Ҳоло бо ин ҳукм, ӯ ғайр аз барканории аз раёсати Конфедератсия футболи Осиё, имкон дорад мудирияти умури Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар Қатарро низ аз даст хоҳад дод.
Агарчи мизбонии Қатар дар Ҷоми ҷаҳонӣ ба қуввати худ боқист ва иртиботи мустақим байни ин ду вуҷуд надорад, аммо ба гумони коршиносони футбол, наметавон таъсироти манфии маҳрумияти бин Ҳаммомро бар мизбонии Қатар инкор кард.
Оё иқдоми қотеи ФИФА метавонад ба унвони эҷоди садде дар баробари баландпарвозиҳои қатариҳо дар саҳнаи футболи ҷаҳон тағйир кунад?
Дабири кулли ФИФА дар номае ба ноиби раиси ФИФА навишта буд, бин Ҳаммом, ки тавонист Ҷоми ҷаҳониро ба
кишвараш бибарад, акнун мехоҳад тамоми ФИФА-ро бихарад!
Ноиби ихроҷии ФИФА ҳам бо интиқоди шадид аз Сепп Блаттер, раиси ФИФА гуфта буд, ки ӯ худаш дар ноутбук, прожектор ва маблағи миллион долларӣ ҳадя мекард.
ФИФА дар ҳоле Ибни Ҳаммомро ба иттиҳоми ришва додан ба Конфедератсияи футболи Амрикоӣ Марказӣ маҳрум кард, ки ба эътиқоди ноиби раиси ФИФА, дар ҳамон нишаст Блаттер ба тамоми аъзо ноутбук ва прожектор ҳадя дод.
Ҳоло Блоттер ҳамчунон раиси ФИФА аст аммо Муҳаммад бин Ҳаммом дар пайи нишасти аъзои кумитаи ахлоқии ФИФА, ки ду рӯз ба тӯл анҷомид, бо ин маҳкумияти сангин мувоҷҷеҳ шуд. Ӯ на танҳо ба раёсати ФИФА нарасид, балки курсии раёсати футболи Осиё ва тамоми мақомҳои дигарашро ҳам аз даст дод. Аъзои ин кумита бо иттифоқи оро ба ин натиҷа расиданд, ки раиси қатарии Конфедератсияи футболи Осиё дар пардохти ришва гунаҳкор будааст.
Ибни Ҳаммом дар остонаи эъломи раъйи ниҳоии парвандааш гуфта буд, интизор надорад бо ӯ одилона бархӯрд шавад.
Ӯ дар вебсайти шахсиаш навишта буд, агар ман муҷрим шинохта шавам, касе набояд тааҷҷуб кунад.
Ибни Ҳаммом пеш аз ин узви Кумитаи иҷроии Конфедератсияи ҷаҳонии футбол ва раиси Конфедератсияи футболи Осиё буд, дар шаш ҳафтаи охир ноумедона чашм интизори раъйи ниҳоии кумитаи ахлоқии Конфедератсияи ҷаҳонии футбол буд.
Аз нигоҳи ФИФА, ӯ қасд дошт раъйи онҳоро барои интихобаш ба унвони раиси ояндаи Федератсияи ҷаҳонии футбол харидорӣ кунад.
ВОКУНИШИ РАИСИ МУВАҚҚАТИ AFC
Конфедератсияи футболи Осиё дар сайти расмии худ ба ибрози мавзеъ перомуни ин моҷаро пардохтааст. Мавзеи нармхӯёна аз сӯи зердастони собиқи ибни Ҳаммом, ки дар матни он ҳеҷ гуна вокуниши манфӣ нисбат ба тасмими ФИФА дида намешавад.
Дар ин гузориш бо, ки бо имзои ноиби раиси
Конфедератсияи футболи Осиё омадааст, шанбе рӯзи ғамангезе барои Конфедератсияи футболи Осиё буд.
Ӯ дар айни ҳол таъкид кардааст, ки ба тасмими ФИФА эҳтиром мегузорад. Онҳо Муҳаммад бин Ҳамомро огаҳ карданд, ки ҳаққи дархости таҷдиди назар дар бораи раъйи содиршударо дорад.
Масъули кунунии ин Конфедератсия хитоб ба хонаводаи бузурги футболи Осиё гуфтааст: «Мехоҳем ҳама тарафдорон, конфедератсияҳои футбол, дастаҳо, бозикунон ва шарикони тиҷории худро мутмаин кунем, ки кумитаи иҷроии AFC бо иттиҳод дунболи рафъи мушкилот аст ва талош мекунад суръати пешрафти футбол дар Осиёро ҳифз кунад.»
Ин конфедератсия муддаи шудааст, ки футбол дар Осиё беҳтар ва қавитар хоҳад шуд ва мо раванди ҳаракати барномаҳоро ҳифз хоҳем кард.
Ноиби раиси конфедератсияи футболи Осиё гуфтааст, ман ба унвони раиси муваққати футболи Осиё ба аҳамияти ҳидояти қудратманди футбол ва ҳамкорӣ бо федератсияҳо эътиқод дорад то фазое аз эътимод ва умедро ба вуҷуд оварем.