Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиёз барои духтарони довталаб


Донишкадаи тарбияи ҷисмониии Тоҷикистон барои духтарони довталаб имтиёзотеро дар назар гирифтааст.

Ба гуфати роҳбарияти ин донишкада, имтиёзи дохилшавӣ барои духтарон, ҳатто болотар аз имтиёзи довталабони варзишгар аст.

Камтаваҷҷӯҳии духтарон ба донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ

Аммо сарфи назар аз ин пешниҳод ва дастгириву шароити мусоиди таълим нисбат ба дигар мактабҳои олии Тоҷикистон, ҳамоно таваҷҷӯҳи духтарон ба ягона донишкадаи варзишии ин кишвар камранг аст.

Мирзосафар Шамсиддинов, ёвари ректори донишкадаи мазкур дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки солҳои охир бо ҳадафи ҷалби духтарон ба таҳсил ба ин даргоҳ гурӯҳҳои вижа таъсис дода шуда ва ба минтақаҳо фиристода мешаванд. Аммо ҷалби духтарон аз минтақаҳо ҳамоно мушкил аст.

Ба гуфтаи Мирзосафар Шамсиддинов, бо вуҷуди он, ки сол то сол теъдоди донишҷӯёни ин даргоҳ аз сафи ҷавонписарон ва варзишгарон зиёд мешавад, аммо нисбат ба солҳои шӯравӣ теъдоди донишҷӯдухтарон кам аст: «Мо дар қатори дастгирии донишҷӯён бахусус духтарон, ҳамчунин 6 намуди идрорпулӣ дорем, ки ҳар моҳ бо назардошти сатҳи малака ва такмили маҳорати варзишӣ ва дарсӣ дар ҷараёни таълим таъмин карда мешаванд.»

Ин дар ҳолест, ки ҳоло беш аз 1000 донишҷӯ дар ин Донишкада таҳсил мекунад, ки 96 нафари онҳо духтарон мебошанд. Иштирокчиёни мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ Мавзуна Чориева, Надима Мирзоева ва чанде дигарон дар инҷо таҳсил доранд. Дар донишкада ба ғайр аз фаннҳои ихтисосии варзишӣ, ҳамчунин илмҳои ҷамъиятӣ ҳам таълим дода мешавад. Аммо, суоли матраҳ низ ин аст, ки чаро духтарон аз имтиёз ва шароити қобили дастрас аз ин даргоҳ истифода намекунанд?.

Ноогоҳи духтарон аз шароит ва имтиёзи донишкада

Шабнам, ки ҳоло довталаби ин донишкада аст мегӯяд, ки 4 сол боз нияти донишҷӯ шудан дорад, аммо сарфи назар аз омодагии ҳар солааш, бидуни ба истилоҳ «тағо» шарафи донишҷӯӣ насибаш намешавад. Бо ин ҳам вай тасмим дорад, ки имсол донишҷӯи донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ шавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шабнам бо он, ки дохил шудан ба донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ шарту шароити муносиб ва имтиёз дорад, аммо бародаронаш зиди таҳсили ӯ дар ин даргоҳ ҳастанд: «Фикр мекунам, ки духтарон дар бораи ин донишкада ва варзиш иттилои кам доранд. Масалан ман баъди рафтану дидан, ҳавас пайдо кардам. Шояд духтарон тарбияи ҷисмонӣ гуфта ҳамин варзиши танҳоро дар назар доранд.»

Дар замони шӯравӣ донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар тайёр кардани кадрҳои соҳаи варзиш, ба хусус духтарону занон пешсаф буд, аммо ҳоло ба мушкили таҳсили духтарон рӯ ба рӯ шудааст.

Варзиш ва духтарон дар сояи хурофот

Сафарбек Кабиров, хабарнигори ҷавон бар ин назар аст, ки иллати камрангии ҳузури духтарон дар донишкадаи мазкур, ба фарҳанг, ахлоқ ва шароити ҷомеа бастагӣ дорад. Ба боварии ҳамсӯҳбатам, дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон мардон чандон хуш надоранд, ки ҳамсар ё хоҳари онҳо таҳсилкардаи соҳае бошад, ки дар он назокатҳои занона ба қувваозмоӣ табдил шавад: «Аксари мардон бар ин назаранд, ки занон вақте ба варзиш дода мешаванд, хислати мардона мегиранд. Сатҳи фаҳмиш ва дарк, ки дар ҷомеа паст аст, дигар авлавиятро ба муҳим будани варзиш, кафили саломатӣ, намедиҳанд. Духтарон ҳам аз ҳамин сабаб, ки нигоҳи мардон ба онҳо манфӣ мешавад, ба соҳоти варзиш ҳавасманд намешаванд.»

Дар ҳоле, ки мардон аз варзишгар будан ё шудани занон ҳазар доранд, аммо дар аксарияти хонаводаҳо занон иҷрокунандаи корҳои вазнин ҳастанд. Далели ин, дар деҳот занон дар баробари тарбияи фарзанд, кори сангини саҳроро бар дӯш доранд, аммо боре нашудааст ки ҷамъияти мардон аз табдилшавии хислатҳои онҳо садо баланд кунанд. Вале, чаро аз ихтисосҳои варзишӣ, ба истилоҳ мардон парҳез доранд.

Ин дар ҳолест, ки Давлатхӯҷаи Назар, пажӯҳишгари умури дин бар ин назар аст, ки ислом варзиш ва соҳаи варзишро барои занон манъ накардааст. Ҳатто ба таъкиди ҷаноби Назар, ҳадисе аз пайёмбари ислом аст, ки падар ба духтарон бояд, ки камонварӣ, аспдавонӣ ва шиновариро биомӯзад.

Ҷаноби Назар ба ин бовар аст, ки иллати бетаваҷҷӯҳии занон ба варзиш ва тахассусҳои варзишӣ, дар рушд наёфтани фарҳанги варзиш, иштироки теъдоди ночизи онҳо дар майдонҳои варзишӣ ва аз таълиму тарбия дур шудани ҷомеа аст.

Ҳамсӯҳбатам мегӯяд, ки варзиш ҳам мисли дигар ихтисосҳо муҳим аст ва муҳимтар аз ҳама табиби саломатии ҳар як инсон аст. Аз ин рӯ набояд, ки дар самти таҳсил ба ин ё он соҳаи касбӣ бартарӣ дод.

«Ислом варзиши занонро иҷоза додааст.»

Зубайдулло Розиқ, донишманди улуми исломӣ мегӯяд, ки ислом ҳама намуди таҳсили илмро барои занон иҷоза додааст. Агар донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ барои духтарон шароити муносиби занонаро дар такя ба арзишҳои суннатӣ ба роҳ монад, шонси хуб ва ғолибшаванда аст барои ҷалби духтарон.

Ҷаноби Розиқ мегӯяд, ки замони шӯравӣ, низоми атеистӣ берун аз фарҳанг ва суннати мо ҷорӣ буд ва хонаводаҳо ҳам дар зери сояи он низом духтарони худро тарбия медонанд, аммо ҳоло низом дигар аст ва хонаводаҳо ҳам аз зовияи фарҳанги суннатӣ ва ислом иқдом мегиранд: «Ислом ба тахассусҳои варзиш, техникӣ, ҳунари умуман ҳар ихтисосе набошад иҷоза додааст. Иллати ин аз низом аст. Агар дар донишкада барои як духтари мазҳабӣ ё суннатӣ шароит муҳайё бошад, чаро намеравад, меравад..»

Зубайдулло Розиқ мегӯяд, аз он, ки солона даҳҳо духтарон дар чорсӯи зиндагӣ иродаи худро идора карда наметавонанд даст ба худкӯшӣ ва корҳои дигари манфӣ мезананд, беҳтар он аст, ки дар сурати ҷорӣ шудани шароити хос барои хонумон, онҳо дар чунин муассисаҳои варзишӣ таҳсил кунанд.

Шабнам, ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки соли гузашта баъди дохил нашуданаш ба Донишгоҳи миллӣ қасди худкӯшӣ карда буд. Аммо ҳоло ба оянда хушбин шудааст ва баъди пирӯз нашудан дар донишгоҳи дигар, роҳи донишкадаи тарбияи ҷисмониро пеш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG