Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қимати транзити Узбакистон барои Тоҷикистон


Узбакистон нархи тронзити коло ва убуру мурури нақлиёт аз марзи худ барои Тоҷикистонро 15 дар сад боло бурдааст.

Хабаргузории «Оламюз» - и Узбакистон аз қавли давлати ин кишвар навиштааст, ки қимати убуру мурури марз ва тронзити коло тавассути нақлиёт аз 230 доллар то ва 265 доллар афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи давлати Узбакистон қимати убуру мурури марзи ин кишвар тавассути воситаҳои

нақлиётии Тоҷикистон аз 103 ба 118 доллар расидааст. Ин дар ҳолест, ки қимати роҳкирои воситаҳои нақлиётие, ки аз Туркманистон тариқи Узбакистон ба Тоҷикистон меоянд, бетаъйир боқӣ мондааст.

Ин иқдоми Узбакистон ба транзити коло аз тариқи роҳи оҳан робитае надорад. Фаррух Фахриддинова, раиси раёсати нақлиёти рӯи заминии вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ин иқдоми Тошканд изҳори таассуф кард ва гуфт, ки болобарии нархи таъруфаҳо бевосита ба қимати колоҳо дар бозорҳои Тоҷикистон таъсисри манфӣ мерасонад. Ҷаноби Фахриддинов мегӯяд: «Боло бурдани таъруфаҳо аз иродаи сиёсии ҳар як давлат вобаста аст ва ин иқдоми сиёсии давлати Узбакистон аст.»



Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров низ ба ҳамин назар аст. Ба гуфтаи вай, ин иқдоми Узбакистон ба таҳаввулоти ахир дар атрофи иддаъоҳои Узбакистон дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва зиёни эҳтимолии корхонаи ТАЛКО ба минтақа гиреҳ хӯрдааст. Профессор Умаров гуфт: «Ин
Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров

иқдоми сиёсии Узбакистон аст ва ин иқдом ба мухолифати Узбакистон ба иҷрои барномаҳои энержии Тоҷикистон рабт дорад ва ман гумон дорам, ки ин фишоровариҳои Тошканд дар ин замина дар оянда низ боқӣ хоҳад монд.»

Дар хабари расмии давлати Узбакистон дар мавриди болоравии таруфаҳо гуфта шудааст, ки нархи роҳкирои воситаҳои нақлиётии аз Туркманистон ба Тоҷикистон воридшаванда бетағир боқӣ мондааст.

Профессор Умаров ин иқдоми Узбакистонро чунин тавзеҳ дод: «Аз тариқи Туркманистон ба Тоҷикистон колоҳо аз Эрон, Туркия ва Ҳинд ворид мешавад ва Тошканд намехоҳад дар транзити коло ба ширкатҳои ин кишварҳо монеа иҷод кунаду эътибори худро аз даст диҳад. Аз сӯи дигар Узбакистон талош дорад, гази худро ба ин кишварҳо аз тариқи Туркманистон бифурӯшад. Ба ин далел қимати ин роҳро бетағйир мондааст. Аммо Узбакистон намехоҳад, ки муносибати Русия ва Қазоқистон бо Тоҷикистон хуб шавад. Дар навбати худ ин ду кишвар бо дар назар гирифтани мавқеи географии Узбакистон, ки манфиати стратегӣ дорад, назари Узбакистонро нодида намегиранд.»

Ба эътиқоди профессор Умаров, ба ҳамин далел Узбакистон бо ҳар роҳу васила фишор меорад ва талошӣ дорад ҳар чӣ бештар норизоиятии мардум нисбати ба сиёсати давлати Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин дар ҳолест, ки дар ин яку ним соли ахир ин барои чаҳорумин бор аст, ки Узбакистон таруфаҳои убуру мурур дар марзашро барои нақлиёти бор бар ва мусофирбари Тоҷикистон боло мебарад.

Ба таъкиди коршиносон, ин болобарӣ дар замоне сурат мегирад, ки ба дунболи болоравии қимати сӯхт дар Тоҷикистон, қимати куллияи коло дар бозорҳои дохилӣ боло рафтааст ва амнияти озуқаи Тоҷикистон ва иҷрои барномаҳои иҷтимоии давлатро зери суол бурдааст.
XS
SM
MD
LG