Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи фалокатбор дар Новосибирски Русия


Бар асари садамаи нақлиётӣ дар вилояти Новосибирски Русия 5 нафар, аз ҷумла, ду кӯдак ба ҳалокат расиданд.

Дар ин ҳодиса 19 нафар маҷрӯҳ шуда ва 11 нафар ба бемористони шаҳри Томск интиқол ёфтанд. Табибон вазъи шаш нафарро сангин арзёбӣ мекунанд.

Ба иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, шаби гузашта дар як шоҳроҳи вилояти Новосибирск, автобуси мусофирбар ва мошини КамАЗ ба ҳам бархӯрданд. Баъд аз садама автобус оташ гирифт.

Автобус аз шаҳри Семипалатински Қазоқистон сӯи шаҳри Томск ҳаракат мекард.

Навбатдори бахши вилоятии вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар Томск ба бахши тоҷикии РО гуфт, ки дар садамаи нақлиётӣ, шаҳрвандони Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаанд. “Дар рӯйхат номи Назаркин Александр Александрович аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон аст, ки дар автобус буд ва ҷароҳат бардоштааст”, хабар дод ӯ.

Зимнан, дар рӯйхати осебдидагон, ки вазорати ҳолатҳои изтирории Русия нашр кардааст, номи Илҳом Урунов, Маҳмуд Ҷӯраев ва Икромҷон Қодиров ҳам сабт шудааст ва аммо ҳуввияти онҳо ҳанӯз маълум нашудааст.

Навбатдор афзуд, ки ному насаби қурбониёни ҳодиса фардо маълум хоҳад шуд, зеро то ҳол фақат як нафари онҳо - духтараки хурдсол шиносоӣ шудаасту халос.

Тафтиши ҳодиса идома дорад. Бар пояи иттилои пешакӣ, садама бо айби ронандаи автобус рух додааст, ки ба роҳи муқобил баромадааст
XS
SM
MD
LG