Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баландпарвозиҳои як филми тоҷикӣ


Филми «Қиёми рӯз»-и коргардон Носир Саидов ба 8-умин фестивали байнулмилалии филмҳо - «Зардолуи заррин» даъват шудааст.

Сусанна Харутунян, мудири эҷодии фестивал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин озмун, ки дар шаҳри Еревани Арманистон аз 10 то 17 июл баргузор мешавад, барои ширкат ҳудуди 630 дархост аз 81 кишвари ҷаҳон ворид шуда буд ва аз ин теъдод 150 дархост аз 45 кишвар қабул шудаанд, ки яке филми коргардони тоҷик аст.

БАЛАНДПАРВОЗИҲОИ ЯК ФИЛМИ ТОҶИКӢ

Хонум Харутунян афзуд: «Барои мо дидани ин филмҳо хеле аҷиб аст, зеро 20 сол аст, ки мо аз фазои ягонаи
Сусанна Харутунян, мудири эҷодии фестивал

фарҳангиамон берун шудаем. Барои мо фаҳмидани он, ки дар кишварҳои собиқ шӯравӣ чӣ филмҳо омода мешаванд, муҳим аст. Аз ин хотир, барои ман дидани ин филми тоҷикӣ, ки раванди ҳодисоти минтақаи моро хеле рӯшан инъикос мекунад, хеле аҷиб аст.»

Хонум Харутунян афзуд, аммо то ба ҳол намояндае, ки барои муаррифии «Қиёми рӯз» бояд ояд, ба Арманистон наомадааст.

Дар тамос бо Радиои «Озодӣ» Носир Саидов, коргардони филм гуфт, барои муаррифии «Қиёми рӯз» Сафари Ҳақдод, муаллифи сенарияи филм, ба Ереван хоҳад рафт. Қиссаи ба «Зардолуи заррин» рафтани «Қиёми рӯз»-ро оқои Саидов ин гуна ба миён гузошт: «Қаблан ба фестивали Кеши Эрон рафта будем. Он ҷо арманҳо ҳам ширкат мекарданд. Дар ин фестивал мо ду ҷоиза гирифтем, яке коргардони беҳтарин ва дигаре ҷоизаи Фирдавсӣ. Хеле аз ин ҷоизаи Фирдавсӣ хурсанд шудам, зеро онро барои таблиғи форсизабонон дар ҷаҳон доданд. Арманҳо ҳамон вақт филмро «таги чашм» карда буданд. Баъд моҳи сентябр насиб кунад ба фестивали Гурҷистон, ки дар шаҳри Батуми мешавад, меравем. Онҳо ҳам дар Кеш филмро дида буданд. Барои интихоб равон карда будем. Гуфтанд, ки гузашт.»

СИНАМОИ ТОҶИК ҶАҲОНӢ МЕШАВАД?

«Қиёми рӯз» аввалин филми истеҳсоли Тоҷикистон аст, ки то ба ҳол 11 ҷоизаи байнулмилалиро соҳиб шудааст. Ахиран филми «Худкуш»-и Рустам Шоазимов, коргардони дигари тоҷик низ дар як фестивали филмҳо дар Амрико соҳиби се ҷоиза шуд.



Оё мешавад гуфт, ки санъати синамои Тоҷикистон рушд мекунад ва роҳаш ба сӯи ҳамоишҳои байнулмилалӣ ҳамвор шудааст?

Носир Саидов мегӯяд, барои як миллат, бахусус тоҷикон, ки зарфиятҳои бузурги фарҳангӣ ва чизе барои нишон додан ба ҷаҳониён доранд, ин дастовардҳо кифоят намекунанд. Вай афзуд, солона дар Эрон даҳҳо филми сатҳи байнулмилал таҳия мешаванд ва ҳамин фестивали «Зардолуи заррин»-ро низ филми коргардони эронӣ Киёрустамӣ ҳусни оғоз мебахшад.

Оқои Саидов гуфт, ширкат дар фестивалҳо барои коргардонҳои тоҷик на фақат барои муаррифӣ ва ҷоизаҳо, балки барои он низ муҳим аст, ки бо бунёдҳои синамоӣ робита барқарор намуда, дар хориҷа низ маблағ пайдо кунанд: «Аммо тамоми бунёдҳои синамоӣ ва хориҷиҳое, ки мехоҳанд ва агар мо ҳам хоҳем, ки дар филми нав сармоягузорӣ кунанд, бояд якчанд дарсади буҷаро ҷониби мо дошта бошад. Баъд бақияи маблағро онҳо ба мо медиҳанд. Агар мо пул талаб кунем, онҳо дарҳол мепурсанд, худи шумо, ки барои ватану миллататон филм мегиред, чӣ қадар пул доред?»

ОЁ МОНЕА ФАҚАТ НАБУДАНИ МАБЛАҒ АСТ?

Аммо Носир Саидов мегӯяд, мушкили синамои Тоҷикистон қабл аз ҳама сенарияи хуб ва коргардони дуввуму кӯмакрасонҳои эҷодии филм аст. Вай афзуд, дар Тоҷикистон ҳамчунин ихтисосҳоро таълим намедиҳанд, аз ин хотир, ҳатто мавҷудияти маблағ ҳанӯз маънои ба миён омадани филми хубро надорад. Вай афзуд, бо як филме, ки тайи чанд сол таҳия мешавад, чанд соли дигар ҳам фестивал ба фестивал гаштан мумкин аст, аммо синамои миллиро ин тавр намешавад инкишоф дод.
XS
SM
MD
LG