ҳама давлатҳо вуҷуд дорад ва дар шароити феълӣ низ танзими нархҳо муассир аст ва ба суботи бозор таъсире нахоҳад гузошт. Вай гуфт: «Қонун танзими нархро пешбинӣ кардааст. Масалан дар Қазоқистон ба наздикӣ дар ин бора қарори давлат қабул шуд. Мо тарафдори бозори озодем ва намехоҳем, ки нархҳо танзим шавад. Вале дар бозор ба анархия низ роҳ додан мумкин нест. Мо танҳо дар доираи иловапулии савдо мехоҳем нархро танзим кунем ва аз беасос боло бурдани он ҷилавгирӣ кунем.»
НАРХҲО ТАНЗИМ МЕШАВАНД
Ба ин тартиб ҳукумат бо рӯи даст гирифтани танзими нархи бархе аз маводи мавриди ниёзи аввалияи мардум, мехоҳад ки барои мисол нархи як кило гӯшт, аз 23 сомонӣ боло дар бозорҳо фурӯхта нашавад. Аммо бо ин ҳам то ҳол ин нархнома аз сӯи Хадамоти зидиинҳисории Ҳукумат эълом нашудааст. Зеро ба гуфтаи масъулони Хадамот, ин тарҳ дар ҳоли ҳамоҳанг кардан бо дигар идороти давлатӣ қарор дорад. Бо ин ҳам интизор меравад, ки нархи бензин, газ, сӯхти дизелӣ, орд, қанд ва равған таъин ва танзим шавад.
ТОҶИРОН МУХОЛИФИ ИҚДОМИ ҲУКУМАТ
Аммо Некрой Забиров, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассотсиатсияи тоҷирон ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ба танзими нарх мухолиф аст ва ба эътиқоди вай танзими нарх ба камбуди колое, ки нархаш танзимшудааст, мунҷар хоҳад шуд ва низоми бозори иқтисодиро ба ҳам мезанад. Вай гуфт, танзими нарх аз сӯи давлат дар сурате судманд аст, ки давлат тавонад дар воридоти он коло ё тавлидоташ субсидия кунад.
Ҷаноби Забиров афзуд: «Дар ҳама мамлакатҳо вақте, ки нархро таъин мекунанд, фарқияти нархи чакана дар бозорро давлат ба тоҷирон медиҳад. Яъне давлат маҷбур мекунад, ки аз ин нарх зиёд нафурӯш ва фарқияти онро ман ба ту медиҳам. Ҳоло ки давлати мо ин тавонро надорад, чӣ тавр метавонад нархро танзим кунад.»
Ба таъкиди ҷаноби Забиров ин иқдоми давлат агар сурат гирад ҷузъ мардумфиребӣ чизи дигаре нест.
"ТАНЗИМИ НАРХҲО БА НАФЪИ МАРДУМ АСТ."
Аммо профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, танзими нархи баъзе колоҳо аз сӯи давлат дар муддати муайянро ба нафъи мардум ва танзими бозор медонад.
Вай афзуд: «Танзими нарх дар муддати як-ду моҳ барои он аст, ки дар Тоҷикистон дар қатори омилҳои обективӣ, омилҳои субективӣ, яъне ба хости тоҷир боло бурдани нарх вуҷуд дорад ва мутаассифона омили субективӣ дар бозори озоди Тоҷикистон нақши асосӣ дорад.»
Акабар Хоҷаев, аз Хадамоти зидиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон дар ин баҳс низ ба нақши омилҳои субективӣ дар бозор таъкид кард ва гуфт, ки талоши давлат дар робита ба танзими қимати бархе аз колоҳои аҳамияти иҷтимоӣ дошта ҳамин аст. Вай мегӯяд, мо ҷонибдори бозори озод ҳастем, вале давлат бояд нагузорад, ки дар бозор беҳокимиятӣ ё анархия ҳукумфармо бошад.
ШАҲРВАНДОН ЧӢ НАЗАР ДОРАНД?
Бо дар назар гирифтани ин баҳсу мунозираҳо дар мавриди танзими нарх таваҷҷӯҳ кунед ба назари чанд тан аз сокинони пойтахт:
«Агар давлат нархро таъин кунаду тавонад онро назорат кунад, арзонӣ мешавад. Агар давлат бензинро арзон кунад, нархи дигар колоҳо поин меравад.»
«Бозор озод аст. Ҳиҷ кас, ҳатто давлат наметавонад онро контрол ё танзим кунад. Кӯшиши танзими нарх дар бозор кори бефоида ва бенатиҷа аст. Барои он, ки мо бензин надорем ва онро аз берун мехарем.»
«Бале, бозор озод аст, як тоҷир молро бо хароҷоташ ворид мекунад. Мехоҳад нафъи молӣ ба даст биорад. Давлат чӣ хел метавонад, тоҷирро маҷбур кунад, ки моли гарон овардаи худро арзон фурӯшад. Давлат бояд ба ҷои танзими нарх истеҳсолот ва тавлидотро зиёд кунад. Дар он сурат ба танзими нарх ҳоҷавт намемонад.»
АҲАМИЯТИ ИҶТИМОИИ ТАНЗИМИ НАРХҲО
Баҳси ин мизи гирд ба он хулоса шуд, ки давлат дар танзими бозору таъини нарх дар сурате муваффақ хоҳад шуд, ки дар мавриди колоҳои нархашро танзимкарда ба ширкатҳои воридкунанда ҷубронпулӣ пардохт кунад ва ё пардохти гумрукӣ ва молиётро коҳиш диҳад.
Зимнан, талошҳои ҳукумат барои танзими нархи барзе аз колоҳои аҳамияти иҷтимоӣ дошта дар пайи боло рафтани қиматҳо дар бозор, ба хусус нархи маводи сӯхт сурат мегирад. Зеро аз назари масъулони давлатӣ ин таҳаввул, яъне болоравии қиматҳо мояи нигаронии мардум ва давлат шудааст.